Ҷаласаи аввалин Шӯрои занон ва духтарони ДДТХ баргузор гардид
Санаи 15 сентябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аввалин ҷаласаи Шӯрои занон ва духтарон баргузор гардид, ки дар кори он ҳамаи занони донишгоҳ ва донишҷӯдухтарони фаъол иштирок намуданд.
Сараввал, Раиси Шӯрои занон ва духтарон, н.и.х., дотсенти кафедраи химия ва биологияи тиббӣ Усмонова У.Х. ҳозиронро бо баргузории аввалин Шӯро табрик намуданд. Баъдан, масъалаҳои асосии Шӯро дида баромада шуд. Қайд карда мешавад, ки ба Шӯрои занон ва духтарони ДДТХ ҳамаи кормандон - занони донишгоҳ аз қабили; Усмонова Умеда Хуршедовна, Қузибаева Наима Конбобоевна, Должикова Валентина Андреевна, Сайфидинова Фируза Алидодовна, Шарипова Ҳилола Якубовна, Мамадалиева Сабоҳат Абдураҳмоновна, Саидова Моҳшариф Раҳмоновна, Наботова Оламбӣ Зайниддиновна, Мамадавлатова Меҳрӣ Сафаралиевна, Набиева Азиза Набиевна интихоб карда шуданд.
Дар ҷаласа раиси духтарони ДДТХ донишҷӯи факултети тиббӣ, аз гурӯҳи 9 Баҳовудинова Шоиста ва раиси духтарони хобгоҳи ДДТХ донишҷӯи факултети педиатрӣ, аз гурӯҳи 9 Нилуфари Алишер интихоб гардиданд.
Аз ҷониби раиси Шӯро мазмуну муҳтавои “Барномаи давлатии самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробарии мардон ва занон дар ҶТ” мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуд.
Ҳамзамон раиси Шӯрои занон ва духтарон ҳозиронро бо натиҷаи санҷиши масъулин, ки то ин дам дар хобгоҳ гузаронида шуда буд, шинос намуд.
Мувофиқи маълумотҳо шароити духтарони бо хобгоҳ таъминшуда аз ҳар ҷиҳат хуб буда, дар маҷмӯъ камбудиҳои ҷиддї ҷой надоранд.
Баъдан, омӯзгори собиқадор, дотсенти кафедраи забонҳо Должикова Валентина баромад намуда, ба ҳозирин дар бораи “Зан-модар” маърӯза намуд ва иброз дошт, ки зан нигоҳдорандаи хонадон буда, дар баробари ин, пеш аз ҳама ахлоқи намунавӣ, ақли расо ва меҳнатдуст бошад.
Дотсенти кафедраи анатомияи одам ва гистология Сайфидинова Фируза доир ба қоидаҳои ҳамзистӣ дар шароити хобгоҳ баромад намуд.
Дар охир, раиси Шӯрои занон ва духтарони ДДТХ бо тарафдории иштирокчиёни ҷаласа яке аз аъзои Шӯро -муаллимаи кафедраи химия ва биологияи тиббӣ Шарипова Ҳилоларо ба ҳайси котиби Шӯро интихоб намуд.
Шӯрои занон ва духтарони ДДТХ
Санги асос барои сохтмони ДДТХ гузошта шуд
Имрӯз 31августи соли 08.2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара ташриф оварданд. Дар баробари кушодашавии як қатор корҳонаҳои саноатӣ ва маҷмааи варзишӣ дар ноҳияи Данғара, Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи барои сохтмони иншооти Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷудогашта, нома ба наслҳои оянда ва санги асоси ин маҳзани илму маърифатро гузоштанд.
Зимнан, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, бо назардошти афзоиши аҳолии мамлакат ва қонеъ намудани талаботи кишвар ба мутахассисони соҳаи тиб, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, он мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2016, таҳти №79 тасдиқ шудааст. Донишгоҳ дар соли аввали таъсисёбиаш, яъне дар соли таҳсили 2016 – 2017 бо қабули 350 нафар донишҷў дар се факултет; тиббӣ, педиатрӣ ва стоматологӣ, инчунин бо таъсис додани 5 кафедра аз 04 – уми апрели соли 2016 дар ноҳияи Данғара ба фаъолият оғоз намудааст.
Лозим ба ёдоварист, ки баҳри иҷрои дастуру супоришҳо аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо роҳбарии собиқ ректори ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино, доктори илмҳои тиб, узви вобастаи АИТ назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, баррандани ҷоизаи давлатии ба номи Абўалӣ ибни Сино профессор Убайдулло Қурбон аввали моҳи феврали соли 2016 гурўҳи корӣ таъсис дода шуд. Гуруҳи корӣ тавонист, ки дар муҳлати муқарраргашта, баъди омўзиши ҳаматарафаи дастурҳои байналмилалӣ оид ба лоиҳакашии муассисаҳои таҳсилоти олии тиббӣ, истифодаи таҷрибаи бисёрсолаи фаъолияти корӣ ва бо дарназардошти фикру мулоҳизаҳои мутахассисону коршиносони соҳа оид ба сохтмони бинои муассисаи нави таҳсилоти олии тиббӣ дар вилояти Хатлон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Лоиҳаи сохтмони бино ва иншоотҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» - ро пешниҳод намояд.
Бояд гуфт, ки масоҳати замини аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои сохтмони иншоотҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷудошуда, тақрибан аз 7 гектар иборат мебошад. Дар ҳудуди он имкони пурра сохта ба истифода додани биноҳои таълимию маишии Донишгоҳ мавҷуд аст, ки дар оянда метавонад ин мавзеъ ба як шаҳраки хубу зебои тиббии ҷавобгў ба меъёрҳои байналмилалӣ мубаддал гардад.
Дар сохтмони муассисаи таҳсилоти олии тиббӣ, ки дар ноҳияи Данғара барои фарогирии беш аз 4000 ҳазор донишҷў бунёд мегардад, аз рўи талаботи меъёрҳо дар нақшаи генералии он мақсади фаъолияти бахшҳои гуногуни донишгоҳ ва хусусияти минтақабандии функсионалии он ба эътибор гирифта шудаанд.
Нақшаи сохтмони иншоотҳои Донишгоҳ аз қисмати биноҳои алоҳидаи таълимӣ, бинои маъмурӣ, бинои толорҳои лексионӣ, бинои китобхона, толори калони маҷлисӣ - фарҳангӣ, бинои Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотӣ, биноҳои варзишии пўшида ва кўшода, биноҳои хоҷагӣ – ёрирасон ва иншоотҳои манзилӣ-маишӣ (аз хобгоҳҳо барои донишҷўёну аспирантон ва биноҳои зист барои омўзгорон) таҳрезӣ шудааст.
Мавриди зикр аст, ки бинои маъмурии донишгоҳ, ки мувофиқи тарҳи меъмории муосир аз ду қисмати ба ҳам пайваст иборат мебошад, қисмати марказии он дорои 9 ошёна буда, қисматҳои паҳлуии он ҳафтошёна мебошад.
Дар маросими гузошта шудани санги асос дар сохтмони бино ва иншоотҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ректори донишгоҳ, профессор Убайдулло Қурбон, аъзои Раёсат, ҳайати профессорону омўзгорон ва донишҷўёни донишгоҳ ширкат варзиданд.
Раёсати ДДТХ ташаббуси хирадмандонаи Пешвои миллатро нисбати рушду таҳкими соҳаи тандурустии кишвари азизамон ҷонибдорӣ намуда, омодааст, ки бо истифода аз имконоти васеи зеҳнӣ ва таҷрибаи андўхта, фаъолияти бемайлони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро таъмин намояд.
Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа
ДАРСИ СУЛҲИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА
Дар таърихи 1-уми сентябри соли 2016 дар майдони кушоди назди ДДД бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати профессорону омӯзгорони ДДД, ДДТХ, роҳбарон ва донишҷӯёни бархе аз мактабҳои олии кишвар, коллеҷу мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳраку ноҳия, намояндагони баъзе вазоратхонаҳои дахлдор, ҳамчунин аъзои Ҳукумати ҶТ, намояндагони ВАО-и кишвар ва дигарон Дарси сулҳ баргузор гардид. Устоди сабақи Дарси сулҳ чун анъана худи Президенти мамлакат буд. Пешвои миллат дар оғози суханронӣ нахуст кулли устодону шогирдон ва тамоми аҳолии ҷумҳуриро ба ифтихори ин маъракаи маърифатӣ самимонаву содиқона табрику таҳният гуфта, ба онҳо барору комёбӣ таманно намуд.
Ҷаноби олӣ таъкидан иброз доштанд, ки соҳаи маориф дар сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи афзалу бартарро дошт, дорад ва минбаъд низ ин мақомро аз даст нахоҳад дод, зеро бе пуштибонӣ аз ин соҳа мо ба рушду пешрафти ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ дастрасӣ пайдо нахоҳем кард. Бо суръати кайҳонӣ тараққӣ кардани ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳар яки мо, бахусус аз муаллимон, тақозо мекунад, ки дар ин масъала фориғбол набошем ва ба насли наврас, ҷавонон, ки ояндасозони кишвари маҳбубамон ба шумор мераванд, бо дилу нияти пок ҳамчун фарзанди хеш муносибат намоем. Умуман, ҳама дастуру пешниҳодоти сарвари давлат дар масъалаи илму маориф умедворкунанда буда, ба дастандаркорони соҳа қобили пазириш буд.
Ногуфта намонад, ки гузориши Президенти кишвар ба таври мустақим тариқи ҳама шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ ба аҳолии мамлакат манзур гардид. Беш аз 200 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон низ дар толори фарҳангии донишгоҳ суханронии Ҷаноби олиро мустақиман тамошо намуданд.
Кумитаи иттифоқи касабаи кормандон ва донишҷӯён
Президент Таджикистана, лидер нации провёл «Урок мира»
Сегодня Президент Таджикистана, основатель мира и национального единства – Лидер нации Эмомали Рахмон в центре Дангаринского района в торжественной обстановке провёл «Урок мира», в котором активно участвовали 150 студентов и преподаватели Хатлонского государственного медицинского университета.
Глубокоуважаемый Эмомали Рахмон поздравил всех с приближающимся 25-ем Государственной Независимости и началом нового учебного года. В ходе своего выступления Глава государства уделил особое внимание обучению и воспитанию молодёжи. Он отметил, что молодёжь Таджикистана активно стремится к знаниям в настоящее время, чем когда- либо.
Глава государства сказал, что в будущем Таджикистан превратится в индустриально-аграрную, высококультурную страну. Поэтому молодому поколению нужно изучать точные и естественные науки. А также изучать иностранные языки и современные технологии.
Президент РТ говорил о том, что со временем далёкие, малообустроенные уголки Таджикистана будут превращены волей и вдохновенным трудом людей в культурные, цветущие районы, города и центры. Лидер нации подчеркнул, что открытие Хатлонского государственного медицинского университета способствует решению проблемы нехватки квалифицированных врачей в Хатлонской области и других южных районов республики.
В завершении, Президент страны, Эмомали Рахмон ещё раз поздравил всех присутствующих с приближающимся национальным праздником и пожелал счастливой жизни и благополучия.
Следует отметить, что День Знаний и Урок мира с участием Главы государства прошли в духе патриоризма, любви к Родине.
С днём знаний, дорогие наши студенты и преподаватели нашего университета!!!
Совет по делам женщин и девушек ХГМУ