Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

 

                      Имрӯз дар ДДТХ дар асоси Нақша чорабиниҳои оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти ҶТ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ҷараёни сафари кориашон ба вилояти Хатлон дар моҳи август – сентябр баён доштанд, вохӯрии донишҷӯёну омӯзгорон бо роҳбарияти мақомоти қудратии ноҳия  дар  мавзуи   сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу  ҳаракатҳои ифротӣ, оқибатҳои терроризму  экстримизм ва роҳҳои пешгирии он доир гардид.   Дар чорабинии мазкур  Ҳикматуллозода А.  – прокурори ноҳияи Данғара, Ҳусейнов М.  –сардори шуъбаи амнияти давлатии миллии ноҳияи  Данғара,  Неъмаптзода А.  - сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Данғара ва намояндагони Раёсати кор бо ноболиғон  ва наврасону  ҷавонон ширкат доштанд.

                   Сараввал мушовири ректор А. Азизуллоев  аз номи роҳбарияти донишгоҳ меҳмоноро барои ташрифашон ба донишгоҳи тибби  хайрамақдам гуфта, сипас оид ба мавзуи вохӯри баромад карда, аз ҷумла  чунин қайд намуд. «Имрӯз, дар раванди ҷаҳонишавӣ муқобила ба густариши ақидаву афкори гуногуни бегона бидуни мавҷудияти ақидаи устувор ва мантиқан пурзӯр дар кадом соҳае, ки набошад, ғайриимкон аст. Бинобар ин, ягона роҳ барои хунсо намудани зуҳури ҳар гуна гурӯҳу ҳаракатҳои тундгаро ва ифротӣ, махсусан дар заминаи ақидаҳои динӣ, пеш аз ҳама, мусоидат ба боло бурдани сатҳи донишҳои илмию  дунявӣ  ва ҳамчунин донишҳои динӣ дар чаҳорчӯбаи мазҳаби суннатии мо - ҳанафия мебошад. Ҷилавгирӣ кардан аз ифроту тафрит яке аз омилҳои муҳими ҳифзи ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва рушди давлати миллӣ мебошад».

                     Сипас прокурори ноҳия Ҳикматуллозода А. ба сухан баромада, чнин изҳори назар кард. « Имрӯз дар дунё вазъият назар ба солҳои қаблӣ хеле печида, хеле хатарнок ва хеле нозук аст. Ҷангҳои харобовар   як қатор кишварҳои ободу зебо ва муқтадири  мамолики арабро  ба чӣ ҳоле овардааст,  дар ҳар рӯзу ҳар соат қатлу ғорат ва таркишҳои ҷонрабо, дар Афғонистону Покистон авҷ гирифтани террор, афзудани миқдори ҷавонони маргталаб, тарғибу ташвиқи ғояҳои ифротӣ - ҳамаи ин ҳолатҳо нигаронкунанда буда, аҳли ҷомеаро ба ташвиши ҷиддӣ овардааст ва  мутаассифона кишвари тозаистиқлолу озоду биҳиштосои мо низ  аз ин хатарҳо эмин нест. Аз ин хотир, дар ин лаҳзаҳои ҳассос, мардуми Тоҷикистон бояд ҳушёрии сиёсӣ, ватандӯстӣ ва муқаддас донистани арзишҳои миллиро аз манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ ва мазҳабӣ боло гузоранд».  Инчунин сардори шуъбаи КДАМ дар ноҳия Данғара Ҳусейнов М. низ баромад намуда, дар хусуси пайдоиши ҳар гуна ифроту тафритҳо ва ақидаҳои тундгароӣ  ва зуҳуру фаъолгардии гурӯҳу ҳаракатҳои тундгаро, ки ба  халқу миллати мо бегона мебашанд маълумот дод.

                  Лозим ба қайд аст, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо  ҳайати профессорону омӯзгорони  муассисаҳои олии дар ноҳия қарордошта ва  бо  донишҷӯёни   ин  мактабҳои  олию мсиёнаи касбӣ   таъкид  намуда буданд, ки соҳаи маориф дар сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи афзалу бартарро дорад ва минбаъд низ ин мақомро аз даст нахоҳад дод, зеро бе пуштибонӣ аз ин соҳа мо ба рушду пешрафти ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ дастрасӣ пайдо нахоҳем кард. Илова бар ин, ба ҷавонони кишвар муроҷиат намуда, аз ҷумла қайд намуданд, ки имрӯзҳо вазъи гаравидани ҷавонон ба равияву созмонҳои иртиҷоӣ бисёр ташвишовар аст. Аз ин лиҳоз, мо бояд барои пешгирӣ кардани ин раванд чораҳои мушаххас андешем. Ҳамчунин ба ҷавонон омӯзонидани касбу кори гуногун, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як фарди худогоҳу ватандӯст мебошад.

                   Оре, бо такя бо суханони Ҷаноби олӣ мутмаинем, ки донишҷӯёни  умедбахши мо вазифаҳои дар пеши худ гузоштаро содиқона иҷро намуда, баҳри дар оянда ба ҳайси табиби варзида ба воя расидан ва минбаъд дар самти солимгардонии ҷомеа нақши сазовор мегузоранд. 

       Ёдовар мешавем, ки кӯмакҳо ва эҳсонкорӣ ба ДДТХ имрӯзҳо идома дошта, аз ҷониби  сохторҳои қудратӣ, муассисаҳои олӣ ва шахсони алоҳида ҳар гуна китобҳои таълимии  дарсӣ ва  бадеӣ ба тариқи тӯҳфа тақдим шуда  истодааст, ки ин иқдомро Раёсати ДДТХ фоли нек арзёбӣ менамояд.

       Аз ҷумла, санаи 24.09.2016с аз ҷониби  доктори илми тиб, профессори кафедраи урология ва андрологияи ДТБКСТ ҶТ  Тавфиқхон Қодирӣ  30  нусха китоб ба Китобхонаи Донишгоҳи тавтаъсис ба тариқи тӯҳфа  тақдим намуд. Инчунин 3 нусха китоб «Простатит» ва 3 нусха китоб «Урологияи оҷил» ба фонди Китобхона низ ба тариқи тӯҳфа аз тарафи ин шахси хайрхоҳ супорида шуд. Раёсати ДДТХ аз фурсати муносиб истифода бурда ба  профессор Тавфиқхон Қодирӣ барои ин кори  хайраш изҳори сипос намуда, саломатию комёбиҳои беназирро баҳрашон таманно дорад.

Рӯзи 22-уми сентябри соли 2016 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон маҳфили ёдбуди қофиласолори назми классикии  форсу тоҷик Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор гардид.

Барандагии маҳфилро донишҷӯи гурӯҳи 9-уми факултети педиатрӣ Нилуфари Алишер  ба ӯҳда доштанд.

Мудири кафедраи забонҳо доктори илмҳои филологӣ Тағоймуродов Рустам дар мавзӯи «Зиндагинома ва осори Рӯдакӣ»,  мудири кафедраи ҷомеашиносӣ, номзади илмҳои фалсафа Гулов А. дар мавзӯи «Ақидаҳои фалсафии Маликушушуаро устод Рӯдакӣ», муаллими калони кафедраи забонҳо Одинаев С.П. дар мавзӯи «Баъзе хусусиятҳои забонии осори Рӯдакӣ» маърӯза хонданд.

Аз тарафи гурӯҳи донишҷӯён аз осори пурғановати устод Рӯдакӣ порчаҳо қироат карда шуданд. Ба хотири болидагии иштирокчиёни маҳфил  донишҷӯи гурӯҳи 8-уми факултети педиатрӣ Ғайратов Наврӯза бо рақси зебои  бадахшонӣ ба маҳфил ҳусни хотима бахшиданд.

Рӯзи 30-юми сентябри соли 2016 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ маҳфили илмию адабӣ баргузор гардид. Ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳӣ ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон бо чунин суханон ҳусни оғоз бахшиданд. 

  Имрӯз мову Шуморо ёди бузургворе ба ҳам овардааст, ки тамоми умри пурбаракати хешро сарфи тарбия ва роҳнамоӣ ба сӯи  маънавиёти  инсоният ҳидоят намудааст, ки уро ном Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ аст.

Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ (1207 – 1273) яке аз нобиғаҳои адабиёти оламшумули классикии форсу тоҷик мебошад, ки бемуҳобот ба ҳайси бузургтарин суханвар  шӯҳрати фарҳангу адаби моро беназиру оламгир гардонидааст. Ин адибу орифи бузург на танҳо дар адабиёту фарҳанги форсизабонону Шарқ, балки кулли ҷаҳон мақому ҷойгоҳи баланд доранд. Осори гаронбаҳои ӯ, махсусан «Маснавии маънавӣ» ва «Девони кабир», ки бо унвони «Девони Шамси Табрезӣ» низ машҳур аст, дар ганҷинаи тамаддуни оламиён ҷойи сазовореро ишғол кардаанд.

Бемуҳобо, агар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ таърихномаи муназзаму муаззами наҷобату қаҳрамониҳои ниёгони сарафрози мо бошад, «Маснавии маънавӣ»-ро ҷасурона метавон донишномаи ахлоқи ҳамидаи инсониву исломии халқамон номиду шуморид.

Панду андарзҳои ҳакимонаву орифонаи Мавлоно барои ҳар як фарди ҷомеа новобаста аз дину мазҳаб, ирқу нажод, забону миллат муассиру судманд мебошанд. Дар замоне, ки раванди ҷаҳонӣ шудан босуръат идома дорад ва таҷоҳуми фарҳангҳои мухталиф боиси касодии ахлоқи ҷомеа мегардад, умед аст, ки пандҳои ҳакимонаву орифонаи Мавлоно чун сипар ахлоқи ҳамидаи инсониро ҳифз менамоянд ва дар ҷомеа пояҳои одамиятро устувор месозанд. Боиси хурдсандист, ки бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 30-юми сентябр ҳамчун Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҷашн гирифта мешавад. Имрӯз мо дар ин толор барои он ҷамъ омадаем, ки бори дигар аз ин орифи бузург ёд оварем, чунки аз нигоҳи Мавлавӣ инсон ҳарчанд ба зоҳир олами хурд аст, вале дар маъниву моҳият олами бузург буда, шарифтарину бузургтарин офаридаи олами ҳастӣ ба ҳисоб меравад.

 

 Айёме, ки Баҳоуддини Валад, падари Ҷалолиддин ва пайвандонаш ихтиёри сукунати Қунияро карданд, зиндагӣ дар Осиёи Сағиру Мулки Рум хеле мураккабу печида буд. Ҷомеа фароҳам аз турку юнонӣ, курду эронӣ, арманиву ибронӣ, гурҷиву суриёнӣ… омада, ҳар яке шуғлу пеша ва дину андешаи худро меварзиду мепарварид.

Мардуми сарзаминро гарчанде манфиатҳои умумии иқтисодиву иҷтимоӣ муттаҳиду муттасил созанд ҳам, мазҳабу дину расму ойини гуногун андаке ночаспону парешонашон нигаҳ медоштанд.

Албатта, чунин вазъу ҳолат ашхосу афродеро тақозо менамуд, ки роҳнамои  мардум бошанду Симурғвор сӣ мурғи парешонро ба ҳам оваранд, то ваҳдату ягонагии ҳамагон аз наҳси хунрезиҳои чингизиёну харобкориҳои золимон, қасди кишварситонону ҷудойихоҳон ва ҷабри миллатгароёну мутаассибони замон, ки дар ҳамаи давру замонҳо ва мулку маконҳо кам набудаанд, осебу зиёне набинад.

Ана дар ҳамин шароити нобасомони мазҳабиву мафкуравӣ орифи доно ва олими тавоное дар сурати Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ба майдони рафтору гуфтору пайкор омад, ки садҳо равшанравону ҷонфишони кишварро дар атрофи худ ҷамъ оварда, назарияи «Сулҳи кулл»-ро ба майдони афкори тамаддун андохт, ки филфавр аз ҷониби ҳамагон мавриди эътиқоду эътирофи гарму ҷӯшоне қарор гирифта, минбаъд ба эҷодиёту офаридаҳои мутафаккирону донишмандони бузурги ҷаҳон ва вуслату ваҳдатбандии тамаддуни дигар миллату мардумон нақшу таъсири амиқе гузошт, ки ҷавҳари онро хитобаи зерини мутафаккири ваҳдатгаро ва суфии сулҳошно инъикос карда метавонад, ки ҳамгунаҳояш дар осори шоир фаровону фурӯзонанд.

Имрӯз аз даргузашти ин орифи Рум зиёда аз 800 сол сипарӣ гашта бошад ҳам, то ҳол эҷодиёти ӯ дили миллионҳо мардуми кураи заминро тасхир намуда, асари оламшумули ӯ «Маснавии маънавӣ» дар радифи беҳтарину нобиғатарин офиридаҳои тамаддуни ҷаҳонӣ қарор гирифтааст. Омӯхтани ҳаёту осори ин абармарди орифу тавоно имрӯз ҳам барои ҷавонони мо бояд намунаи ибрати олӣ бошад, чунки сулҳу ваҳдати тарғибнамудаи Мавлоно имрӯз барои кишвари мо аҳамияти бештаре пайдо кардааст».

  Баъдан, тибқи барномаи маҳфил муаллими калони кафедераи забонҳо Одинаев С.П., дар мавзӯи «Зиндагинома ва осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ», мудири кафедраи забонҳо, доктори илмҳои филология Тағоймуродов Р. Дар мавзӯи «Мафҳуми най дар эҷодиёти Мавлоно»  баромад намуданд.

Сипас базми шеъру суруд аз эҷодиёти Мавлоно дар иҷрои донишҷуён Ғайратова Н. (гурӯхи 8-и педиатрӣ), Валиева Ш. (гурӯҳи 7 педиатрӣ), Ҳабибова Зуҳал (гурӯҳи 10-и тиббӣ), Раҷабов Н. (гурӯхи 8-педиатрӣ), Ҳамроев М. (гурӯҳи 10-и тиббӣ),  Абдуллоев М. садо дод. Донишҷӯи гурӯҳи 8-уми педиатрӣ Исмоилзода Мағфират суруди марғуберо аз эҷодиёти Мавлоно сароиданд. Донишҷӯёни гурӯхи 4-уми стоматологӣ – Маҳмадҷонов С., Абдуллоев М., Самадов М.  бо суруди дилнишин ва донишҷӯи гурӯҳи 8-уми факултети педиатрӣ Ғайратова Мавзуна бо рақси шӯрангези худ хотири иштирокчиёнро болида намуданд.

Ба чорабинии мазкур ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон ҳусни хотима бахшида,  бори дигар таъкид намуданд, ки эҷодиёти пурғановати Мавлои Рум барои худшиносиву худогоҳӣ, ваҳдату ягонагии мардуми кишварамон, махсусан ҷавонон нақши муассире дорад.

Кафедраи забонҳо

Our partners 
 
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид