ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ РӮЗИ МОДАР ДАР ДДТХ
Санаи 7-уми марти соли 2025 дар толори фарҳангии донишгоҳ ҷаласаи тантанавӣ ва барномаи адабӣ-мусиқӣ бахшида ба Рӯзи Модар баргузор гардид.
Нахуст Ректори ДДТХ, д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон тамоми ҳайати профессорону омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандон ва бонувони азизи донишгоҳро бо ин санаи мубораку фархунда табрику таҳният намуд. Зимни суханронӣ ректори донишгоҳ аз бузургию шаҳомат ва лутфу садоқати Зан-Модар ибрози андеша намуда, қайд дошт, ки миллати тамаддунофари форсу тоҷик ҳанӯз аз давронҳои хеле қадим ба Зан-Модар эҳтироми хоса дошт ва ин нуктаро мо борҳо дар асарҳои ҷаҳоншумули таърихиву бадеии мутафаккирони тоҷик дучор гардидаем. Далелҳо собит месозанд, ки дар фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик Зан-Модар ҳамеша ҷойгоҳи махсус дошт ва то ба имрӯз ҳам он нигоҳ дошта шудааст.
Дар идомаи чорабинӣ барномаи адабӣ-мусиқии аҳли ҳунари донишгоҳ манзури ҳозирин гардонда шуд. Чорабинии фарҳангӣ бо композитсияи адабӣ-мусиқии “Сиришти Модар” дар иҷрои дастаи ҳунарии “Дурахшон”-и донишгоҳ оғоз ёфт. Сипас, шеъру суруд ва таронаҳои дилангези ҳунармандон дар сифоти Зан-Модар садо дода, хотири иштирокчиёнро масруру шод намуд.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ Ректори донишгоҳ дигарбора тамоми занону модаронро бо ин санаи накӯ табрику таҳният намуд ва ба масъулон барои пешниҳоди чунин барномаи хуби адабию мусиқӣ изҳори сипос ва миннатдорӣ кард.
Хабарнигори сомона.
ОМОДАГӢ ВА ТАҶЛИЛИ САЗОВОР АЗ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДДТХ
Раёсати донишгоҳ ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои амалӣ андешида, бахшида ба ин сана корҳои назаррасеро ба иҷро расонид. Тибқи нақшаи дарсҳои тарбиявӣ дар ҳамаи гурӯҳҳои академӣ аз ҷониби кураторон мавзуъҳои “23-юми феврал-рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Артиш-пояи устувори давлат”, “Аз таърихи Артиши миллӣ” бо донишҷӯён гузаронида шуданд.
Дар кафедраи тибби ҳарбӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Ҳомиёни Ватан” доир гардид, ки дар он ҳайати кафедра ва донишҷӯёни курсҳои сеюм ва чоруми факултети тиббӣ, педитарӣ ва стоматологӣ иштирок намуданд. Ҳамзамон, ҳайати кафедра бо ҳамроҳии донишҷӯён дар чорабинии тантанавии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара, ки санаи 21-уми феврал дар Қасри фарҳанги ноҳия баргузор гардид, ширкат варзиданд.
Дар монитори калони дар саҳни донишгоҳ насбгардида шиору наворҳои дорои мазмуни ифтихор аз Ватану миллат, сулҳу амонӣ, имконияту шароитҳои қисмҳои ҳарбӣ, ҳимояи марзу бум ва амсоли инҳо намоиш дода шуданд. Дар дастгоҳи электронии даврзананда шиорҳои “23-юми феврал-Рӯзи Артиши миллӣ”, “Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак”, “Мо - ҳомиёни Ватан” насб ва фаъол карда шуданд. Ҳамзамон, дар саҳни донишгоҳ Парчамҳои хурду бузург насб гардиданд. Аз ҷониби бахши хоҷагидорӣ гирду атрофи донишгоҳ бо ташкили ҳашарҳо тозаву озода карда шуд.
Санаи 21-уми феврал дар толори фарҳангии донишгоҳ бо иштироки зиёда аз ҳазор нафар ҳайтаи профессорону омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандони донишгоҳ маҷлиси тантанавӣ ва барномаи фарҳангии аҳли адабу ҳунари донишгоҳ доир гардид.
Дар ҷаласаи тантанавӣ сухани табрикотии Ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон, маърузаи омӯзгори кафедраи тибби ҳарбӣ, прапоршики калон Анварзода С. дар мавзуи “Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон-рукни давлатдории миллӣ” ва маъруза-презентатсияи донишҷӯи курси дуюми факултети педиатрӣ Тиллоева Ш. дар мавзуи «Аз таърихи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” шунида шуд.
Қисмати фарҳангии чорабинии донишгоҳ бо композитсияи адабӣ-мусиқии дастаи ҳунарии “Дурахшон”-и донишгоҳ таҳти унвони “Нома ба марзбонон” шуруъ гардид. Дар идомаи чорабинӣ суруду тарона ва оҳангҳои ватандӯстонаи аҳли ҳунар, ки тараннумгару инъикоскунандаи сулҳу амонӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ, ҳифзи марзу бум, шуҷоату матонати афсарону сарбозон буданд, пешкаши ҳозирин гардонида шуданд. Рақсҳои мавзуну дилкаши аҳли ҳунари донишгоҳ ба чорабини ҳусни дигар зам намуд.
Хабарнигори сомона.
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ОЛИМОН
Санаи 22-юми феврали соли 2025 ҷаласаи навбатии Шурои олимон баргузор гардид.
Ҷаласаро Раиси Шурои олимон д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ҳусни оғоз бахшид. Дар кори ҷаласа аз 58 нафар 52 нафар аъзо ширкат варзида, 6 нафар босабабҳои гуногун иштирок надоштанд. Раиси Шуро аъзоро бо масъалаҳои рӯзнома шинос намуд ва аз ҷониби аъзо рӯзнома якдилона тасдиқ гардид
Дар баррасии масъалаи якум сардори Бахши назорати сифати таҳсилот Қурбонов Х.Ш. оид ба фаъолияти бахши назорати сифати таҳсилот дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2024-2025 маълумот пешниҳод намуд. Дар баррасии мавзуъ Қурбонов Х.Ш. аз муваффақияту пешравиҳо дар самти таълими донишҷӯён, истифода аз методу усулҳои навин, таҷҳизоти технологии таълим, имконияту шароитҳои омӯзгорон барои таълиму тадрис, сифати таълими ҳар як фанни тадрисшаванда сухан намуда, ҳамзамон, камбудиҳои дар ин самт ҷойдоштаро низ қайд намуд.
Масъалаи дуюми рӯзнома ба таҳлилу баррасии “Фаъолияти кафедраи физикаи тиббӣ ва информатика ба номи С.Ситамов дар соли таҳсили 2024 -2025” бахшида шуда буд, ки мудири кафедра, н.и.п. Холов А.А. фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ ва илмии кафедраро дар давраи ҳисоботӣ баррасӣ намуда, дурнамои кафедра ва роҳҳои беҳтар гардонидани фаъолияти ҳайфати омӯзгорони кафедраро пешниҳод намуд.
Дар масъалаи сеюм муовини раиси Комиссияи донишгоҳӣ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” дар ДДТХ н.и.ф. Қурбонмамадов С.Х. перомуни фаъолияти комиссия дар соли 2024 ва иљрои наќшаи-чорабиниҳои комиссия маълумотро пешниҳоди раис ва аъзои шурои олимон гардонид.
Дар масъалаҳои ҷорӣ Лоиҳаи Қарори Шурои олимон “Дар бораи тасдиқи Нақша-чорабиниҳои донишгоҳӣ оид ба татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи аз эътибор соқит ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар ДДТХ”, “Дар бораи ҷамъбасти лоиҳаи “Маърифати экологӣ дар доираи грантҳои хурди ДДТХ””, “Дар бораи гузаронидан донишљў аз таълими ройгон ба таълими пулакӣ” баррасӣ ва аз ҷониби аъзо тасдиқ карда шуданд.
Раиси Шурои олимон д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон вобаста ба ҳар як масъалаи баррасигардида ба масъулон супоришҳои мушаххас дод ва барои беҳтару хубтар ба роҳ мондани фаъолияти корӣ кушиши бештар ба харҷ доданро таъкид намуд.
Хабарнигори сомона.
ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ ДДТХ ДАР “24-УМИН КОНГРЕССИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАМЪИЯТИ ҶАРРОҲОНИ ПЛАСТИКӢ ВА ЗЕБОИИ ЭРОН”
Аз санаи 3-юм то 7-уми феврали соли 2025 дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон “24-умин Конгресси байналмилалии Ҷамъияти ҷарроҳони пластикӣ ва зебоии Эрон” баргузор гардид. Дар ин конгресс намояндагони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон: н.и.т., декани факултети тиббӣ ва стоматологӣ Холзода Шарафҷон Исҳоқҷон ва муовини декан оид ба корҳои таҷрибаомӯзии донишгоҳ Абдураҳимзода Шукрона Рамазон, ки аз ҷониби Президенти Ҷамъияти ҷарроҳони пластикӣ ва зебоии Эрон даъват гардида буданд, иштирок варзиданд.
Конгресс дар маҷмуъ 5 рӯзро (аз санаи 03 феврал то 07 феврали соли 2025) дар бар мегирифт ва ба пуррагӣ дар меҳмонҳонаи “Espinas Palase”-и шаҳри Теҳрон баргузор гашт. Ифтитоҳи конгресс санаи 3-юми феврал дар толори фарҳангии меҳмонхонаи “Espinas Palase”-и шаҳри Теҳрон сурат гирифта, бо баромад ва маърузаҳои Раиси Ҷамъияти ҷарроҳони пластикӣ ва зебоии Эрон, собиқадори ин самт – доктори илми тиб Абдулҷалил К.Ҳ., Президенти Ҷамъияти ҷарроҳони пластикӣ ва зебоии Эрон (ISPAS), доктори илми тиб – Бабак Никоумарам, Президенти Ҷамъияти ҷарроҳони эстетикии Аргентина (ISAPS), доктори илми тиб, ҷарроҳи пластикӣ – Густаво Абриле, доктори илми тиб ва профессори Донишгоҳи улумпизишкии Мозандарони Эрон, ҷарроҳи пластикӣ - Моҳаммадҳусейн Ҳесамиростами оғоз гардид.
Дар давоми 5 рӯз аз ҷониби мутахассисони соҳа ҳамарӯза аз 12 то 20 маърузаҳо перомуни мушкилиҳо ва роҳи ҳалли ҷарроҳии бинӣ – ринопластика, аз 2 то 5 панели муҳокимаву андешаронӣ ва баррасиҳои коршиносони баландпояи ин самт ва 1 то 3 мастеркласси таҷрибавӣ пешкаши иштироккунандагони Конгресс гардонида шуд.
Дар маљмуъ, дар ин Конгресси байналмилалӣ 94-то маърӯзаҳои коршиносони хориҷӣ ва Эронии самти ҷарроҳии пластикӣ ва эстетикӣ, 17-то панели муҳокимаву андешаронӣ ва баррасиҳои коршиносони баландпояи ин самт, 4-то мастерклассҳои таҷрибавӣ ва 2 – адад омӯзишҳои интерактивӣ пешниҳод гардонида шуданд, ки иштирокчиёни ин конгресс дар рафти он фаъолона ширкат варзида, нозукиҳои дигари самти ҷарроҳии пластикӣ ва эстетикиро аз худ намуданд. Дар ин Конгресс ҳамагӣ аз ҷониби 33 нафар коршиносони ҳирфавии хориҷӣ (Аргентина, Канада, Россия, Ню-Йорк - ИМА, Ироқ, Испания, Бразилия, Лос Анҷелес - ИМА, Туркия, Калифорния – ИМА, Белгия, Англия, Фаронса, Ирландия, Нидерландия ва ғ.) ва 30 нафар табибони баландпояи ин самти ҷарроҳии Эрон ба иштирокчиён маърӯзаву омӯзишҳо гузаронида шуд.
Ҳамзамон, давоми 5 рӯз дар назди толори Конгресс намоиши дастгоҳу таҷҳизот, асбобҳо ва китобу видеофилмҳои марбут ба ҷарроҳии пластикӣ ва эстетикӣ пешкаши ҳаводорони ин самти ҷарроҳӣ гардонида шуд.
Дар ҷамъбасти “24-умин Конгресси байналмилалии Ҷамъияти ҷарроҳони пластикӣ ва зебогии Эрон” аз ҷониби Президенти Ҷамъияти ҷарроҳони пластикӣ ва зебоии Эрон (ISPAS) – Бабак Никоумарам иштирокчиён бо Сертификат ва Дипломҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Равобити байналмилалии ДДТХ.