Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Хабарҳои ДДТХ (915)

 Ёдовар мешавем, ки ду сол қабл бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ Муассисаи давлатии  таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон»  таъсис ёфта буд. Тавре аз маълумоти оморӣ бармеояд, ҳар сол Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро зиёда аз 1200 нафар мутахассис хатм мекунад. Аз 100 то 150 нафари дигар дар муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии хориҷи кишвар соҳиби дипломҳои ин соҳа мегарданд, вале ин шумора талаботи рӯзафзуни кишварро ба табибони баландихтисос қонеъ карда наметавонад.

    Гузашта аз ин, шумораи умумии аҳолии Тоҷикистон ҳар сол ба ҳисоби миёна беш аз 2,5 фоиз афзоиш меёбад. Аз ин сабаб, ҳоло ба ҳар 10 ҳазор нафари аҳолии Тоҷикистон 21 табиб рост меояд, ки хеле кам аст. Маҳз норасоӣ ва шумораи аз ҳама ками табибони касбӣ дар вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро водор намуд, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон»-ро таъсис диҳанд. 

    Дар баробари ба роҳандозии фаъолияти таълимиву тарбиявӣ ва илмии ин донишгоҳи навтаъсис,  Пешвои миллат супориш дода буданд, ки роҳбарият ва кормандони донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо пизишкони маҳаллӣ фаъолияти табобатиро низ дар сатҳи хубу сифати баланд ва таври густурда ба роҳ монанд. Иттилои дастрасшуда аз он ҳокианд, ки аҳли Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо сарварии ректори он, мутахассиси кордону масъулиятшинос Убайдулло Қурбон дар ин ҷода собитқадам буда, нишондиҳандаҳо дар ҳама ҷанбаҳо қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш мебошанд. Дар матлаби мазкур кӯшидам марҳилаи таъсис ва тавсеаи раванди фаъолияти ин боргоҳи илму маърифатро таври мухтасар бозгӯйӣ намоям. Таъкид менамоям, ки далелҳои  овардашуда «қатрае аз баҳр» мебошад, зеро дастовардҳои роҳбарияту кормандон ва муҳасиллини ин донишгоҳ сарфи назар аз навтаъсис буданаш воқеан ҳам қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш мебошад.

    Бо ёдоварӣ аз марҳилаи таъсиси донишгоҳ бояд гӯем, ки дар навбати аввал таҳти сарварии доктори илмҳои тиб, профессор У. Қурбон  ситоди корӣ оид ба таҳияи «Лоиҳаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» таъсис ёфта буд. Ситоди номбурда, ки ҳайати он шахсони корозмуда ва соҳибтаҷриба буданд, баъди омӯзиши ҳаматарафаи дастурҳои байналмилалӣ оид ба лоиҳакашии муассисаҳои таҳсилоти олии тиббӣ, истифодаи таҷрибаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, бо дарназардошти  фикру мулоҳизаҳои мутахассисону коршиносони соҳа оид ба сохтмони бинои муассисаи нави таҳсилоти олии тиббӣ дар вилояти Хатлон  фикру мулоҳизаҳои хешро дар 11 - уми феврали соли 2016  ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манзур намуд. Масъулин аз он ифтихорманданд, ки  пешниҳодоти манзуршуда пазируфта шуд. Бо дарназардошти ба эътибор гирифтани пешниҳодоти мазкур тарҳи бинои маъмурии донишгоҳ, биноҳои таълимӣ ва дигар иншооти  маишӣ дар шакли маҷмаа (кампус) қобили қабул дониста шуд. Дар натиҷа, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» дар кӯчаи И.Шарифов 3, н. Данғара ва № 80 «Дар бораи таъйин намудани У.Қурбон ба вазифаи ректори   Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» ба тасвиб расиданд.

     Расман оғоз гардидани фаъолияти ДДТХ ба 4 – уми марти соли 2016 рост омад. Шурӯъ аз ин рӯз бо тасмими ректори  муассиса  раёсати муваққатии  донишгоҳ дар ҳайати 11 нафар ташкил шуд.  Вазифаи аввалиндараҷаи раёсати мазкур, пеш аз ҳама, пешбурди корҳои ташкилӣ, коркард ва таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва локалӣ, таъмини пурраи шаффофияти аввалин маъракаи қабули довталабон ва хуб ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ – маърифатӣ буд, ки дар маҷмӯъ дар сатҳи хуб ва сифати баланд иҷро шуданд.   Илова бар ин, раёсатро мебоист барои оғоз намудани таъмири биноҳо, ташкил намудани заминаи моддӣ – техникӣ  ва муайян намудани утоқҳои корӣ ва синфхонаҳо чораҷӯӣ намояд. Бо ин мақсад дар донишгоҳ; шуъбаи таълим, деканати факултетҳо (тиббӣ, педиатрӣ, стоматологӣ), шуъбаи кадрҳо, шуъбаи муҳосибот, шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа, Маркази технологияҳои иттилоотӣ, китобхона, Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандон ва донишҷӯён, шӯрои занон ва духтарон, шуъбаи кор бо ҷавонон ва муовинати хоҷагидорӣ бо қарорҳои Раёсати ва фармоиши ректор таъсис дода шуданд.     

    Мавриди зикр аст, ки тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра қабули довталабон ва ташкили имтиҳонот низ ба уҳдаи роҳбарияти ДДТХ вогузор гардид.  Бо мақсади таъмин намудани  шаффофияти аввалин маъракаи қабул аз ҷониби раёсати донишгоҳ  «Қоидаҳои қабули довталабон ба ДДТХ барои соли таҳсили 2016 - 2017» таҳия гардида, бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ тасдиқ шуд.

    Ҳамин тариқ, Комиссияи қабул тавонист, ки маъракаи қабули довталабонро новобаста аз ҷавобгӯи талабот  набудани шароит ва маҳдуд будани заминаҳои моддӣ – техникӣ аз 1–уми апрел то 15 – уми майи соли 2016  ба анҷом расонад. Натиҷаи ҷамъбасти имтиҳонҳои қабул  барои  соли таҳсили 2016-2017 маълум намуд, ки аз 1633 нафари ҳуҷҷатсупорида   353 нафар довталаб (150 нафар ба тариқи буҷавӣ ва 202 нафар ба тариқи шартномавӣ)  ба курси якум  қабул   шуданд.

      Ҳамрадиф бо ибтикори зикршуда бо мақсади ҷалби мутахассисони арзанда озмуни ишғоли вазифаҳои холӣ барои  ҳайати профессорону омӯзгорон эълон  гашта, ба озмун беш аз 60 нафар аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ҳуҷҷат  пешниҳод намуданд, ки 11 нафари онҳо соҳиби дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ буданд. Дар маҷмӯъ Раёсати донишгоҳ дар соли аввалини таъсисёбии ДДТХ тавонист  36 омӯзгорро барои таълиму тарбияи донишҷӯён дар асоси озмӯн  ба кор ҷалб намояд.

      Мусаллам аст, ки барои ҳар як муассисаи олӣ барои бо ҷойи зист таъмин намудани донишҷӯён хобгоҳ  зарур аст. Дар баробари ба анҷом расидани корҳои болозикр, раёсати донишгоҳ тавонист, ки бо кумаки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмири бинои хобгоҳро дар моҳи августи соли 2016 ба сомон расонад.

       Акнун  дар назди роҳбарият ва кормандони ДДТХ вазифаҳои дигар, аз қабили беҳтар ба роҳ мондани таълиму тарбия, таъмини пурраи шаффофияти санҷишу имтиҳон қарор дошт ва ин давраро метавон марҳилаи сифатан  нави фаъолият арзёбӣ намуд.  Далели  ин раванд беҳтар гаштани вазъи заминаи моддӣ - техникӣ, афзудани имкониятҳои молиявии донишгоҳ ва ҳамзамон баланд шудани сатҳи дарсазхуднамоии донишҷӯён, буда метавонад. Қобили қайд аст, ки дар соли 2016 шумораи донишҷӯёне, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуданд аз 111 (31 фоиз) нафар буд, дар соли таҳсили 2017 - 2018 бошад, теъдоди чунин донишҷӯён ба 297 нафар ё худ 42 фоиз расид. Теъдоди омӯзгорони дорои унвони илмидошта низ дар давоми ду сол мунтазам рӯ ба афзоиш буда, дар ин давра дараҷанокии илмии ҲПО анқариб ба 30 фоиз баробар гардид. Ин нишондиҳанда дар давраи ду соли фаъолияти донишгоҳи навтаъсис мувофиқ ба меъёрҳои стандарт барои муассисаҳои олӣ ба шумор меравад.

      Агар теъдоди донишҷӯёнро вобаста ба минтақаҳо раддабандӣ намоем, пас 372 нафар ба вилояти Хатлон, 166 ба вилояти Суғд, 5 нафар ба ВМКБ, 91 нафар ба ноҳияҳои тобеи марказ , 80 нафар ба шаҳри Душанбе ва 1 нафар ба Ҷумҳурии Қазоқистон рост меояд.

       Яке аз омилҳои асосии пешбурди фаъолияти таълимии  макотиби олӣ ин таъмини маводи таълимӣ  ва ғанӣ гардонидани фонди китобхона мебошад. Дар ин давра  123 номгӯй китоб бо теъдоди 6057 нусха китобҳои баландсифати  таълимии ихтисосӣ  харидорӣ шуда, илова бар ин, бо теъдоди  беш аз даҳ хазор нусха, ҳамчун туҳфа аз ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино  ворид гардид. Дар маҷмӯъ, фонди китобхонаи донишгоҳ имрӯз аз 16 457 нусха  адабиёти таълимию бадеӣ ташкил ёфтааст. Дар таркиби фонди адабиётҳои электронӣ бошад, 42 691 маводи таълимию методӣ  ҷамъоварӣ карда шудааст.

        Ширкати фаъолонаи донишҷӯён ва олимони ҷавони донишгоҳ  дар озмунҳои илмию фаннӣ ва маърифатию варзишӣ дар миқёси вилоят ва ҷумҳурӣ низ арзандаи ситоиш аст.  Аз ҷумла,  2 нафар барандагони дипломи донишҷӯи солҳои 2016 ва  2017 дар вилояти Хатлон, 1 нафар соҳиби ҷойи дувум ва 3 нафар соҳибони ҷойҳои ифтихориии Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 нафар ғолиби озмуни донишҷӯи соли 2017 дар ҷумҳурӣ,   1 нафар Чемпиони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба варзиш ва 3 нафар ғолибони озмунҳои вилоятӣ дар бахши маърифатию зеҳнӣ гардиданд.

        Дар донишгоҳ аз соли 2016 инҷониб Шӯрои илмӣ – методӣ таъсис дода шудааст, ки  дар ин давра 20 масъала марбут ба корҳои методиро баррасӣ намуда, барои тасдиқи 23 дастурамалҳои таълимӣ – методӣ, 4 курси лексияҳо ва 15 саволномаҳои тестӣ қарор қабул намудааст. Аз ҷониби омӯзгорони донишгоҳ  3 китоби дарсӣ нашр гардида, инчунин 2 китоби дигар дар арафаи нашр аст.

       Дар ду соли фаъолияти  илмию нашриявии  кормандони донишгоҳ  пешравиҳо ба  назар мерасанд, чунончӣ  агар дар соли 2016 ҳамагӣ 17 мақола ва фишурдаҳо таълиф ёфта бошанд, пас дар соли 2017 ва семоҳаи аввали соли 2018  80 таълифоти илмӣ ба нашр расидаанд. Ҳамзамон, 6 ихтироот, 7 пешниҳоди навоварона ба қайд гирифта шудааст. Инчунин, аз моҳи октябри соли 2016  аввалин  шумораи  рӯзномаи  донишгоҳӣ бо номи «Пайки Шифо»  дар шакли бюллетен чоп шуда,  барасмиятдарории рӯзномаи мазкур ва маҷаллаи илмии донишгоҳ бо номи «Симурғ» айни ҳол идома дорад.  

      Бояд қайд намуд, ки фаъолияти муолиҷавии кормандони донишгоҳ низ дар ин давра таҳким ёфта, аз моҳи апрели соли 2016 инҷониб  7 нафар аз омӯзгорони донишгоҳ ба ҳайси ҳамкор, фаъолияти ихтисосиро дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникӣ ва Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара ба роҳ монданд.  Бешубҳа, ба фаъолияти тиббӣ оғоз намудани кормандони донишгоҳ  барои саҳм гузоштан дар корҳои машваратию сарпарастӣ ва муолиҷаи беморони ноҳия ва вилоят  иқдоми нек аст. Аз  давраи моҳи феврали соли 2016 то моҳи апрели соли 2018 аз ҷониби кормандони донишгоҳ ба 7828 нафар бемор корҳои табобатӣ ва ташхисӣ гузаронида шудааст. Аз  ин миқдор 500 ададаш амалиётҳои ҷарроҳии гуногун буда, дар беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии н. Данғара гузаронида шудааст, ки 54 намуди амалиётҳои ҷаррроҳии реконструктивӣ ва барқарорсозӣ  бори аввал ворид ва дар амал ҷорӣ гардидааст.   Ҳамчунин аз теъдоди умумии муолиҷашудагон  ба 4320  нафар  қудакони бемор,  200 нафар гирифтори бемории занона,  2465 нафар аз рӯи   бемориҳои дарунӣ ва ба 362 нафар аз рӯи бемориҳои гушу гулӯ ва бинӣ  муолиҷа ва ёрии тиббии расонида шудааст.

    Лозим ба қайд аст, ки дар баробари ба фаъолият шурӯъ намудани донишгоҳи навтаъсис  бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо ташкилоту муассисаҳои таълимӣ, марказҳои бонуфузи илмии ватанӣ ва хориҷӣ ДДТХ  дар ин давра бо ду беморхонаи ноҳияи Данғара, Маркази илмии ҷарроҳии дилу рагҳои шаҳри Душанбе, ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи давлатии Данғара шартномаҳои ҳамкориро ба имзо расонидааст. Илова бар ин, ба донишгоҳ  муяссар гардид, ки аввалин шартномаи ҳамкории худро моҳи апрели соли 2017  бо Донишгоҳи тиббии Синзияни Ҷумҳурии Халқии Хитой ба имзо расонад.  Дар моҳи марти соли 2018 роҳбарияти донишгоҳ ду меморандумро бо Мактаби байналмилалии тиббии Ҷумҳурии Қирғизистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Ал – Форобии Қазоқистон ба имзо расонид. 

       Шароити маишии кормандони донишгоҳ низ давра ба давра беҳ гардида, бо дастгирии раиси ноҳияи Данғара, аз ҳисоби хонаҳои истиқоматии Донишгоҳи давлатии Данғара  9 хона ва аз ҳисоби хонаҳои истиқоматии мактаби президентӣ дар ноҳияи Данғара 5 хона барои кормандони ДДТХ ҷудо карда шуд.   

      Аз моҳи апрели соли 2017 корҳои сохтмонии бинои маъмурии ДДТХ ва хобгоҳи  донишҷӯён, ки дар  марҳилаи аввал ба нақша гирифта шуда буд, оғоз гардидааст ва босуръат идома доранд. Ҳамчунин,  дар ин давра лоиҳаи 3 биноҳои таълимӣ низ  аз ҷониби Институти лоиҳакашии «САНИОСП» таҳия ва тасдиқ гардидааст. Масъулини донишгоҳ ба он  назаранд, ки дар баробари сохтмони иншооти таълимӣ бояд сохтмони биноҳои беморхонаи клиникиро низ мувофиқи  нақшаи генералӣ дар ин минтақа оғоз шавад, зеро   тадриси донишҷӯён шурӯъ аз курси 4 - ум пурра дар  ин иншоот ба роҳ монда мешавад.

     Дар маҷмӯъ, азми роҳбарияти ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ қавӣ ва  нияташон нек аст. Мутамаинем, ки минбаъд низ дар ҳама ҷанбаҳо комёб хоҳанд шуд.

Далер МЕРГАНОВ,

журналист

Таъсиси ҳама гуна мактаб нишони осудаҳолию пешрафти зиндагии мардуми ҳамон кишвар мебошад. Хосса таълимгоҳе, ки ба тандурустии одамон сари кор мегираду мақсади он тарбияи насли наврас ва мутахассисони ҷавон аст. Дар замони шӯравӣ Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон аз ҷумлаи мактабҳои олии шуҳратёри мо маҳсуб мешуд. Вай ҷумҳуриро ба табибони соҳибмаълумот таъмин мекард. Соли оянда ба таъсиси ин таълимгоҳи кишвар 80 сол пур мешавад. Дар ин муддати аз нигоҳи таърих начандон тӯлонӣ донишгоҳи мазкур мутахассисони бисёреро тарбия ва соҳиби маълумот кард. Вале бо мурури вақт маълум гардид, ки имрӯз дар Тоҷикистон бинобар сабаби афзудани шумораи аҳолӣ ва аз ҷумҳурӣ кӯч бастани бисёр мутахассисони соҳа табибон намерасанд. Хосса дар Хатлон барин вилояти калон, ки ба ҳар 10 ҳазор нафар аҳолӣ ҳамааш шуда 11,4 нафар табиб рост меояд. Дар миқёси ҷумҳурӣ ин нишондоди камтарин аст. Аз ин лиҳоз январи соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати ташкил намудани боз як донишгоҳи тиббии наву замонавиро таъкид кард. Ҳамин тавр, моҳи феврали ҳамон сол Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» ба имзо расид. Донишгоҳи тозатаъсис аз марти ҳамон сол арзи ҳастӣ кард. Инак аз байн ду сол сипарӣ гардид. Бо мақсади огоҳӣ ёфтан аз бурду бохти он дар ин муддат сӯҳбате доштем бо ректори донишгоҳ, доктори илмҳои тиб, профессор, узви вобастаи АИТТ, барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Убайдулло ҚУРБОН, ки ҳоло фишурдаи он пешкаши хонандагони гиромиқадр карда мешавад.

          ‒ Устод, шумо ки аз лаҳзаҳои аввали таъсиси Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҳузур доштед, мехостам дар ин бора ба хонандагони рӯзнома чанд сухан бигӯед

      ‒ Масъалаи таъсиси ДДТХ дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 январи 2016 таъкид гардид. Баҳри иҷрои супориши мазкур дар баробари дигар вазорату мақомоти марбута дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино низ роҷеъ ба таҳияи «Лоиҳаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» ситоди корӣ ташкил карда шуд. Роҳбарии ситодро ҳамчун ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино банда ба ӯҳда доштам. Ҳайати ситод, ки ашхоси корозмудаю соҳибтаҷрибаро дар бар мегирифт, баъди дақиқ ошно гаштан ба фикру мулоҳизоти коршиносону мутахассисони соҳа оид ба бунёди бинои донишгоҳи нав дар вилояти Хатлон 11 феврали 2016 андешаҳои хешро ба Президенти ҷумҳурӣ манзур намуд. Он аз ҷониби Президент дастгирӣ ёфт ва ҳамин тавр, 25 феврали 2016 «Қарор дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» дар Данғара қабул карда шуд. Ҳамзамон қарори ректори донишгоҳи мазкур таъйин карда шудани банда низ ба тасвиб расид. Фаъолияти донишгоҳ расман аз 4 марти 2016 оғоз гашт. Мо раёсати муваққатӣ ташкил кардем, ки 11 нафарро дар бар мегирифт. Вазифаи раёсат қабл аз ҳама ба роҳ мондани кори донишгоҳ, таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ, таъмини шаффофияти имтиҳоноти нахустини донишгоҳ ва раванди босифати таълим ва амсоли онҳо буданд. Ҳамин тавр, то оғози соли таҳсил мо тавонистем, ки корҳои зиёдеро ба анҷом расонем.

        − Қадами нахуст гар устувор бошад, бори мақсуд ба манзил мерасад. Гомҳои нахустини шумо ҳамчун сарвари аввалини донишгоҳи тозатаъсис чӣ гуна буданд ва оё ниёз ба дастгирии дигарон доштед ё на?

          − Тавре, ки дар боло гуфтам, банда то ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон таъйин гардиданам, зиёда аз даҳ сол ректори яке аз бузургтарин макотиби олии ҷумҳурӣ – Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино будам. Дар муддати кор дар ин даргоҳи илму маърифат таҷрибаи ғанӣ андӯхтам, ки имрӯз ҷиҳати роҳандозии фаъолияти донишгоҳи тиббии тозатаъсис маро ба кор омад. Корро аз иҷрои дастуру супоришҳои ҳукумат ва таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили оиннома, шиноснома ва рамзи донишгоҳ, гирифтани иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ, тасдиқи басти воҳидҳои корӣ, тартиб додани лоиҳаи буҷаи донишгоҳ барои соли 2016, низомномаҳои гуногун ва амсоли онҳо оғоз кардем. Дар як муддати кӯтоҳ раёсат, зерсохторҳо, шӯрои олимон таъсис ёфтанд, ҳарчанд, ки проблемаҳо хеле зиёд буданд.

         − Қабули довталабони соли аввали таҳсил чӣ гуна сурат гирифт. Душвориҳои зиёде, ки пешорӯи шумо омада буданд, магар ба ҷараёни ин кори муҳим халал ворид насохтанд?

         ‒ Соли аввал тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули довталабон ва ташкили имтиҳоноти озмунӣ ба ӯҳдаи роҳбарияти донишгоҳ вогузор гардид. Қабули довталабон кори хеле пурмасъул ва ҷиддӣ буд. Ҷиҳати    шаффоф сурат гирифтани раванди имтиҳонот «Қоидаҳои қабули довталабон ба ДДТХ барои соли таҳсили 2016 − 2017», ҳамчунин санадҳои дигари меъёрию ҳуқуқӣ таҳия ва тасдиқ карда шуданд. Дар иҷрои ин корҳо ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино кумаки хешро дареғ надошт. Қатъи назар аз сар задани баъзе проблемаҳо мо тавонистем аз 1633 нафар довталаб 353 нафарро ба курси якуми донишгоҳ қабул бикунем. Имтиҳоноти соли дуюми таҳсил дар Маркази миллии тести (ММТ)-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд.  Дар робита ба ин мавзӯъ дар Шӯрои олимони донишгоҳ нақшаи чорабиниҳо ва комиссияи қабули донишҷӯён ба тасвиб расид. Комиссия аз аввал то охири моҳи август фаъолият намуд. Дар ин муддат тибқи нақшаи ММТ 335 нафар довталаб ба курси якум қабул карда шуданд. Ҳамин тавр, имрӯз дар донишгоҳ 715, аз ҷумла ба тариқи шартномавӣ 445 нафар донишҷӯ  бо таҳсил фаро гирифта шудааст. Боло бурдани савияи таълиму тарбия ва риояи шаффофият дар давраи қабули довталабон аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки феълан дар донишгоҳ ҳаллу фасли худро ёфтаанд. Имрӯз зиёда аз 40 дарсади донишҷӯёни мо бо баҳои хубу аъло таҳсил мекунанд. Бисёри онҳо дар олимпиадаю чемпионатҳо иштирок намуда, ғолибият ба даст овардаанд.

  • Донишҷӯён ҳамагӣ аз вилояти Хатлон мебошанд?

       − Не, аз нисф андаке бештар аз вилояти Хатлон, боқӣ ҳама аз вилояти Суғд, ВМКБ, навоҳии тобеи марказ ва ш. Душанбе омадаанд. Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон мактаби олии сатҳи ҷумҳуриявӣ мебошад ва хоҳишмандон аз тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ ҳуқуқ доранд, ки дар он таҳсил бикунанд ва соҳиби маълумоти тиббӣ гарданд. Дар ин бобат барои касе, ҳатто хоҳишмандон аз давлатҳои хориҷӣ низ маҳдудият вуҷуд надорад.

   − Қабули устодон ба кор чи гуна сурат гирифт. Шояд дар ин самт низ хоҳишмандон бисёр буданд?                                                                                    − Бале, хоҳишмандон буданд. Барои ишғоли вазифаҳо дар васоити ахбори омма озмун эълон карда шуд. Дар тӯли як моҳ 60 нафар ҳуҷҷат пешниҳод кард. Аз ин миқдор 36 нафар ба кор қабул гардид. Моҳи августи соли сипаригашта низ дар донишгоҳ барои ишғоли вазифаҳои холӣ дар ҳайати профессорону омӯзгорон озмун баргузор шуд. Дар натиҷа 26 нафар комёб гаштанд, ки ду нафари онҳо дорои дараҷаи номзади илм мебошанд. Ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ 64 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин 48 нафар корманди асосӣ ва 16 нафар ҳамкори берунӣ аст. 14 нафар омӯзгор дараҷаи илмӣ дорад, ки мувофиқ ба меъёрҳои стандарт барои муассисаҳои олӣ мебошад. Бо вуҷуди ин, дар кафедраҳои биология, физика, информатика, гистология ва забони лотинӣ воҳидҳои кории холӣ вуҷуд доранд. Раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати ҳалли масъалаи мазкур давра ба давра озмун эълон бикунад.  

       − Дар донишгоҳ таълим бо кадом забонҳост?

      − Таълим дар 24 гурӯҳ бо забони тоҷикӣ ва дар 24 гурӯҳ бо забони русӣ мебошад. Дар ҷумҳурии мо бо забони модарӣ ба роҳ мондани таълим ҳатмист ва имрӯз дар ДДТХ чунин шароит фароҳам оварда шудааст ва агар  имконият даст медод, мо ҷараёни таълимро дар баробари забонҳои тоҷикию русӣ бо забонҳои дигари машҳури дунё, аз ҷумла забони англисӣ низ ба роҳ мемондем. Имрӯз бисёр китобҳои дарсии тиббӣ, адабиёти иловагӣ ва мақолаҳо бо забонҳои русӣ ва англисӣ мебошанд. Илова бар ин, дар саҳифаҳои интернет бо ин забонҳо маълумоти фаровон ҷой дода шудааст. Ба таври дигар гӯем, барои донандагони забони русӣ ва англисӣ проблема вуҷуд надорад. Шояд аз ҳамин хотир дар байни толибилмони донишгоҳи мо низ хоҳишмандони таълим бо забони русӣ бисёранд.   

        − Устод, яке аз самтҳои фаъолияти макотиби олии тиббӣ кори муолиҷавӣ мебошад. Дар ДДТХ ин масъала чӣ гуна ҳаллу фасл ёфтааст?

       −  Суоли хеле бамаврид аст. Табобат ва таълим дар донишгоҳи тиббӣ тавъам буда, наметавонанд бидуни якдигар вуҷуд дошта бошанд. Донишгоҳи мо ба Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникӣ ва Беморхонаи марказии ноҳиявӣ ҳамкории ногусастанӣ дорад. Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявӣ нисбатан хурд бошад ҳам, замонавӣ ва барои ба роҳ мондани корҳои ҷарроҳӣ хеле мувофиқ аст. Бояд гуфт, ки фаъолияти муолиҷавии кормандони донишгоҳ беш аз пеш таҳким меёбад. Ба фаъолияти тиббӣ оғоз намудани онҳо ҷиҳати саҳмгузорӣ дар корҳои машваратию сарпарастӣ ва муолиҷаи маризони ноҳия ва вилоят иқдоми нек аст. Аз теъдоди умумии беморони табобатёфта беш аз 100 нафар донишҷӯёни худи донишгоҳ мебошанд. 21 нафар толибилм мавриди ҷарроҳӣ қарор гирифт, ҳамчунин 7 нафар кормандон аз ҷониби банда ҷарроҳӣ карда шуданд. Маврид ба қайд аст, ки ҷиҳати муайян намудани вазъи саломатӣ ва ҷавобгӯ будани ҳолати тандурустии муҳассилин ба ихтисоси табибӣ донишҷӯёни соли аввали таҳсил аз муоинаи тиббӣ гузаронда мешаванд. Дар натиҷа маълум гашт, ки 13 нафар донишҷӯ гирифтори рангкӯрӣ ё далтонизм ва 28 нафар гирифтори наздикбинӣ ё мопия мебошад. Чунин муоинаҳо моҳҳои октябр-ноябр аз ҷониби кормандони донишгоҳ дар якҷоягӣ бо мутахассисони беморхонаҳо сурат мегиранд. Таҳлили дусола нишон дод, ки дар байни донишҷӯён ҳамзамон бо бемориҳои дигар, бемории рангкӯрӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст ва ин ҳолат таҳсили донишҷӯро дар риштаи тиб зери суол мегузорад.   

        −  Аз ҷониби устодони донишгоҳ бештар кадом амалиётҳои ҷарроҳӣ ба иҷро расонда мешаванд?             

      −  Амалиётҳои ҷарроҳие, ки мо дар беморхона мегузаронем, гуногун мебошанд, аз қабили рафъи контрактураи сӯхтагии ангуштон ва бандҳои бузург, тармими қолабвайронии осебзоди бинӣ ва миёндевори он, тармими осебҳои кушода ва пӯшидаи бинӣ, бурида гирифтани омосҳои некфарҷом, тармими барқарорсози бинӣ, тармими дуҷонибаи гӯшҳо, рафъи ангуштчаспидагии дастҳо, флебэктомияи пой, ҷарроҳии ҷоғар, ҷарроҳии тармимии девораи пеши шикам,  барқарор намудани асаби оринҷ ва пайҳои хамкунандаи панҷа, колпорафияи пасу пеш, ҷарроҳиҳои олати таносул, рафъи контрактураи панҷа, бурида гирифтани қабурғаи изофӣ, қатъи мушаки нардбоншакл ва ғайраҳо. Бояд гуфт, ки бори нахуст дар амалияи Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии ноҳия усули ҳисбарии мавзеии асаби бозу, ҳамчунин дар кори ташхис барои ошкор сохтани иллатҳои ҷавфи бинӣ аз томографияи компютерӣ истифода карда шуд. Устодони донишгоҳ  ҳамчунин аввалин шуда барои ташхиси гипоспадияи атфол, ки нақси модарзодии олати таносул мебошад, усули ҷадиди урофлуометрияро роҳандозӣ карданд. Онҳо дар амалиётҳои дигари ҷарроҳӣ, аз қабили қатъи кӯррӯда ва сипурз, чоки қайсарӣ ва ғайраҳо низ ширкат мекунанд. Умуман, тӯли ду соле, ки донишгоҳ  бо беморхонаҳои ноҳия ҳамкорӣ дорад, бори аввал дар шароити минтақа ва бо истифода аз технологияи замонавӣ зиёда аз 40 намуди амалиёти ҷарроҳӣ гузаронда шудааст. Ҷарроҳиҳо аз ҷониби банда ва гурӯҳи ҷарроҳон –Ҷанобилова С. М., Холов Ш. И., Дадоҷонов Ҷ. Ю, Қурбонов З. А., Исмоилов Қ. ва Камолов А. С.  амалӣ мегарданд. Саҳми устодони мо дар кори табобат танҳо аз ҷарроҳӣ иборат нест. Дар ташхису муолиҷаи бемориҳои дарун саҳми устодон Қузибоева Н. Қ. ва Хоҷаева М.А., бемориҳои занона Сайфиддинова Ф., амрози гӯшу гулӯю бинӣ Бӯстонов М. ва дигарон назаррас мебошад. Ин ҳама барои дар оянда дар донишгоҳ ташкил кардани кафедраҳои марбута заминаи мусоид фароҳам меорад.

       − Пас, маълум мегардад, ки устодони донишгоҳ бо беморхонаҳои ноҳия робитаи устувор барқарор кардаанд. Ин албатта  ба манфиати аҳолӣ низ мебошад?

     − Ба табобат даст задани устодони донишгоҳ, инчунин саҳмгузории онҳо дар корҳои машваратию сарпарастӣ ва муолиҷаи беморон иқдоми нек аст. Бубинед, таи ду соли фаъолияти донишгоҳ наздики 8000 нафар маризон муоинаю муолиҷа карда шудаанд. Аз ин миқдор 500 адад амалиёти ҷарроҳӣ мебошад. Устодони донишгоҳ тақрибан ба 4300 нафар кӯдак ва зиёда аз 2400  нафар одамони гирифтори бемориҳои дарунӣ кӯмаки тиббӣ расонданд. Роҳбарияти ДДТХ мақсад дорад дар доираи ҳамкорӣ бо беморхонаҳои ноҳия ва истифода аз неруи илмию тахассусии хеш мактабҳои серсоҳа, чунончи, мактаби ҷарроҳон, мактаби табиби атфол, мактаби духтурони муолиҷ ва ғайраҳоро роҳандозӣ бикунад. Бовар дорам ҷавононеро, ки дар ин мактабҳо ба камол мерасанд, оянда дар кори тиббу табобат пирузиҳои назаррас интизоранд. Дар ин кор метавонанд устодони соҳибтаҷриба, аз қабили Ғафуров Б., Саидов И., Усмонова У. Х., Қузибоева Н. Қ., Аҳмадов Ш. Р., Саидова М. ва бисёр дигарон, ки аз ибтидо бори гарони таълиму тарбияи донишҷӯёнро бар дӯш доранд, саҳми беандоза гузоранд.

      – Махзани илму маърифати ҳар донишгоҳ китобхонаи он аст. Бигӯед, ки китобхонаи донишгоҳи шумо дар кадом ҳолат қарор дорад ва оё толибилмон бо китобҳои дарсӣ таъмин мебошанд?

      – Кори таълиму тарбияро бидуни китобхона наметавон тасаввур кард. Китоб омили асосии пешбурди фаъолияти мактаби олист. Соли гузашта барои донишгоҳ ба маблағи 381 ҳазор сомонӣ 63 номгӯй ё 3450 нусха китоб харида шуд. Илова бар ин, аз ҷониби Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино 32 номгӯй бо теъдоди 2664 нусха ва аз ибтидо 74 номгӯй бо теъдоди 10400 нусха китобҳои зарурӣ   тӯҳфа карда шудаанд. Умуман, ДДТХ аз кӯмакҳои беғаразонаи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино борҳо баҳравар гардидааст, ки барои ин ба раёсати донишгоҳ, хосса ба ректори он доктори илмҳои тиб, профессор Гулзода Маҳмадшо арзи сипос мекунам. Феълан фонди китобхонаи мо аз 1670 номгӯй ё 15372 нусха китоби таълимию бадеӣ иборат аст. Китобҳои таълимӣ 13349 нусха мебошанд. Аз ин миқдор 6302 нусха бо забони тоҷикӣ аст. Фонди адабиёти электронии донишгоҳро 42691 маводди таълиму тарбия ташкил медиҳанд.

       – Кадом нақшаҳои дигар пешорӯи шумо истодаанд, ки иҷрои онҳоро ҳатмӣ медонед?

     – Нақшаҳое, ки бояд амалӣ гарданд, хеле зиёд мебошанд. Чунончӣ, дар амал татбиқ намудани нақшаи чорабиниҳои давлатӣ ва дастуру супоришҳои Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амалӣ гардондани фармону қарорҳои Вазорати маориф ва илм, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, беҳтар намудани сифати омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ ва курсҳои компютерӣ барои омӯзгорон, дарёфти роҳҳои дастрас намудани таҷҳизоти тиббию озмоишгоҳӣ, сафарбар намудани ҳайати профессорону омӯзгорон ба курсҳои бозомӯзии касбӣ, баргузор намудани конфронсҳои илмию амалии олимони донишгоҳ, баргузор сохтани озмунҳо барои ишғоли вазифаҳои холӣ дар кафедраҳои навтаъсис ва ғайраҳо. Умуман, корҳо ба қавле аз мӯи сар ҳам зиёданд.

    − То андозае, ки банда воқиф ҳастам, дар ДДТХ «Клуби сайёҳӣ» мавҷуд аст. Он чи гуна клуб аст ва кадом вазифаҳоро иҷро мекунад?

   − «Клуби сайёҳӣ» соли гузашта дар мувофиқа бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. То имрӯз дошишҷӯёну кормандони донишгоҳ чаҳор маротиба аз ҷойҳои таърихӣ ва мавзеъҳои зебоманзари вилояти Хатлон дидан карданд. Дар пешору нақшаҳои бисёр дорем, ки агар имконият даст диҳад, ҳатман амалӣ хоҳанд шуд.

    − Устод, сӯҳбат поён меёбаду шумо дар бораи проблемаҳои ҷойдошта ҳарфе назадед. Ё мумкин дар донишгоҳ проблемаҳо вуҷуд надошта бошанд?

     − Дар ҷое ки кор ҳаст, проблемаҳо низ пайдо мешаванд. Аммо бо номбар кардани онҳо дури мақсуд ба даст намеояд. Дастҷамъона аз паи дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо шудан лозим аст. Бовар дорам, ки бо кумаку дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Данғара ва вазоратҳои марбута ДДТХ аз ҷумлаи беҳтарин мактабҳои олии кишвар хоҳад шуд.

    − Гуфтаниҳои дигар ҳам доред?

    − Бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам ба раиси ноҳия Маҳмадулло Сайдализода, сардухтури Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявӣ  Хизматулло Шамсзода, сардухтури Беморхонаи марказӣ Сайдалӣ Ғуломзода, директори мактаби Президентӣ Қурбоншо Абдуллоев ва ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Нуралӣ Шоҳиён барои кумаку дастгирии беминаташон арзи сипос намоям.

   − Барои сӯҳбати самимӣ ташаккур.

Мусоҳиб Абдушукур РАҶАБЗОД

Дар гурӯҳи 105-и факултети тиббӣ  дарси кушоди мудири кафедраи биология, н.и.б.дотсент Чориев А.С. дар мавзӯи «Биология ва экологияи навъи инфузорияҳо» гузаронида шуд. Мавзӯи дарс ба талаботи стандартҳои имрӯзаи таълимӣ нисбати мак табҳои олӣ созгор буд. Омӯзгор дар рафти дарс кушиш бар он намуд, ки мавзӯи дарс бо ихтисоси донишҷӯён- илми тиб алоқаманд бошад. Донишҷӯён бо шавқу ҳаваси  калон нисбати масъалаҳои баррасишаванда изҳори ақида мекарданд. Омӯзгор бошад нуқтаҳои муҳими андешаҳои онҳоро таъкид карда, баъзан нопурра шарҳ додани ин ё он масъаларо таъкид менамуд.

    Дар дарси кушод мудири кафедраи забонҳо н.и.ф. Қурбонмамадов С.Х., мудири кафедраи морфология ва физиологияи одам Зарипов И.А., саромӯзгори кафедраи забонҳо Қурбонов Х.Ш., омӯзгори кафедраи химия ва биологияи тиббӣ Шарипова Ҳ. Я. ва сармутахассис оид ба назорати таълим Одинаев С.П. ширкат намуданд.

     Дар анҷоми дарс  сармутахассис оид ба назорати таълим Одинаев С.П натиҷаи дарси мазкурро ҷамъбаст намуда, ба донишҷӯён барои иштироки фаъолонаашон ва ба омӯзгор барои чунин як дарси аз ҷиҳати методию масъалагузорӣ дар сатҳи мувофиқ изҳори миннатдорӣ намуд.

Шуъбаи таълим
Сармутахассис оид ба назорати таълим

Чоршанбе, 25 Апрел 2018 00:00

МАН ФАРЗАНДИ ПАДАРИ ХУД МЕБОШАМ

 Дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон    вохӯрии донишҷӯён бо як нафар инсони наҷиб, шахсе, ки дар қалбаш меҳри тоҷику тоҷикистониён ҷӯш мезанад – шоир Алексей Амиршоевич Авғонов баргузор гардид. Шоир алҳол сокини шаҳри Рязани Федератсияи Россия мебошад. Вай ду миллат – тоҷикону русро таҷассум менамояд. Вай худро «фарзанди падари худ мебошам» меномад ва дар ҳамаи навиштаҳояшро маҳз бо ҳамин ном имзо мекунад.

 

       Волидайни ин шоири шинохта дар сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон – шаҳри Хоруғ бо ҳам шинос шудаанд. Дар ҳамин ҷо шоир чашм ба дунёи ҳастӣ кушодааст. Падараш тоҷик ва модараш – рус ҳастанд.  Сараввал онҳо дар қисми ҳарбии наздисарҳадии  дар қишлоқи Сариғори ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон зиндагӣ кардаанд.

       Аз сабаби барои адои вазифаи хизматӣ тез-тез манзили зистро  иваз намудани падараш Алексей дар манотиқи гуногуни собиқ шӯравӣ – Тошканд, Свердловск, Шӯрообод, Душанбе, Хоруғ, Кӯлоб, Фархор, Москва ва ғайра умр ба сар бурдааст. Фақат дар шаҳри Душанбе 35 сол зиндагӣ кардааст.

      Вақте ки шахс дафтари ҳаёти ин марди наҷибро варақгардон менамояд, бори дигар ба матонату муҳаббати бузурги ин марди қавиирода нисбати мардуми тоҷик қоил мегардад. Вай чунин қайд намудааст: «В один прекрасный момент я так решил: нельзя быть наполовину художников и поэтом, героем и трусом, любимым и ненавидимым. Также нельзя быть наполовину таджиком и наполовину русским.Надо в конце концов  выбрать. После 90-х я выбрал таджиков как свой народ.  Русские, само собой, тоже мне родные, но все же я – таджик!» 

     Вохӯриро устоди кафедраи забонҳо Одинаев С.П. ҳусни ифтитоҳ бахшида,   ин шоири шинохтаро барои донишҷӯён муаррифӣ намуд. Алексей Амиршоевич бо муҳаббати зиёде оид ба мардуми тоҷик ҳарф зада, шеърҳои худро қироат намуданд. Вақте ки ӯ шеър мехонд, ногоҳ ба ёдам шоири барҷастаи асри ХIХ тоҷик Тошохоҷа Асирӣ  омад, ки бори аввал дар адабиёти тоҷик дар шеърҳои худ вожаҳои русиро ба кор бурдааст.  Бубинед, ки Алексей Амиршоевич чӣ мегӯяд:

Иду пешком я в Мекку

Молиться за народ.

Мир – Дому, Человеку.

Ватан ё марг! Вперёд!

       Аз чеҳраи болида ва пурҳаяҷони донишҷӯён эҳсос мекардам, ки вохӯрӣ бо ин марди ҷаҳондидаву меҳанпараст дар қалби онҳо чӣ гуна таассуроти бузурге боқӣ гузоштааст.

      Барои ширу шакар шудани вохӯрии мазкур суратгири тарроҳ Ёров Шуҳратҷон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ расмҳои аккосикардаи худро ба намоиш гузошта буд. Ҳамчунин барои хастагиро ҳис накардани сомеон ҳангоми суханронии Алексей Амиршоевич ин суратгири шинохта гоҳ-гоҳ бо  дутор сурудҳои марғуберо месароид, ки донишҷӯён бо камоли завқ роҳат мебурданд.

       Сипас донишҷӯён ба Алексей Амиршоевич саволҳои гуногун дода, аз ҳаёти наҷиби ин марди сарсупурдаи миллати тоҷик огоҳии бештаре гирифтанд.

       Баъди анҷоми вохӯрӣ Алексей Амиршоевич дар ҳалқаи донишҷӯён монд, ки бо шавқу ҳаваси зиёд вайро саволборон намуда, аз ин вохӯрӣ хотираҳои некро бардоштанд. Дар саҳни донишгоҳ тамоми донишҷӯёни иштирокчии вохӯрӣ бо Алексей Амиршоевич расми хотира гирифтанд. Хурсанд аз он шудам, ки ин вохӯрӣ барои донишҷӯён дарси бузурги хештаншиносиву меҳанпарастӣ гардид. Ҳангоми гусел ва хайрухуш аз Алексей Амиршоевич таассуроташро аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон    пурсидам. ӯ андешамонда чунин посух дод:

     - Ростӣ, ман дар шаҳрҳои бузурги Россия бо хонандагону ҳаводорони худ вохӯриҳо доштам. Вале ин вохӯрӣ маро сахт мутаассир кард. Чунки дар чеҳраи донишҷӯёни шумо он қадар рағбату шавқмандиро дидам, ки ҳатто мани ҷаҳондидаро ҳаяҷони сахте пахш кард. Ба раёсати донишгоҳи навтаъсис ва толибилмони он дар фатҳи қуллаҳои душворгузари фаъолият ва дониш комёбиҳо таманно дорам. Агар иҷозат диҳед, ман як шеъри худро ба забони русӣ қироат намоям:

Клянусь всего, всего себя отдать!

Но родиной клянусь не торговать!

Клянусь не забывать что я таджик!

Пусть молодой, пусть зрелый, пусть старик!

Одинаев С.П. – устоди кафедраи забонҳои ДДТХ

Дар асоси Нақша-чорабиниҳои баргузории идҳои баҳорӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон рӯзи 10-уми марти соли 2018 озмуни Донандаи беҳтарини истилоҳоти тиббӣ ба забони лотинӣ” дар доираи нақша чорабиниҳои баргузории идҳои баҳорӣ дар ДДТХ баргузор карда шуд. Дар озмун аъзои Кумитаи тадорукот – муовини ректор оид ба таълиму тарбия Ғафуров Б.А., – муовини ректор оид ба корҳои хоҷагӣ Аҳадов Ш.Ф., сардори шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа Аҳмадов Ш.Р., сардори МТИ Мардонзода Қ., мудири кафедраи забонҳо Қурбонмамадов С.Х., декани факултетҳо Саидов И.З., сармутахассис оид ба назорати сифати таълим Одинаев С.П., омӯзгорони фанни лотинӣ Раҳимов Ф.С., Абдусатторзода Ф., Ҳайназаров М. ва 36 нафар донишҷӯён иштирок намуданд. Дар асоси низомномаи озмун ба иштирокчиён 100 истилоҳоти тиббӣ ба забонҳои тоҷикию русӣ пешниҳод карда шуданд. 

      Бояд қайд кард, ки мақсади асосии баргузории озмуни мазкур ҳавасмандгардонии донишҷӯён ва беҳтар ба роҳ мондани истилоҳоти тиббӣ ба забони лотинӣ буд, зеро вазифаи аввалиндараҷаи донишҷӯёни донишгоҳи тиббӣ омӯзиш ва аз худ кардани истилоҳоти тиббию анатомӣ мебошад.

      Натиҷаи озмун ғолибони зеринро муайян намуд:

      Ҷойи аввал – Юнусов Абдуллоҷон –гурӯҳи 101 стоматологӣ

      Ҷойи дуюм- Муҳсинова Субҳия – гурӯҳи 102 педиатрӣ

      Ҷойи сеюм – Саидов Комрон – гурӯҳи 101 тиббӣ

    Ғолиби озмун дар чорабинии умумидонишгоҳии ҳангоми таҷлили иди Наврӯз ба Ифтихорномаи раёсати донишгоҳ ва мукофот қадр карда мешавад.

Кафедраи забонҳо

    Санаи 28.02.2018с. дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №70-и ноҳияи Данғара конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Зан – модар,  тарбиятгар”  бахшида ба “Рӯзи Модар” баргузор гардид, ки дар он 3 нафар устодони донишгоҳ – раиси Шӯрои занон ва духтарони ДДТХ н.и.х.Усмонова У.Х., саромӯзгори кафедраи забонҳо Қурбонов Х.Ш., мудири кафедраи забонҳо н.и.ф.Қурбонмамадов С.Х. ва донишҷӯи курси дуюми факултети педиатрӣ Самадов Саддамҷон бо маърузаҳои ҷолиб баромад намуда, нақши занро дар тарбияи фарзанд мавриди баррасӣ қарор доданд.

      Бояд зикр намуд, ки конфронс дар ҳамкорӣ бо Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Данғара ташкил карда шуда, ҳамчунин дар баробари омӯзгорон донишҷӯёни ДДТХ низ дар конфронс ширкат варзиданд.

      Дар анҷоми конфронс маърузачиён бо сипосномаи Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Данғара қадрдонӣ карда шуданд.

Шӯрои занон ва духтарони ДДТХ

       Дар кафедраи морфология ва физиологияи одам   дар асоси нақшаи таълимӣ   рӯзи 06-уми  марти  соли 2018 дар гурӯҳи 105 педиатрӣ   дар  мавзӯи «Анатомияи узвҳои шошаю таносул» дарси  кушоди мудири кафедра Зарипов И.А.   гузаронида  шуд. Рафти  дарс  бо истифодаи  слайдҳо, расмҳо  баргузор  гардид. Дар охир барои  мустаҳкамкунии  маводи  дарсӣ  саволу  ҷавоб байни донишҷӯён бо устод  сурат гирифт. Донишҷӯён ба саволҳои додаашон  ҷавоби  пурра  гирифта  қаноатманд  шуданд.

       Дар   дарси  кушод  Одинаев С.П.-  сармутахассис оид ба назорати сифати таълим, Наботова О. З – муаллимаи кафедраи анатомияи одам ва гистология , муаллимаи кафедраи ҷомеашиносӣ Мардонова Н, омӯзгори кафедраи химия ва биологияи тиббӣ  Султонмамади Г., омӯзгори кафедраи забонҳо Отахонов Р., иштирок доштанд.  Дар охир    сармутахассис оид ба назорати сифати таълим Одинаев С.П. натиҷаи дарсро ҷамъбаст намуда, бори дигар зарурияти омӯзиши ин фанро барои толибилмони донишгоҳи тиббӣ таъкид намуданд.

Кафедраи морфология ва физиологияи одам

   Бо мақсади интихоби дониш ҷӯёни беҳтарин барои иштирок дар олимпиадаҳои фаннии  ҷумҳуриявӣ дар асоси нақшаи тартибдодаи Шуъбаи таълим озмуни даври аввали дохилидонишгоҳӣ баргузор карда  шуд. Озмун аз фанҳои забони то ҷикӣ, русӣ, англисӣ, физика, химия, биология, таърихи халқи то ҷик, фалсафа гузаронида шуд. Мувофиқи  ҷадвали муқарраршуда 15-уми феврал  аз фалсафа ва таърих, 16-уми феврал – аз химия ва биология, 19-уми феврал аз физика, информатика, математика, 20-уми феврал аз забонҳои то ҷикӣ, русӣ, англисӣ озмуни интихоби иштирокчиёни олимпиадаи  ҷумҳуриявӣ гузаронида шуд. Озмун бо иштироки сарвари Шуъбаи таълим Усмонова У.Х., сармутахассис оид ба назорати сифати таҳсилот Одинаев С.П., мудирони кафедраҳо ва омӯзгорони фаннӣ баргузор гардида, мувофиқи холҳои бадастоварда беҳтаринҳо интихоб карда шуданд. Дониш ҷӯёни зерин аз озмунҳои фаннии умумидонишгоҳӣ сазовори  ҷойи аввал дониста шуданд:

Аз фанни забони то ҷикӣ – дониш ҷӯйи соли дуюми факултети тиббӣ Комилова Бибисоро;

Аз фанни забони русӣ – дониш ҷӯйи соли аввали факултети педиатрӣ Абдуллоев Баҳруллоху ҷа;

Аз фанни забони анлисӣ – дониш ҷӯйи соли дуюми факултети тиббӣ Ҳамроев Муҳаммадзамон;

Аз фанни биология – дониш ҷӯйи соли аввали факултети стоматологӣ Камолова Ҳангома;

Аз фанни химия – дониш ҷӯйи соли дуюми факултети стоматологӣ Тоатов Шаҳром, дониш ҷӯёни соли аввал Шодиев Акмал, Пӯлодов Абдувалӣ

Аз фанни физика – дониш ҷӯйи соли дуюми факултети тиббӣ  Ҷобири Қурбоналӣ, дониш ҷӯёни соли аввали факултети стоматологӣ Юнусов Абдулло ҷон, Рустамов Акмал,

Аз фанни таърихи халқи то ҷик – дониш ҷӯйи соли дуюми факултети тиббӣ Шарифов Мубориз;

Аз фанни фалсафа - дониш ҷӯйи соли дуюми факултети тиббӣ Муҳаммади Саидмустафо.

Шуъбаи таълими ДДТХ

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид