Хабарҳои ДДТХ (1029)
Сухани табрикотии Ректори ДДТХ, д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон бахшида ба «Рӯзи Дониш» 01.09.2024. Соат 07:00.
Ҳозирини гиромӣ, меҳмонони арҷманд!
Устодон ва шогирдони азиз!
Боиси ифтихор ва фараҳмандӣ аст, ки имрӯз мо дар саҳни ин боргоҳи маърифат бо ҳузури мубораки ҳар кадоми Шумо ҷашни басо хотирмон – «Рӯзи дониш»-ро таҷлил менамоем. Таҷлили Рӯзи дониш ва баргузории Дарси сулҳ дар оғози соли хониш яке аз анъанаҳои неки даврони соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб меравад ва аз он меболем ки имрӯз дар саросари кишвари маҳбубамон – Тоҷикистони азиз 1-уми сентябр ҳамчун «Рӯзи Дониш» бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.
Аз ин фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи Шумо ҳайати профессорону омӯзгорон ва шогирдони азизро бо оғози соли нави таҳсил, Рӯзи Дониш ва дарси сулҳ самимона шодбош намуда, ба Шумо рӯзгори пурфайзу баракат, фазои сулҳу осоиштаи ватан ва хониши хубу аълоро таманно менамоям.
Ҳозирини гиромӣ!
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон бахшида ба Рӯзи дониш барҳақ қайд намуданд, ки: Баргузории Рӯзи дониш дар сатҳи умумимиллӣ далели эҳтироми баланди давлат ва мардуми Тоҷикистон ба илму маориф ва донишу маърифат мебошад. Воқеан, миллате, ки ба илму дониш ва фарҳангу маънавиёт арҷ мегузорад, миллати ояндадор ва тавонову соҳибтамаддун аст».
Ин суханҳои Пешвои муаззами миллат мо аҳли илму маорифро вазифадор месозад, ки беш аз пеш ба таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавони ҷомеа диққат диҳем. Зеро ба қавли Абушакури Балхии бузургвор:
Ба ҳангоми барноию кӯдакӣ
Ба дониш тавон ёфтан зиракӣ.
Дарахте, ки хурдак бувад боғбон
Бигардонад ӯро чу хоҳад чунон.
Ҳаким Фирдавсии нобиғаи давронҳову замонҳо беҳтарину волотарин суханеро дар сифоти бузургиву аҳаммияти дониш офаридааст, ки бемуҳобо, ҳеҷ гоҳ куҳна ва беарзиш нахоҳанд шуд.
Касе, к-ӯ ҷаҳонро бувад хостгор,
Варо дониш бояд, на гавҳар ба кор,
Ба дониш бувад ҷону дилро фурӯғ,
Нигар то нагардӣ ба гирди дурӯғ.
Зи дониш дари беқиёсӣ маҷӯй
Агарчанд аз ӯ сахтӣ ояд ба рӯй.
Имрӯз, албатта, барои донишҷӯёни соли аввал, ки касби пурмасъулу бошарафи табибиро интихоб намудаанд, рузи пурҳаяҷону изтиробомез ва хотирмон ба шумор меравад, зеро ин қадами нахустини Шумо ҷониби дунёи табибӣ мебошад ва ҳар яки Шумо бояд мақому манзалат ва рисолати бузурги табиб дар назди аҳли башарро бо маънои томаш дарк намоед. Касби интихобкардаи худро самимона дӯст доред, бо кору рафтори худ исбот кунед, ки шумо барҳақ ворисони ҳақиқии Абуалӣ ибни Синои нотакрор хоҳед шуд.
Ҳозирини гиромӣ!
Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, ки бо ташаббусу ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият шуруъ намудааст, имсол аз фаъолияти он ҳашт сол пур шуд. Дар ин муддати хеле кутоҳ донишҷӯёни донишгоҳ бо дастовардҳои назарраси худ аллакай номбардори ин боргоҳи илму маърифат гардида истодаанд.
Лозим ба қайд аст, ки соли гузашта маҳз Рӯзи дониш дар ин донишгоҳи азизамон, бо иштироки бевоситаи Пешвои муаззами миллат ва расман кушодашавии ин маҷмааи муҳташами таълимӣ, баргузор гардид, ки барои аҳли донишгоҳ ҷаҳони ифтихору фараҳмандиро арзонӣ дошт.
Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯз теъдоди донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон зиёда 2,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Боиси хурсандӣ аст, ки имсол дар баробари се факултет дар донишгоҳ ду факултети дигар – факултети тибби профилактикӣ ва факултети фармасевтӣ таъсис дода шуданд ва нақшаи қабули донишҷӯён низ аз 350 нафари солҳои қаблӣ ба 750 нафар зиёд карда шуд.
Ба донишҷӯёни азиз ин боргоҳи илму дониш профессорону омӯзгороне дарс медиҳанд, ки дар байни онҳо докторон ва номзадҳои илм, омӯзгорони варзидаву таҷрибадор мавҷуданд ва барои донишҷӯён имконияте фароҳам омадааст, ки то аз илму дониш, маҳорату малака, ҳунару истеъдод, таҷрибаву кордонии ин омӯзгорон баҳраи хубе гиранд. Ба ин васила метавонанд ба қуллаи баланди мақсуд, муваффақият, иззату шараф ва бахту саодат бирасанд.
Ҳозирини гиромӣ.
“Рӯзи Дониш ва дарси сулҳ” унвон гирифтани оғози соли таҳсил хеле рамзӣ мебошад, зеро мафҳумҳои “Дониш” ва “Сулҳ” арзишҳое мебошанд, ки тақвиятдиҳандаи ҳамдигаранд, зер танҳо бо доштани саводу дониш кас метавонад ба қадри сулҳу субот бирасад ва дар навбати худ, фазои сулҳу суботи давлат боиси рушди илму дониши миллат мегардад. Пас, маълум мешавад, ки Рӯзи Дониш ва Дарси Сулҳ унвон гирифтани 1-уми сентябр дар худ ҳикмати гаронбаҳоеро дорад, ки нуқтаи оғози эъмори як ҷомеаи мутамаддинро таҷаллӣ менамояд. Месазад, ки дар ин рӯзи фархунда сухани қофиласолори адабиёти классикии форсу тоҷик Устод Абуабдуллоҳи Рудакиро бар забон овард, ки хеле орифона офаридааст, ки:
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,
Кас набуд аз роҳи дониш бениёз.
Мардумони бихрад андар ҳар замон,
Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Гирд карданду гиромӣ доштанд,
То ба санг андар ҳаме бингоштанд.
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Бо нияту мақсадҳои нек, бори дигар устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва дар симои Шумо тамоми халқи азизи кишварро бо Рӯзи дониш ва 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъди чанд рӯз фаро мерасад, табрику таҳният гуфта, ба ҳамаи Шумо дар роҳи беохир ва олами бемаҳдуди дониш комёбиҳои нав ба навро орзу менамоям.
Бигзор офтоби илму дониш болои сари мо - миллати шарафманди тоҷик, ҳамеша нурафшонӣ намояд!
Саломату сарбаланд бошед!
ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ МУЛОҚОТИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ БАХШИДА БА РУЗИ ДОНИШ
Санаи 1-уми сентбяри соли 2024, тибқи нақшаи қаблан таҳиягардидаи Раёсати донишгоҳ, ҳайати профессорону омӯзгорон мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи маориф бахшида ба Рузи донишро дастаҷамъона тамошо намуданд.
Бояд гуфт, ки ҳамчун намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода А.А. низ дар донишгоҳ ширкат варзида, қабл аз оғози тамошои дастаҷамъонаи суханронӣ, аҳли донишгоҳро бо фарорасии соли нави таҳсил, Рӯзи дониш ва дарси сулҳ табрику таҳният намуд.
Зикр бояд кард, ки бо истифода аз имконияту шароитҳои мавҷуда дар 6 толори хурду калони донишгоҳ зиёда аз 1900 нафар омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ ба тамошои суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи дониш фаро гирифта шуданд.
Хабарнигори сомона.
ҶАЛАСАИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ДОНИШ ДАР ДДТХ
Санаи 1-уми сентябри соли 2024, соати 7:00 дар саҳни донишгоҳ ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи дониш ва дарси сулҳ баргузор гардид. Дар ҷаласаи тантанавӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини Раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода А.А. ширкат варзид.
Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ Ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ҳусни оғоз бахшида, тамоми ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳро бо ин санаи фархунда табрику таҳният намуд.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини Раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода А.А. бо сухани табрикотӣ ҳозиринро шодбош намуда, ҳамзамон қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф ва тандурустиро аз соҳаҳои афзалиятнок мешуморад ва баҳри рушду тавсеаи онҳо тамоми шароиту имкониятро имрӯз фароҳам овардааст. Пас, донишҷӯёни азиз, ҷавонони саодатманди кишвар, танҳо дониши хубу аъло ва рафтори намунавӣ талаб карда мешавад ва итминон дорам, ки ҳар яки Шумо ба қадри ин ғамхориву дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасед ва дар оняда чун табибони ҳозиқ ба камол хоҳед расид.
Профессори фахрии донишгоҳ Должикова В.А. дар навбати худ аз номи собиқадорон ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷуёни ин боргоҳи маърифатро бо фарорасии соли нави таҳсил, Рузи дониш ва дарси сулҳ табрику шодбош намуд.
Пас аз анҷоми ҷаласаи тантанавӣ аҳли донишгоҳ барои тамошои дастаҷамъонаи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи маориф бахшида ба Рузи дониш, дар толорҳои донишгоҳ ҳозир гардиданд.
Хабарнигори сомона.
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ОЛИМОН
Санаи 29-уми августи соли 2024 ҷаласаи нахустини Шурои олимони ДДТХ дар соли таҳсили 2024-2025 баргузор гардид.
Ҷаласаро Раиси Шурои олимон д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ҳусни оғоз бахшида, нахуст ҳозиринро бо оғози соли нави таҳсили 2024-2025 табрику таҳният намуд. Ҳамзамон, пеш аз баррасии масъалаҳои дар рӯзнома омада, Раиси шурои олимон ба омӯзгорони донишгоҳ: сардори шуъбаи кадрҳо, омӯзгори кафедраи физиологияи нормалӣ ва патологӣ Асоев С.П., н.и.т., мудири кафедраи фанҳои ҷарроҳии № 1 Пиров Б.С., барандаи “Шоҳҷоиза”-и омзуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” - ассистенти кафедраи фанҳои ҷарроҳии № 1 Дадоҷонов Ҷ.Ю., омӯзгори кафедраи фармакология ва микробиология Ҷулаев А. нишони “Аълочии тандурустӣ”-ро дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуд.
Сипас аъзои Шурои олимон бо рӯзномаи ҷаласа шинос гардонда шуданд ва рӯзномаи ҷаласа тасдиқ карда шуд.
Вобаста ба масъалаи якуми рӯзнома - “Натиҷаи қабули довталабон ба ДДТХ барои соли таҳсили 2024-2025” котиби комиссияи қабул н.и.т. Боронов Ҳ.А. маълумотро манзури аъзои шуро намуда, қайд дошт, ки нақшаи қабули донишҷӯён дар ду марҳила доир гардид ва ҳуҷҷатҳои 712 нафар донишҷӯён, тибқи нақшаи қабул ва рӯйхати ММТ, ба 5 факултети донишгоҳ қабул карда шуданд.
Дар масъалаи дуюми рӯзнома сардори шуъбаи кадрҳо Аосев С.П. оид ба натиҷаи озмуни қабули кормандон ва ҲПО дар соли таҳсили 2024-2025 ба донишгоҳ маълумот дод. Зикр гардид, ки озмун тибқи талабот ва низомнома баргузор карда шуд ва нафароне, ки ба талабот чавобгӯ буда, аз холи гузариши озмунро ба даст оварданд, дар сохторҳо ва кафедраҳои донишгоҳ ба кор қабул карда шуданд.
Ваколатдори сардори шуъбаи таълим –Назаров З.С. дар масъалаи сеюми рӯзнома омодагии шуъбаи таълим, деканати факултетҳо ва кафедраҳои донишгоҳ барои оғози соли таҳсили 2024-2025-ро мавриди баррасӣ қарор дод ва иброз намуд, ки бо дарназардошти баъзе камбудиҳои ҷузъӣ шуъбаи таълим, деканати факултет ва кафедраҳо тамоми нақшаи кориро муайян намудаанд ва барои оғози соли нави таҳсил омода мебшанд.
Дар масъалаи чоруми рӯзнома сардори Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа - Ҳомидзода И.Ҷ. вобаста ба тағйиру илова ба ҳайати шурои олимон, ҳамзамон, лоиҳаи Нақшаи кории Раёсат ва Нақшаи кории шурои олимон барои соли таҳсили 2024-2025 сухан намуд.
Дар масъалаҳои гуногун 11 Лоиҳаи қарори шурои олимон аз ҷониби масъулин пешниҳод ва аз тарафи аъзои шурои олимон тасдиқ карда шуданд. Ҳамзамон, дар ҷаласаи Шурои олимон аз ҷониби сардори шуъбаи кадрҳо фармони Ректори донишгоҳ вобаста ба таъин гардидани мутахассисон ба вазифаҳои нав қироат гардид. Дар навбати худ Ректори донишгоҳ кадрҳои навтаъингардидаро ба вазифаҳои нав табрик намуда, ҳамзамон, бо масъулияти баланд ва содиқонаву софдилона адои вазифа намуданро таъкид намуд.
Хабарнигори сомона.
РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ ДАР ДДТХ ТАҶЛИЛ ГАРДИД
Санаи 16-уми августи соли 2024 дар толори бошукуҳи фарҳангии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, бо иштироки раиси ноҳияи Данғара муҳтарам Саломзода Сиҷоуддин “Рӯзи кормандони соҳаи тиб” таҷлил гардид.
Нахуст Раиси ноҳия бо иди касбӣ тамоми кормандони соҳаи тибби ноҳияро табрику таҳният намуд. Қайд намуд, ки ҳамасола ҷашни кормандони соҳаи тиб дар арафаи таҷлили Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зодрӯзи нобиғаи тиб - Абуалӣ ибни Сино қайд карда мешавад, ки басо рамзӣ ва боиси ифтихор мебошад. Боварӣ дорам, ки Шумо – табибон вазифаи пурмасъули табибиро, ки ҳаёти ҳазорҳо инсонҳо дар дасти Шумост, бо дасту дили пок, маҳорату малака, ҳунару истеъдод, донишу масъулият ва сифати баланди хизматрасонии тиббӣ ба иҷро расонида, тамоми фаъолияти касбии хешро содиқона барои халқ сафарбар менамоед.
Қобили қайд аст, ки давлату ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷиҳати рушди бомароми соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуд, ки самараи неки он имрӯзҳо баръало мушоҳида карда мешавад. Кормандони соҳаи тиб имрӯз таҳти таваҷҷуҳ ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳою комёбиҳои беназир ноил гардида, ворисони ҳақиқии Абуали ибни Сино будани худро бо ақлу заковат ва дастони моҳирашон дар таъмини саломатии аҳолӣ исбот намуда истодаанд.
Сипас ба як қатор кормандони соҳаи тиб, табибон ва ҳамшираҳои шафқат сипоснома ва туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара супорида шуд.
Барномаи консертии аҳли ҳунари ноҳия, бо пешниҳоди суруду таронаҳои ватандӯстона, анҷомбахши чорабинии мазкур гардид.
Хабарнигори сомона.
БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ ХАБАРӢ ДАР ДДТХ




ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ОЛИМОН
Санаи 29-уми июни соли 2024 ҷаласаи навбатии Шурои олимони ДДТХ, ки дар соли таҳсили 2023-2024 ҷаласаи охирон ба ҳисоб мерафт, баргузор гардид.
Ҷаласаро Раиси Шурои олимон д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ҳусни оғоз бахшида, нахуст ҳозиринро бо ҷашни “Ваҳдати миллӣ” табрику таҳният намуд. Сипас аъзоро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, бо дарназардошти тағйиру илова рӯзномаи ҷаласаро тасдиқ намуд.
Вобаста ба масъалаи якуми рӯзнома “Маълумот оид ба иҷроиши сметаи даромад ва хароҷотии маблағҳои буҷетӣ ва хусусии ДДТХ дар шаш моҷи соли 2024” сармуҳосиби донишгоҳ Шарипов Ғ. маълумотномаро ба самъи аъзо расонид.
Сардори ШТН ва РҶ Ҳомидзода И.Ҷ. доир ба вазъи коргузорӣ ва натиҷаи иҷроиши дастуру супоришҳои ректор, қарорҳои раёсат ва шурои олимон маълумот дода, иҷрои мактубҳоро дар ҳар як муовинат ва сохторҳои донишгоҳ таҳлил намуд.
Дар масъалаи сеюм фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятии донишгоҳ: КИКК ва Д., шурои занон ва духтарон, шуъбаи кор бо ҷавонон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Масъалаи чоруми рӯзномаро ваколатдори сардори шуъбаи таълим н.и.х. Назаров З.С. пешниҳоди аъзо намуда, оид ба иҷрои сарбории таълимӣ ва натиҷаи ҳисоботи инфиродии омӯзгорони кафедраҳо дар соли таҳсили 2023-2024-ро таҳлилу баррасӣ намуд.
Масъалаи панҷуми рӯзномаро “Фаъолияти Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар шаш моҳи соли 2024 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2024” ташкил дода, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ дотсент Аҳмадиён Ш.Р. оид ба фаъолияти донишгоҳ ҳисобот пешниҳод намуд.
Дар масъалаҳои гуногун Раиси шурои олимон вобаста ба ҷамъбасти соли таҳсил ва омодагӣ ба соли нави таҳсил, дида баромадани фаъолияти озмоишгоҳҳо, истифодаи таҷҳизотҳои таълимӣ ва дигар масъалаҳои рӯзмарраро таҳлил намуд. Ҳамзамон, вобаста ба масъалаҳои рӯзнома ба масъулон ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ, илмӣ, муолиҷавӣ ва хоҷагидории донишгоҳ супоришҳои мушаххас дод.
Хабарнигори сомона.
ШУКУҲИ ҶАШНИ “ВАҲДАТИ МИЛЛӢ” ДАР НОҲИЯ
Санаи 26-уми июни соли 2024 дар майдони назди Парчами ноҳияи Данғара бахшида ба ҷашни “Ваҳдати миллӣ” роҳпаймоии оммавӣ ва барномаи адабӣ-мусиқии аҳли ҳунари ноҳия баргузор гардид.
Раёсати ДДТХ низ бо иштироки васеи ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён бо шиору расм ва парчамҳо дар роҳпаймоии мазкур ширкат варзид. Пас аз анҷоми роҳпаймоӣ дар майдони назди Парчами ноҳия барномаи консертии аҳли ҳунар бахшида ба ин санаи мубораку фархунда доир гардид, ки ба чорабинии мазкур шукуҳу шаҳомати хосаро зам намуд.
Хабарнигори сомона.