Хабарҳои ДДТХ (912)
СӮГВОРӢ
Рузи 15-уми октябри соли 2023 риштаи умри ҷавони донишҷӯи курси 2-юми факултети педиатрӣ Қулматова Гулноза Чориевна ногаҳон канда шуд. Ин хабари ҷонкоҳ дили ҳамаи пайвандон, ҳамсабақон ва аҳли Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро реш кард.
Қулматова Гулноза Чориевна 9-уми июни соли 2001 дар ҷамоати деҳоти Оқсу, Деҳаи Файзбахши ноҳияи Данғара таваллуд шудааст.
Соли 2022 баъди хатми Коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара бо ихтисоси кори ҳамширагӣ ба факултети педиатрии Донишгоҳи давлатии тибии Хатлон дохил шуда буд.
Даргузашти чунин як толибилме, албатта, худ фоҷиаи сахтест барои ҳамаи дардошноён чунки он заволи ормонҳои ношикастаи Гулнозаи ҷавонмарг мебошад.
Раёсати ДДТХ, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён аз марги бармаҳали Қулматова Гулноза сахт андуҳгин буда, ба волидайн ва хешу пайвандони марҳум тасалият изҳор менамоянд ва барои эшон сабри ҷамил хоҳонанд.
Бе ғам набувад диле агар гил набувад,
Ғам низ зи марги ногаҳон ғамгин аст.
БОЗДИДИ САФИРИ ҶОПОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ДДТХ
Санаи 4-уми октябри соли 2023 сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошиҳиро Аики аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон боздид ба амал оварданд, ки ҳадафи асосии он аз наздик шинос шудан аз шароити таълимию таҷрибавӣ донишгоҳ ба шумор меравад.
Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошиҳиро Аики ва намояндагони сафорати Ҷопон дар ҶТ-ро муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ ва методӣ Аҳмадиён Ш.Р. расман қабул намуда, аз фаъолияти таълимиву тарбиявӣ, илмиву муолиҷавӣ, шароитҳою имкониятҳои донишгоҳ меҳмононро аз наздик шинос намуд. Ҳайати намояндагон аз толори хониш, китобхонаи электронӣ, "Маркази омӯзиши симулятсионӣ (МОС)", толори фарҳангӣ дидан намуданд.
Сафири Ҷопон дар китоби меҳмонони фахрии ДДТХ имзо гузошта, барои истиқболи гарму самимӣ ба Раёсати донишгоҳ изҳори сипос намуданд.
Шуъбаи равобити байналмилалӣ.
ИШТИРОК ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАЪЛИМӢ ДАР ДОИРАИ БАРНОМАИ «ЯК КАМАРБАНД - ЯК РОҲ
Санаи 15-уми сентябри соли 2023 форуми байналмилалии таълимӣ дар доираи барномаи «Як камарбанд ва як роҳ (Один пояс - один путь)» дар Донишгоҳи тиббии Шинҷони шаҳри Урумчии вилояти автономии Шинҷон-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, ки аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар форуми мазкур муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ ва методӣ Аҳмадиён Ш.Р. ва сардори шуъбаи равобити байналмилалӣ Назаров Р.И. иштирок намуданд.
Мақсади асосии форуми мазкур аз ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди дуҷониба дар самти маориф ва илм, дар доираи барномаҳои омода намудани мутахассисони касбӣ дар Ҷумҳурии Чин ба воситаи бурсияҳои давлатӣ иборат буд.
Дар форуми байналмилалӣ 97 намояндагон аз 56 донишгоҳҳои олии касбии тиббӣ, аз ҷумла вазирон, муовинони вазоратҳои маориф, ректорони донинишгоҳҳои олии тиббӣ ва сафирон аз кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркменистон, Гурҷистон ва Тайланд иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар доираи форуми мазкур, ҳамзамон намояндагони донишгоҳ бо шуъбаи ҷарроҳии урологӣ ва шуъбаи педиатрияи Беморхонаи панҷуми Донишгоҳи тиббии Шинҷон, Кампуси нави Донишгоҳи тиббии Шинҷон, Маркази тадқиқотии саратоншиносӣ ва онкологии Донишгоҳи тиббии Шинҷон, Беморхонаи тибби суннатии чинӣ (традиционная китайская медицина) ва мавзеъҳои таърихию боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Урумчӣ дидан намуданд.
Дар ҷамъбасти сафари корӣ намояндагони донишгоҳ бо кормандони равобити байналмилалӣ ва омӯзгорони кафедраи забони чинии Донишгоҳи тиббии Шинҷон вохурь доир намуда, ҷиҳати бастани ҳамкорь дар самти омода намудани мутахассисон бо дараҷаи илмӣ PhD, ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар риштаи баъдаздипломӣ, мубодилаи таҷрибаи мутахассисони соҳаи тиб, мубодилаи академии донишҷӯён ва ташкил намудани курсҳои онлайнӣ ҷиҳати омӯзиши забони чинӣ таклифу пешнищоди судманд ба миён гузоштанд.
Шуъбаи равобити байналмилалӣ.
ИШТИРОК ДАР ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”
Санаи 29-уми сентябри соли 2023 дар Мактаби Президентии шаҳри Кӯлоб даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” баргузор гардид. Дар озмуни мазкур 1 нафар омӯзгор ва 21 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон фаъолона ширкат варзиданд. Мувофиқи натиҷаҳои озмун ассистенти кафедраи фанҳои ҷарроҳии №1- Дадаҷонов Ҷаҳонгир Юлдошматович аз рўйи номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ” сазовори ҷойи 2-юм гардид.
Ҳамзамон, донишҷӯён: Раҳимов Ф.А.- курси панҷуми факултети педитарӣ, Пиров В. – курси панҷуми факултети педиатрӣ аз фанни “Физика”, Худойбердиев Ҳайдар Жорақулович – курси сеюми факултети тиббӣ аз фанни “Биология” ба гирифтани ҷойи 2-юм, донишҷӯён: Шоҳрухи Бахтиёр – курси панҷуми факултети педиатрӣ аз фанни “Математика”, Ёрова Э. – курси якуми факултети стоматологӣ аз фанни “Физика”, Маҳмадҷонов А. А. - курси дуюми факултети тиббӣ аз фанни “Химия”, Мирзоев Ш. Ҷ. - курси чоруми факултети педиатрӣ аз фанни “Биология” ба гирифтани ҷойи сеюм шарафёб гариданд. Дар маҷмуъ, донишгоҳ дар даври вилоятии озмун 4 ҷойи дуюм ва 4 ҷойи сеюмро ба даст овард ва боварӣ дорем, ки қолибон дар даври ҷумҳуриявӣ низ омодагии ҳаматарафа дида, соҳиби ҷойҳои намоён хоҳанд гардид.
Муовинати илм ва нашрия.
ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА РӮЗИ ОМӮЗГОРОН
Санаи 4-уми октябри соли 20223 дар толории фарҳангии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон маҳфили илмӣ-адабӣ баргузор гардид. Чорабиниро муовини ректор оид ба илм ва нашрия дотсент Боронов Ҳ.А. ифтитоҳ бахшида, нутқи табрикотии ректори ДДТХ доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбонро ба самъи ҳозирин расонид.
Сипас мудири кафедраи забонҳо Одинаев С.П. дар мавзуи “Забони тоҷикӣ ва даврони Истиқлолият”, мудири кафедаи химия ва биологияи тиббӣ номзади илмҳои техникӣ Назаров З.С. дар мавзуи “Нақши омӯзгор дар ҷомеа” маъруза намуданд. Донишҷӯи курси сеюми факултети тиббӣ Зоирова Гуландом дар мавуи “Бузургии забон аз нигоҳи Пешвои муаззами миллат” презентатсияро пешниҳод намуд. Баҳри болидахотирии ҳозирин дастаи “Дурахшон”-и донишгоҳ барномаи адабӣ-мусиқиро бо суруду рақсҳои марғубу дилнишин пешкаши ҳозирин намуданд.
Муовинати тарбия ва фарҳанг,
кафедраи забонҳо.
СОВРЕМЕННЫЕ ВЫЗОВЫ И СТРАТЕГИИ РАЗВИТИЯ МЕДИЦИНСКОЙ НАУКИ И ЗДРАВООХРАНЕНИЯ
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИЛМИ ТИБ ВА СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР
ГИРОМИДОШТИ ДУ НОБИҒАИ БУЗУРГИ АДАБИЁТИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК
Санаи 24-уми сентябри соли 2023 бахшида ба гиромидошти ду нобиғаи бузурги адабиёти тоҷик – Сардафтари адбиёти классикии форсу тоҷик Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ва орифи бузурги Машриқзамин Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо ибтикори кафедраи забонҳо маҳфили адабӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.
Чорабиниро бо сухани табрикотӣ муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Қурбонмамадов С.Х. ифтитоҳ бахшида, ҳамзамон, нутқи табрикотии Ректори ДДТХ, д.и.т., профессор Убайдулло Қурбонро бахшида ба гиромидошти ин ду абармарди адабиёти форсу тоҷикро ба самъи ҳозирин расонид. Қайд карда шуд, ки қофиласолори назми калиссикии форсу тоҷик Абуабдуллоҳ Рудакӣ ва шоири шаҳири давронҳову замонҳо Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар адабиёту фарҳанги тамоми форсизабону ориёнажодони ҷаҳон мақому манзалати хосае дошта, онро машҳуру оламгир гардонидаанд.
Мудири кафедраи забонҳо Одинаев С.П. дар мавзуи «Орифи бузурги Машриқзамин», профессори фахрии донишгоҳ Должикова В.А дар мавзуи «Рудаки-светоч и величие таджикской литературы», саромӯзгори кафедраи забонҳо Қурбонов Х.Ш. дар мавзуи «Рудакӣ - асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик», донишҷӯи гурӯҳи 101-и тиббӣ Давлатова М. дар мавзуи «Рӯдакӣ ва Сомониён», донишҷӯи гурӯҳи 106-и педиатрӣ Сатторова Р. дар мавзуи «Зодгоҳ ва айёми ҷавонии Рудакӣ» маърузаҳои пурмуҳтаворо пешниҳод намуданд.
Гурӯҳе аз донишҷӯён аз ашъори оламгири Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ва Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ шеърҳо қироат намуданд. Аз тарафи аъзои дастаи «Дурахшон»-и донишгоҳ шеърҳои Рӯдакӣ ва Балхӣ бо оҳанг суруда шуданд, ҳамзамон рақсҳои марғуб баҳри болидахотирии ҳозирин пешкаш карда шуд.
Чорабиниро муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг н.и.ф. дотсент Қурбонмамадов С.Х. ҳусни анҷом бахшида, бори дигар таъкид намуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои тақвияти ҳисси худшиносии миллӣ ва бархурдор будан аз фарҳангу маданияти қадимаи мардуми тоҷик муосидат хоҳад намуд.
Кафедраи забонҳо