Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Хабарҳои ДДТХ (1029)

                                                   

Тавре ки маълум аст, аз таърихи 21-ум то 30-уми октбяри соли 2024 даври ҷумҳуриявии озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон низ дар баробари дигар идораву муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар ин озмун фаъолони ширкат варзида, дар даври якум ва дуюми он сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

Донишҷўи курси 5-уми факултети тиббии ДДТХ - Худойбердиев Ҳайдар Жоракулович дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур аз рӯи номинатсияи фанни “Биология” ширкат варзида, пас аз натиҷагирӣ ва хулосабарории аҳзои ҳакамон ба гирифтани ҷойи 2-юми озмун шарафёб гардид. Номбурда бо дипломи озмун ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 25 ҳазор сомонӣ аз ҷониби масъулини озмун қадрдонӣ карда шуд

Раёсати донишгоҳ донишҷўи курси 5-уми факултети тиббии ДДТХ - Худойбердиев Ҳайдар Жоракуловичро барои сазовор гардидан ба ҷойи дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” сидқан таҳният намуда, барояшон комёбиҳои наву беназирро таманно менамояд.

Муовинтаи илм ва нашрия.

             Санаи 5-уми ноябри соли 2024, дар толори калони донишгоҳ бо иштироки васеи аъзои Раёсат, ҳайати профессорону омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандон бахшида ба 30 солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ ва барномаи фарҳангӣ баргузор гардид.

Нахуст муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ дотсент Аҳмадиён Ш.Р. ҳамоиши илмиро ҳусни оғоз бахшид. Сипас барои қироати нутқи табрикотии Ректори ДДТХ, д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон бахшида ба 30 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханро ба муовини ректор оид ба илм ва нашрия дотсент Боронов Ҳ.А. дода шуд.

               







             








           

Дар идома, тибқи сенария ҳамоиши илмӣ давом ёфта, маърузаҳои  мутахассисон шунида шуданд. Мушовири ректор оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, профессори фахрии донишгоҳ Азизуллоев А.А. дар мавзуи «Конститутсия-ифодагари маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, мудири кафедраи ҷомешиносӣ н.и.ф. Гулов А.А. дар мавзуи «Конститутсия-ҳамчун рукни худшиносии миллӣ», ассистентони кафедраи ҷомеашиносӣ Муродова Т. ва Мардонова Н., донишҷӯйи соли аввали факултети педиатрӣ Асламова О. дар мавзуъҳои «Мафҳум ва моҳияти Конститутсия», «Конститутсия-бахтномаи миллат», «Конститутсия-эътимодномаи ҳуқуқу озодӣ» маърузаҳоро пешниҳоди ҳозирин намуданд.

Дар ҷамъбасти ҳамоиши илмӣ тибқи фармоиши Ректори донишгоҳ ғолибони озмуни донишгоҳии «Ҳуқуқдони беҳтарин», ки бахшида ба эълон гардидани «Соли 2024-соли маърифати ҳуқуқӣ» байни омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор карда шуд, бо мукофоти пулӣ, «Диплом»-и дараҷаи I, II, III ва Ифтихорномаи Ректори донишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд.

Пас аз ҷамъбасти ҳамоиши илмӣ барномаи фарҳангии аҳли ҳунари донишгоҳ ва дастаи ҳунарии «Дурахшон»-и донишгоҳ бахшида ба 30 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон манзури иштирокчиён гардонда шуд. Барномаи фарҳангӣ бо композитсияи адабӣ таҳти унвони «Конститутсия-шиносномаи миллат» оғоз гардида, таронаҳои мавзуни ватандӯстона, сурудҳои ифтихор аз ватану ватандорӣ, рақсҳои зебою дилнишин идомабахши чорабинии фарҳангӣ гардиданд.

Хабарнигори сомона.

                                                                 








                                                               

Аз санаи 30-уми октябр то 2-юми ноябри соли 2024 муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг дотсент Қурбонмамадов С.Х. ва сардори шуъбаи равобити байналмилалӣ Назаров Р.И. дар  “Конфронси солонаи Чин ва намоишгоҳи таҳсилоти байналмилалӣ дар соли 2024 (CACIE) иштирок намуданд. Чорабинӣ бо даъвати Ассотсиатсияи Чин оид ба мубодилаи байналмилалӣ дар соҳаи маориф (CACIE) ва дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии мардумии Чин ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар доираи конфронси мазкур намояндагони донишгоҳ, ҳамзамон, дар Форуми байналмилалии “Густариши ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти тибби Чин ва Осиёи Марказӣ” ширкат варзида, дотсент Қурбонмамадов С.Х. бо маърузаи “Ҳамкориҳои дуҷонибаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон (Тоҷикистон) ва Донишгоҳи тиббии Шинҷон (Чин) баромад намуд. Зимни баромад иброз дошта шуд, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аввали солҳои соҳибистиқлолӣ ба роҳ монда шуд ва дар татбиқи Стратегияи миллии рушд ва афзалиятҳои асосии он имруз Ҷумҳурии мардумии Чин нақши назаррас дорад.  Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бошад, аз аввали таъсисёбии худ ҳамкориҳои судмандро бо Донишгоҳи тиббии Шинҷон (Чин) ба роҳ мондааст.

Чунин ҳамкорищои судманд дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи маориф ва нигаҳдории тандурустӣ ва рушди таҳсилоти рақамии тиббӣ як такони нав мебахшанд.

Шуъбаи робита байналмилалӣ.

                                                                                      

Санаи 26-уми октябри соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷаласаи Шурои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳайати меҳмонон нахуст намоиши дастовардҳои устодону донишҷӯёни донишгоҳро тамошо намуда, ҳамзамон, аз синфхонаҳои намунавии “Анатомияи нормалӣ”, Физиологиия нормалӣ” ва “Гистология”, китобхонаи донишгоҳ, китобхонаи электронӣ ва Маркази омӯзиши симулятсионӣ дидан намуданд. Дар синфхонаи таълимии МОС донишҷӯёни фаъол ва аъзои маҳфилҳои илмӣ корҳои амалиро муаррифӣ ва пешниҳоди меҳмонон намуданд.

  






Сипас дар толори Шурои олимони донишгоҳ таҳти раёсати муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода ва Раиси Шурои ректорон Маҳмадшоҳ Гулзода ҷаласаи навбатии Шурои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, дар он аъзои Шуро - ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Оид ба масъалаи якуми рӯзнома “Вазъи табодули академии омӯзгорону донишҷӯён Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар” директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ҷалилзода Абдурашид Абдукамол баромад намуд.

Масъалаи дуюм ба “Нақши Маркази омӯзиши симулятсионӣ дар баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисони соҳаи тиб дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон” бахшида шуда, оид ба масъалаи мазкур ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Қурбон Убайдулло Абудлло маълумотро пешниҳод намуд.

                        Дар масъалаҳои ҷорӣ 5 масъалаи асосӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Муҳаммадтоир Саид вобаста ба “Вазъи амалишавии барномаҳои таҳсилотӣ дар доираи иҷозатнома ҷиҳати фаъолияти таълимӣ” ибрози андеша намуд.

                

  Дар идома     масъала ҳои “Тартиби омода намудани дипломҳои намунаи давлатӣ бо назардошти талаботи ҳуҷҷатгузории муосир”, “Амалисозии низоми таҳсилоти дуалӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ”, “Дипломи аъло дар низоми таҳсилоти кредитӣ” ва “Сатҳи омода намудани омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва қаноатмандии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” аз ҷониби Раиси Шурои ректорон Маҳмадшоҳ Гулзода мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Хабарнигори сомона.

Санаи 21-уми октябри соли 2024 дар баробари дигар идораву муассисаҳои воқеъ дар ноҳияи Данғара Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон низ дар Фестивали вилоятӣ таҳти унвони “Либоси миллӣ -осори тамадуни ҷаҳон” фаъолона ширкат варзид.

Дар фестивали мазкур зиёда аз 100 нафар донишҷӯдухтарон бо либосҳои гуногуни миллӣ иштирок варзиданд ва ба ин васила дар муаррифии фарҳангу тамаддуни қадимаи миллат тоҷик ва либосҳои миллии тоҷикӣ саҳм гузоштанд.

Дар анҷоми Фестивали “Либоси миллӣ -осори тамадуни ҷаҳон” барои иштироки фаъолона дар фестивали мазкур Раёсати ДДТХ бо “Сипоснома”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва “Сипоснома”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара қадрдонӣ гардид.

Хабарнигори сомона.

Санаи 16-уми октябри соли 2024 дастаи мунтахаби ДДТХ дар «Фестивали бозиҳои варзишӣ байни донишҷӯёни Муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди вилояти Хатлон» ширкат варзид.

Зикр бояд кард, ки фестивали мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои дастурҳо аз ҷаласаи васеи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки бо раисони вилоятҳо ва масъулини соҳаи варзиш доир гардида буд, аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар Маҷмааи варзишии ноҳияи Данғара баргузор гардид. Фестивал аз рӯи намуди «Гӯштини миллӣ», «Волейбол», «Футболи хурд» ва «Шоҳмот» гузаронида шуд. Ёдовар бояд гардид, ки дар фестивали мазкур аз 7 донишгоҳу донишкадаҳои олии вилоят дастаҳои мунтахаби варзишӣ иштирок карда, дар намудҳои зикргардида маҳорати варзишии худро санҷиданд.

Дар расми ифтитоҳи Фестивали бозиҳои варзишӣ муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат иштирок ва суханронӣ намуда, аҳаммияти ташкили чунин мусобиқаҳо дар мустаҳакам намудани дӯстии ҷавонон, пешгирӣ аз ҳар гуна зуҳуроти номатлубро таъкид дошт.

Зикр бояд кард, ки дастаи мунтахаби ДДТХ дар ин мусобиқа фаъолона ширкат намуд. Аз рӯйи намуди «Шоҳмот» байни духтарон дастаи шоҳмотбозони донишгоҳ: Холиқова Шоҳина-донишҷӯйи курси 6-уми факултети педитарӣ, сазовори ҷойи якум, Зоирова Гуландом донишҷӯйи курси 4-уми факултети тиббӣ, сазовори ҷойи дуюм ва Миршаропова Оиса - донишҷӯйи курси 4-уми факултети стоматологӣ, сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Аз рӯйи намуди «Шоҳмот» байни писарон низ дастаи шоҳмотбозони донишгоҳ ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ба даст оварданд. Ҷураев Элёр - донишҷӯйи курси 5-уми факултети тиббӣ, сазовори ҷойи якум, Атабоев Муҳамадалӣ - донишҷӯйи курси 6-уми факултети педиатрӣ, сазовори ҷойи дуюм ва Ғаффоров Кароматулло – донишҷӯйи курси сеюми факултети стоматологӣ, сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Аз рӯйи намуди «Гуштини миллӣ» дар вазни 65 кг Назаров Хушдил – донишҷӯйи курси аввали факултети стоматологӣ сазовори ҷойи якум ва Махсумов Далерхон - донишҷӯйи курси аввали факултети стоматологӣ, дар вазни 55кг, Тағойқулов Камолиддин -  донишҷӯйи курси сеюми факултети стоматологӣ дар вазни 86 кг, Мирмаҳмадов Эҳсон-донишҷӯйи курси чоруми факултети тиббӣ дар вазни аз 95 кг боло сазовори ҷойи сеюми мусобиқа гардиданд.

Дар риштаи “Футболи хурд” бошад, дастаи футболбозони ДДТХ љойи сеюмро ишғол намуданд. Ғолибони мусобиқа аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон бо Ифтихорнома ва мукофтҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Мусобиқа дар фазои дустиву ҳамдигарфаҳмӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ ва сулҳу ваҳдати комили миллӣ баргузор ва ҷамъбаст гардид.

Кафедраи тибби ҳарбӣ,

Шуъбаи кор бо ҷавонони ДДТХ.

Санаи 4-уми октябри соли 2024 дар толори фарҳангии донишгоҳ бахшида ба ҷашни «Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Рӯзи омӯзгор» маҷлиси тантанавӣ ва барномаи адабӣ-мусиқӣ баргузор гардид.

Маҷлиси тантанавиро муовини ректор оид илм ва нашрия, н.и.т., дотсент Боронов Ҷ.А. ҳусни оғоз бахшида, нутқи табрикотии ректори донишгоҳ, д.и.т., профессор Убайдулло Қурбонро бахшида ба «Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Рӯзи омӯзгор» барои ҳайати профессорону омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандон қироат намуд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ як гуруҳ омӯзгорон  бо Сипоснома ва Ифтихорномаи Ректори донишгоҳ бахшида ба “Рӯзи омӯзгор» қадрдонӣ карда шуданд.

Барномаи фарҳангии дастаи ҳунарии “Дурахшон”-и донишгоҳ дар ҳамоҳангии кафедраи забонҳо ва кафедраи химияи тиббӣ ва экология зиннатбахши чорабинии мазкур гардида, рақсҳои марғуб ва сурудҳои дилнишин баҳри болидахотирии ҳозирин пешкаш гардиданд.

Дар фарҷом, муовини ректор оид илм ва нашрия, н.и.т., дотсент Боронов Ҳ.А. ба шуъбаи тарбия ва фарҳанг, дастаи ҳунарии донишгоҳ, кафедраи забонҳ, кафедраи химияи тиббӣ ва экология барои баргузории чунин барномаи адабӣ-мусиқӣ изҳори сипос намуда, бори дигар ҳозиринро бо ин ду ҷашни бузург  табрик намуд.

Хабарнигори сомона.

Санаи 5-уми октябри соли 2024 Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар вазъияти тантанавӣ ҷамъбаст гардид. Шоҳҷоизаи озмунро ба маблағи 50 000 cомонӣ панҷ нафар иштирокчии фаъоли озмун — дар номинатсияи оҳангсозӣ-бастакорӣ Фурқат Тоиров, дар номинатсияи сарояндагӣ Фархунда Ғайбуллоева, номинатсияи навозандагӣ Ҷалолиддин Абдулоев, номинатсияи санъати тасвирӣ Муҳаммадшариф Низомзода ва дар номинатсияи дизайн Нармин Мирзоева соҳиб гардиданд.

Аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон донишҷӯи курси дуюми факултети тиббӣ – Алиева Меҳринигор дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур ширкат варзида, аз рӯи номинатсияи «Санъати тасвирӣ» сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид. Номбурда бо «Диплом»-и озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2024 ва мукофоти пулӣ қардонӣ карда шуд.

Хабарнигори сомона.

Page 5 of 86
Our partners 
 
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид