Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Хабарҳои ДДТХ (1029)

Санаи 2 - юми моҳи июни соли равон як гурӯҳ кормандони кафедраи биохимияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо роҳбарии профессори шинохтаи ҷумҳурӣ Сабурова Анна ба ДДТХ ташриф оварданд.  Зимни вохӯрӣ  бо намояндагони раёсати донишгоҳи навтаъсис   меҳмонон доир ба масъалаҳои ҳамкории кафедраҳо изҳори назар намуда, пешниҳод гардид, ки  кафедраи таҷрибадори биохимия дар ҳама маврид омодааст барои  таъсису ташаккули кафедраи биохияи ДДТХ кӯмаки амалии хешро расонад.

            Боиси тазаккур аст, ки аз тарафи меҳмонон 22 номгӯи китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ   ва як миқдор воситаҳои айёнӣ  ба донишгоҳ   тақдим карда шуд.   Дар навбати худ, Раёсати донишгоҳ ин иқдоми кафедраро, ки  барои рушду нумӯи  донишгоҳи навтаъсис дар ин давра  зарур аст, ҳамчун кори хайр қабул намуда, ба меҳмонон  изҳори сипосгузорӣ намуд.  

              Дар ҳақиқат имрӯз барои ташкил намудани фаъолияти муътадил     ва мустаҳкам намудани  заминаи моддӣ – техникӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон    ба чунин  дастгириҳо ниёз дорад.

               Роҳбарияти донишгоҳ имрӯзҳо  барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшишҳо ба харҷ дода, боварӣ дорад, ки дар ҳамбастагӣ бо мақомоту идораҳо ва ташкилоту ҷамъиятҳои кӯмакрасон   фаъолияти бемайлону густурдаи донишгоҳро ба роҳ мемонад.  

  • Шуъбаи таҳлил, назорат
    ва робита бо ҷомеа

     Пас аз озмӯне, ки қаблан барои  ишғоли  вазифаҳои холӣ дар ДДТХ доир гардида буд имрӯз бо анҷом додани суҳбат бо ректори донишгоҳ, ки комиссияи озмӯниро роҳбарӣ мекард баргузор шуд.  Маълум карда мешавад, ки ба озмӯн беш аз 60 нафар устодону омӯзгорони варзида аз муассисаҳои олии кишвар ба комиссия  ҳуҷҷат  пешниҳод намуда буданд.   Озмуни ишғоли вазифаи холӣ дар ҳайати профессорону омӯзгорон  дар асоси ҷамъбасти таҳлили натиҷаи фаъолияти довталабон аз рӯи ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаашон оид ба собиқа ва фаъолияти корӣ, инчунин   дар шакли анкетагузаронӣ, баҳодиҳии тавсиявӣ,  маълумотномаҳои кадрӣ, натиҷаи санҷиши тестӣ ва суҳбат бо аъзои комиссия  барои ишғоли ҳар як вазифа гузаронида шуд.

        Дар натиҷа, аз шӯмораи умумии  ба вазифаҳо комёбшуда, ки 32 нафарро ташкил медиҳад,  10 нафарашон дараҷаи номзади илм ва доктори илмро  доро мебошанд.  Новобаста аз теъдоди хоҳишмандон, ҳамоно дар   кафедраҳо аз фанҳои биология, физика, информатика, гистолгия ва забони лотинӣ воҳидҳои холӣ боқӣ мондааст, ки дар ин маврид  раёсати донишгоҳ мутахасисони варзидаро  барои ишғоли ҷойҳои холӣ   ҷалб менамояд.

 Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа

Sunday, 19 April 2020 00:00

19 - соли сулҳу оромӣ

Яке аз оқибатҳои фоҷиабори нооромиҳои солҳои 90-ум  ин бо суръати тез рӯ ба таназзул ниҳодани илму фарҳанг ва аз пойтахти мамлакат ба гӯшаҳои нисбатан ороми кишвар ва берун аз он кӯч бастани олимону фарҳангиён буд. Аз ин хотир баъди ба даст овардани Ваҳдати миллӣ  истиқлолияти тоҷикон аз нав таҳким ёфта, барои давлати ҷавону тозабунёди мо марҳилаи нави созандагиву бунёдкорӣ фаро расид. Насими азнавбарқароркунӣ ва эҳёи кору фаъолият ба тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат хоса, ба илму фарҳанги тоҷик  нерӯву тавони дубора бахшид.

Бояд гуфт, ки парокандагиҳое, ки бар асари ҷанги шаҳрвандӣ саросари мамлакати ҷавони моро фаро гирифта буданд, ба вазъи кору таҳсил дар  муассисаи таҳсилоти олии кишвар низ бетаъсир намонданд. Бисёр мутахассисони варзидаи соҳаи маорифу тандурустӣ, ки солҳои зиёди ҳаёташонро ба рушди илму маориф ва тарбияи мутахассисони ҷавон бахшида буданд, аз сабаби нооромиҳо пойтахтро тарк намуда, ба гӯшаю канорҳои нисбатан ором ва давлатҳои хориҷ кӯч бастанд. Базаи моддию техникии ҳамаи муассисаҳои таълимии кишвар ниҳоят хароб гашт. Аз ҳама бадтараш он буд, ки як навъ ваҳму ҳароси ботинӣ мардуми ҷумҳуриро фаро гирифта, ин нобоварӣ ба ҷавонони ҳӯшманди минтақаҳои гуногуни кишвар имкон намедод, ки ба пойтахт омада, сафи донишҷӯёнро пурра намоянд.

Маҳз дар ҳамин вазъияти парешонию рӯҳафтодагӣ хабари ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ чун ҷони наве буд, ки бар тани афгори миллати на як бору ду бор ҷабри таърихро кашида бо кайфияту рӯҳбаландиҳои тоза дамид.

 Бо фаро расидани сулҳу ваҳдат оҳиста-оҳиста ҷои ваҳшату торикиҳоро дар пойтахти мамлакат ҳаёти орому муқаррарӣ гирифт. Дар донишгоҳҳо  низ барои аз нав барқарор намудани набзи пешинаи кору таълим фаъолияти густурдае оѓоз ёфт. Аксари кормандони илмӣ, ки чанд сол боз таѓйири ҷои кор намуда буданд, аз нав ба таълимгоҳхои олӣ баргаштанд. Ҳукумати мамлакат барои ҷоннок намудани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар як қатор чорабиниҳои муҳимро роҳандозӣ намуда, барои аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ намудани таълимгоҳҳо кӯшишҳои зиёде ба харҷ дод. Сафи ҷавонони илмомӯз рӯз аз рӯз афзудан гирифт. Дар асоси созишномаҳои Ҳукумати мамлакат роҳбарияти донишгоҳҳо  барои баланд бардоштани сатҳи таълими касбӣ бо як қатор муассисаҳои олии хориҷи кишвар ҳамкориҳои самарабахшро ба роҳ монд. Аз ҳама муҳимаш ҷавонони минтақаҳои гуногуни кишвар аз нав ба ҳам омада, ба якдигар дасти дӯстию оѓӯши бародарӣ кушоданд.

 Бале, ин ҳамаро метавон файзу баракат ва меваҳои шаҳдбори Ваҳдати миллӣ ҳисобид, ки он 27 июни соли 1997 тавассути талошу пофишориҳои фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада буд.

 Аз он рӯзи фирӯзи паёми хуши сулҳу ваҳдат дар саҳифаҳои таърих 19 сол сипарӣ мегардад. Воқеан, имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои рӯ ба тарақӣ ба ҳисоб рафта, дар байни дигар кишварҳо ҳамчун давлати мустақил дорои ҳукумати ҷадид, ҳудуд, забон ва дигар муқаддасоти миллию  умумибашарӣ мебошад

 Умуман, ваҳдату ягонагӣ чун омили муҳими бақои давлату давлатдорӣ, рушди бемайлони иқтисоди миллӣ ва таҳкими пояҳои фарҳанги ҳазорсолаи аҷдодӣ бояд мояи ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонӣ гашта, ҳамчун сарчашмаи ободиву шукуфоӣ ва рӯзгори осудаву босаодати мо азизу гиромӣ дошта шавад ва набояд фаромӯш созем, ки рушду инкишофи минбаъдаи ҷомеаи навини тоҷикон дар тамоми соҳаҳои ҳаёт танҳо ба туфайли иттифоқу сарҷамъии қавму миллатҳои гуногуни он, ҳамбастагии ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва дар ниҳояти кор иттиҳоди халалнопазири қишрҳои гуногуни ҷомеа ба даст меояд.

Шуъбаи таҳлил назорат ва робита бо ҷомеа

Комиссияи қабули ДДТХ ба маълумоти довталабон мерасонад, ки дар муҳлати муқарраршуда оид ба пардохти маблағи таҳсили гурӯҳҳои шартномавӣ то имрӯз 75% маблағҳои худро пардохт намудаанд. Барои ба пуррагӣ анҷом ёфтани қабули маблағҳои донишҷӯёни шарномавӣ муҳлати ниҳоии пардохт то 10.06.2016 дароз карда мешавад. Аз нафароне, ки то имрӯз маблағи шартномаро пардохт накардаанд дархост карда мешавад, ки то санаи муайяншуда маблағи шартномаи таҳсилро ба суратҳисоби бонкии ДДТХ пардохт намоянд.

Аз довталабоне, ки маблағи таҳсилро дар дигар филиалҳои Амонатбонк супоридаанд хоҳиш карда мешавад, ки бо мо бо телефони 8331221034 дар тамос шаванд.

Суратҳисоби бонкии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон 

ҲИСОБИ МАХСУСИ РАЁСАТИ МОЛИЯИ н.ДАНҒАРА

АМОНАТБОНК ДАНҒАРА №59

р/с    20204972600034359000

к/с    20402972316264

БИК  350101626

Маблағи пардохти таҳсил барои як сол вобаста ба факултет:

ТИББӢ – 7700 ПЕДИАТРӢ – 6160 СТОМАТОЛОГӢ – 8690

       Ёдовар мешавем, ки бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ДДТХ таъсис ёфт. Лозим ба қайд аст, ки ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти таълимии донишгоҳ, дар марҳилаи аввал, донишгоҳ чун дигар муассисаҳои навтаъсис  ба кӯмаку дасгириҳо ниёз дорад.

              Боиси фараҳмандист, ки имрӯзҳо аз ҷониби  баъзе шахсони хайрхоҳ ба Донишгоҳи навтаъсиси тиббӣ  лавозимоту воситаҳои аёнии таълимӣ ворид гардида истодааст, ки ин боз ҳам барои пешрафту тараққии донишгоҳи номбурда созгор хоҳад буд.

               Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта аз тарафи устодони кафедраи биохимияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва баъзе шахсони воқеӣ ба донишгоҳ кӯмакҳо ворид гардида буд. Хушбахтона, имрӯзҳо бошад, ин кори хайр идома ёфта истода, ин навбат  санаи   16- уми июни соли равон  намояндагони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб  ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ дар ҳайати мушовири ректор - дотсент, Иззатуллоев К., мудири озмоишгоҳи физикаи умумӣ ва  назариявӣ –Ғаниев Ш.,  муаллими калони кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ –Сайдалиев А.   ба ДДТХ ташриф оварданд. Ҷоиз ба зикр аст, ки  бо ташаббуси  ректори ин донишгоҳ   д.и.ф/м, Абдулло Ҳабибулло  як қатор номгӯи воситаҳои аёнии таълимӣ ба ДДТХ,  аз қабили  таҷҳизоти озмоишӣ барои муҷаҳасозии кафедраи физикаи биологӣ бо асосҳои информатика,    маводу препаратҳои химиявӣ барои кафедраҳои химия ва биология   ҳамчун тӯҳфа пешниҳод гардид.

Раёсати донишгоҳ барои чунин дастгириҳо бевосита ба ректори ДДК, Абдулло Ҳабибулло ва тамоми коллективи ин даргоҳ изҳори сипосмандӣ менамояд.

Шуъбаи таҳлил, назорат вар обита ҷомеа

Соҳаи маориф, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати самти афзалиятноки сиёсати пешгирифта эътироф шудааст, ҳамеша дар маркази диққат қарор дошта, ҷиҳати таъмини рушди бемайлони он бо ибтикори Пешвои миллат,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН иқдомоти зиёде ба сомон расидаанд. Яке аз роҳҳои вусъат бахшидани фаъолияти ин бахши муҳими ҷомеа бунёди  мактабҳои замонавӣ дар сартосари кишвар маҳсуб меёбад, зеро ин омил чун такони ҷиддӣ ба тавсеаи самтҳои гуногуни хоҷагии халқ  боис мешавад.  

               Яке аз чунин таълимгоҳҳо муассисаи таълимии давлатии Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон  мебошад. Дар ҳақиқат, аз соли 2012 то инҷониб муассисаи таълимии номбурда  хонандагони  болаёқатро  тарбия менамояд. Тавре маълум гардид, дар таълимгоҳ  хонандагон бо се  вақт хӯроки гарм таъмин карда шуда, меъёр ва сифати хӯрокаи хонандагон   зери назорати қатъии маъмурияти мактаб қарор дорад. Машғулиятҳои асосӣ дар як баст аз рӯйи ҷадвали дарсӣ гузаронида, дар басти дуюм бошад, дарсҳои иловагӣ аз рӯйи ҷадвали тасдиқшуда, гузаронида мешавад. Оид ба  ҳамаи фанҳои таълимӣ барои ҳар як омӯзгор маҳфилҳо ташкил карда шудааст. Маҳфилҳо ҳар рӯз дар асоси ҷадвал аз соати 1930 то 2030 гузаронида мешаванд. Дар семоҳаи соли ҷорӣ шогирдони мактаб дар озмунҳои вилоятӣ иштирок намуда, шаш нафар соҳиби медали тилло, ҳашт нафар медали нуқра, бисту се нафар соҳиби медали биринҷӣ гардида, як нафар ҷойи ифтихориро ишғол намудааст. Ногуфта намонад, ки алҳол, хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, ҳафт ҷойи ифтихорӣ низ ба даст овардаанд. Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳанд, ки омӯзгорони ин даргоҳ соҳиби дониши баланд мебошанд.  Аз шумораи 90 нафар хатмкунандагони мактаб, 38 нафар ба мактабҳои олии хориҷи кишвар ва 52 нафар ба макотиби олии кишвар дохил шудаанд.  Заминаи моддӣ - техникиии ин  муассиса дар сатҳи хуб қарор дошта, аз ҷумла, мактаб дорои  23 синфхонаи таълимӣ, 2 кабинети лингафонӣ, 2 кабинети технологияи иттилоотӣ, кабинетҳои математика, физика, химия, биология, география,  китобхона ва толори китобхонӣ мебошад. Дар соли 2015-ум бошад, боз  3 синфхонаи  забону адабиёти тоҷик, 2 синфхонаи математика ва 1 синфхонаи химия кушода шуда,  бо ҷиҳозҳои таълимии замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

              Лозим ба қайд аст, ки  соли равон Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро имконият пайдо шуд, ки бо ҳайати омӯзгорони   мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат шинос гарданд. Бо кӯмаку дастгириҳои директори муассисаи таълимии номбурда Абдуллоев Қ., Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон тавонист имтиҳоноти нахустини   дохилшавии довталабонро, ки рӯзҳои 02 –юми май ва  07 – уми майи соли ҷорӣ баргузор гардида буд, бомуваффаққият гузаронад.   Боиси тазаккур аст, ки  16 нафар аз хатмкунандагони мактаби мазкур ба ДДТХ ҳуҷҷат супорида, аз ин  12 нафарашон    имтиҳонҳои қабулро бо натиҷаҳои баланд ҷамъбаст намуда, сазовори номи  донишҷӯи ДДТХ шудаанд.  Чунончӣ,  Қаюмов  Сино аз имтиҳони тестӣ  бо гирифтани 161 хол ва Ҷобири Қурбоналӣ 147 хол натиҷаҳои беҳтарин нишон доданд.  

             Зимнан, маълум менамоем, ки дастпарварони ин мактаб, Ҷ. Қурбоналӣ ва Қаюмов С. иштирокчии фаъоли олимпиадаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ  дар солҳои 2015 ва 2016 буда, соҳиби медалҳои тилло аз фанҳои физика ва химия мебошанд. 

              Албатта, ба чунин дастовардҳои назаррас ноил шудани мактаби      Президентӣ заҳматҳои шабонарӯзии омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ мебошанд. Аз ин лихоз, Раёсати ДДТХ ба роҳбарият ва муҳасилини мактаби Президентӣ барои кӯмаку  ҳамкориҳояшон ва тайёр намудани хонандагони болаёқат изҳори миннатдорӣ менамояд. Умедворем, ки  натиҷаҳои назаррасӣ  фаъолияти мактаби Президентӣ дар ноҳияи Данғара  дар дигар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷорӣ гашта, барои омода намудани довталабони болаёқат барои ДДТХ дар оянда  замина мегузоранд. 

 

    Саидова М. – мутахассиси шуъбаи таҳлил,

    назорат ва робита бо ҷомеа 

Иштироки  сардори шуъбаи таълими ДДТХ, дотсент

Кузибоева Н.К.  дар Конгресси байналмиллалии EUROMEDICA-  2016,   шаҳри Ганновер,  Ҷумҳурии Федералии  Олмон

 Ҳамасола Конгресси байналмилалии EUROMEDICA дар шаҳри Ганновери Ҷумҳурии Федералии  Олмон дар мавзуҳои мухталифи  соҳаи тиб,  аз ҷумла  дир мавзуъҳои  роҳҳои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии табибони чаҳон  гузаронида мешавад, ки дар он  табибони зиёд аз  кишварҳои  ҷаҳон  ширкат меварзанд.      Конгресс рузи 24 майи соли равон  оғоз шуда то санаи 29 май давом ёфт. Кушодашавии конгрес  бо чаласаи пленарӣ огоз гардида, пас аз он чаласахои сексионӣ, мастер классҳо,  ва бо гузаронидани мактабхои такмили ихтисос ва семинарҳо кори худро идома дод. Чаласаҳои сексионӣ аз рӯйи ихтисосҳо тақсим шуда, ҳамагӣ дар  кори конгресс 150 нафар профессорону номзадони илми тиб ширкат варзида,  доир ба  мавзӯъҳои гунонгуи  тиб ва  дастовардҳои муосири  соҳа   маърузаҳо намуданд. Инчунин, бояд қайд намуд, ки дар доираи кори  конгрес профессорони Донишгоҳи тиббии Берлин ва Академияи Аврупоии илми тиб дар мавзуъҳои актуалии илми тиби муосир барои ҳозирин лексияҳо доир намуданд.  Дотсенти Донишгоҳи давлатии тибби Хатлон дар мавзӯи “Структура инфицированности внутриутробными инфекциями у детей раннего возраста с врожденными пороками сердца” бо маърузаи ҷолиб баромад намуд.

   Дар ҷамъбасти кори  конгресс, маърузачиёни беҳтарин бо медалу дипломҳои конгрес мукофотонида шуданд. Аз ҷумла барои маърӯзаи беҳтарин дар соҳаи педиатрия, дотсент Қузибоева Н. низ  бо медали Александр Вон Гамбольт, диплом ва сертификат мукофотонида щуд.

     Роҳбарияти Донишгоҳ  муваффақиятҳои кормандони донишгоҳро, ки обрӯ ва нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд пазироӣ намуда,   ҷиҳати тавсеа бахшидани ширкати кормандон ва донишҷӯёнро дар ин самт   ҳамеша дастгирӣ хоҳад  намуд.      

Шуъбаи таҳлил, назорат

 ва робита бо ҷомеа

Аз 01.04.2016 то 30.04.2016  ба комиссияи қабул ҳамагӣ  1633 нафар  ҳуҷҷат супорид,  ки  дар маҷмуъ нисбат ба шумораи  ҷойҳои  тибқи нақша ҷудогардида  4,5 маротиба зиёд буда, инчунин дар  таносуби ҷойҳои буҷавӣ, махсусан дар факултети тиббӣ   теъдоди доталабон  10:1 -  ро ташкил медод.   Маълум менамоем, ки аз   миқдори умумӣ     -  1097  нафар (67, 2% ) ба таври  буҷавӣ ва 536 нафар (32, 8%) ба тариқи  шартномавӣ  ҳуҷҷат супоридааст.   

     Аз  шумораи умумӣ довталабон - 1146 нафар (70,2%)   аз вилояти Хатлон,  аз вилояти Суғд  -188 нафар (11,5%),   аз вилояти ВКМБ  - 10 нафар (0,6%), НТҶ  - 137 нафар (8,4%)  ва аз шаҳри Душанбе  - 152 нафар ё худ 9, 3% - ро ташкил медиҳад.

     Зимнан тибқи қарори Раёсати донишгоҳ аз 220 холи максималии саволҳои тестӣ, холи гузариш ба имтиҳони дуюм  аз 60 хол ва зиёда аз он  муқаррар гардида буд.

     Имтиҳони тестӣ рўзи 02 – юми майи соли равон дар мактаби Президентии н.Данғара баргузор шуд, ки аз 1633 нафар довтаб ба имтиҳон 1540 нафар ё худ 94, 3%   ҳозир шуд. Теъдоди ҳозирнашудагон бошад  93 нафарро ташкил медод. Аз шумораи  нафарони имтиҳонсупорида 519 нафар (33%) соҳиби  аз 60 хол ва зиёда аз он гаштанд, ки барои иштирок ба даври дуюми имтиҳон иҷозат дода шуданд. Даври дуюми  имтиҳони хаттӣ рўзи 07 – юми майи соли ҷорӣ   доир гашт, ки   аз  519 нафари ба имтиҳон  роҳёфта,  476  нафар (91,7%) дар имтиҳон иштирок намуд. Теъдоди  довталабон нокомгашта аз кори хаттӣ 42 нафарро ташкил дод.

     Мутобиқи Қоидаҳои қабул, санаҳои 4 – ум ва 8 - уми майи соли 2016  Комиссияи апеллятсионӣ вобаста ба натиҷаи имтиҳонҳои тестӣ ва кори хаттӣ фаъолият намуда,  аризаи 42 нафар довталабонро дар ҳузури волидайнашон  баррасӣ намуд. Дар натиҷа дар  2 ҳолат  ба холҳои гирифтаи довталабон ба миқдори 3 хол зиёд карда шуд.

     Натиҷаи ҷамъбастии имтиҳонҳо дар соли таҳсили 2016-2017 маълум намуд, ки   352 нафар довталаб (150 нафар ба тариқи буҷавӣ ва 202 нафар ба тариқи шартномавӣ)  ҳуқуқи ба донишгоҳ қабул   шуданро пайдо намуданд.    Аз ин  теъдод   - 72,5 - ро  аз вилояти Хатлон,  - 14,2% аз вилояти Суғд,  - 0,6% аз вилояти ВМКБ,  - 6,8% аз ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва  - 5,9%  аз шаҳри Душанбе ташкил медиҳад.

      Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон довталабони комёбгаштаро табрику таҳният гуфта, дар оғози соли нави хониш барояшон бурдбори ва дастовардҳои нав ба навро орзуманд аст.

Our partners 
 
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид