Варзиш
19 январи соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо мақсади беҳдошти саломатӣ ва пешбурди тарзи ҳаёти солим дар байни омӯзгорон аз рӯи намудҳои шашка, шоҳмот ва тенниси рӯимизӣ мусобиқаи варзишӣ оғоз гардид. Омӯзгорон аз кафедраҳо ва сохторҳои донишгоҳ худро номнавис намуда, аз рӯйи мусобиқаҳои дар боло зикргардида бо ҳам сабқат доранд.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба «Рӯзи Президент» ва «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мусобиқаи варзишӣ аз рӯйи «Футболи хурд» дар байни курсҳои якум ва дуюм аз 9 - уми ноябри соли равон оѓоз гардида, то 24 - уми ноябр идома ёфт.
Мусобиқаи мазкур хеле шавқовар гузашта, дар он 29 даста ширкат варзиданд. Гурӯҳҳои 101 - и факултети стоматологӣ ва 101 - и факултети тиббӣ ба даври ниҳоӣ баромаданд.
24 ноябр байни гурӯҳҳои мазкур бозӣ доир гардид, ки гурӯҳи 101 - и тиббӣ бо ҳисоби 5 : 4 бар гурӯҳи 101 - и стоматологӣ пирӯз гардид.
Бояд қайд намуд, ки донишҷӯи курси 101 - и тиббӣ - Рабиев Рабӣ дар давоми мусобиқа бозингари беҳтарин дониста шуд.
С.Самиев,
Ҷ. Қурбоналиев,
омӯзгорони фанни варзиш
Санаи 18 ва 19 - уми апрели соли ҷорӣ бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе байни наврасон, ҷавонон ва калонсолон чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «карате - до (WKF)» баргузор гардид. Аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар мусобиқаи мазкур донишҷўи курси 4 - уми гурўҳи 403 - и факултети тиббӣ Давлатов Азамат ширкат варзида, ҷойи аввалро сазовор шуд.
Аз номи раёсати донишгоҳ, омўзгорон ва донишҷўён Давлатов Азаматро ба муносибати ғолибияташ самимона табрику таҳният намуда, барои фатҳи қуллаҳои баланд дар соҳаи варзиш муваффақиятҳо орзу менамоем.
ДЕКАНАТ
10 - уми апрели соли равон даври ниҳоии бозӣ аз рӯи намуди “футболи хурд”барои дарёфти “Ҷоми ДДТХ” байни дастаҳои “Деканат” ва “Таълим”баргузор гардид.
Бозии мазкур дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстона ва хеле шавқовар гузашт.
Дар дақиқаи аввали бозӣ дастаи “Деканат” ба дарвозаи ҳариф тӯби аввалини худро ворид намуд. Мухлисони дастаи “Деканат” хеле хушнуд буданд ва пайваста овози “де - ка - нат”, “де - ка - нат” аз ҷониби эшон дар фазо танинандоз буд. Мухлисон тахмин карданд, ки “накуии сол аз баҳораш маълум” гардид.
Аммо дар давоми бозӣ дастаи “Таълим” зимоми бозиро ба даст гирифта, ҳеҷ аз даст надод, ки надод. Дастаи мазкур дар давоми бозӣ ба дарвозаи ҳариф 8 гол зад. Гарчанде дар байни бозӣ дастаи “Деканат” ба дарвозаи ҳариф як голи дигар зада бошад ҳам, бо ҳисоби калони 2:8 мағлуб гардид.
Ҳамин тариқ, аз 8 - дастаи ташкилшуда дастаи “Таълим” ҷойи аввалро ишғол намуда, Ҷоми Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро ба даст овард, ки ҳалолашон бод!
Пирӯзӣ муборак!
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА