Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Варзиш

     Бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 октябри соли равон  мусобиқаи кушоди байни гурӯҳҳои мактаби варзишӣ оид ба намуди Муай-тай баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни  Коллеҷи тиббии ДДТХ дар ноҳияи Данғара  фаъолона ширкат варзиданд.

    Назаров Рустам дар вазни 55 кг ҷойи якум ва Маҳмадов Муҳаммад дар вазни 50 кг ҷойи дуюмро ишғол намуданд, ки бо ифтихорномаи Муассисаи давлатии маркази варзишӣ  сарфароз гардиданд.

    Муай-тай аз калимаи санскритӣ гирифта шуда, маънояш набарди озод мебошад. Он як намуди варзиши бокс мебошад, ки дар Таиланд ба вуҷуд омадааст.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

ДУЧАРХАРОНӢ ВА АҲАМИЯТИ ОН

  Дар замони муосир дучархаронӣ (велосипедронӣ) яке аз намудҳои варзишие маҳсуб меёбад, ки ба саломатии инсон хеле фоидабахш аст. Қисми зиёди аҳолии сайёра ин намуди варзишро хуб пазируфтаанд ва новобаста аз шомил будан ба маҳфилҳои варзишии велосипедронӣ, шахсан барои худ ин таҷҳизотро харидорӣ намудаанд ва ҳамарӯза барои беҳтар намудани саломатии хеш онро истифода менамоянд.

   Тибқи маълумоти мутахассисони соҳаи тиб, машғул шудан ба дучархаронӣ (велосипедронӣ) ба системаи узвҳои асаб, системаи узвҳои таносул, барои бартараф кардани вазни зиёдатӣ хеле муфид аст.

     Новобаста аз он ки дучархаронӣ (велосипедронӣ) ба саломатӣ аҳамияти калон дорад, боз барои сарфа кардани маблағ низ мусоидат менамояд.

   Хушбахтона, омӯзгорон ва донишҷӯёни ДДТХ аз самаранокӣ ва фоидабахш будани истифодабарии дучарха (велосипед) бархӯрдор буда, теъдоди зиёди онҳо субҳгоҳон ба Донишгоҳ бо дучархаҳои хеш меоянд, ки ин барои сарфа кардани вақт ва ҳамзамон ҳозир шудан ба машғулиятҳо дар вақти муайяншуда мусоидат менамояд.

    Сарвари Донишгоҳ, ин ташаббусҳои донишҷӯёнро тарафдорӣ намуда, дастур доданд, ки дар як гӯшаи саҳни Донишгоҳ барои дучархаҳо таваққуфгоҳ сохта, онро мавриди истифодабарӣ қарор диҳанд ва ин супориш дар як муддати кӯтоҳ амалӣ гардид.

    Боварӣ дорем, ки дар байни донишҷӯёни ДДТХ дар оянда низ ташаккули тарзи ҳаёти солим ба воситаи дучархаронӣ ва дигар намудҳои варзиш дучанд меафзояд.

С. Ф. Самиев, Ҷ. М. Қурбоналиев,

омӯзгорони кафедраи

Физикаи тиббӣ ва информатика

ТАНИ СОЛИМ – РӮҲИ СОЛИМ

 “Варзиш - гарави саломатист” - чунин аст шиори занон ва духтарони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон. Ҳамчунин, аз осудагию оромии кишвар ва Истиқлолият, ки имрӯз ҳама шароитҳои замонавии муфид баҳрашон  муҳайёст, бениҳоят шукргузоранд. Боиси хушҳолист, ки баҳри саломатӣ ва зебогӣ ба тамрин машғуланд.                                                          

      Бо мақсади иҷрои барномаҳои давлатӣ оид ба солимгардонӣ ва нақшаи кории Шӯрои занон ва духтарон санаи 09.01.соли 2019 бо ҳамоҳангии устодони варзиши кафедраи Физикаи тиббӣ ва информатика Қурбоналиев Ҷ.М. ва Самиев С.Ф. дар толори варзишии донишгоҳ байни бонувон мусобиқаи варзишӣ баргузор карда шуд.                 

    

   Устодони варзиш бо тариқи интихоби бастачаҳои пӯшида бонувонро ба ду гурӯҳ ҷудо намуда, гурӯҳи якумро “Рахш” ва гурӯҳи дуюмро “Саманд” номгузорӣ намуданд.                                                               

     Дастаҳо аз чанд намуди бозиҳои шавқовар аз ҷумла шоҳмот, шашка, бандпарак, тенниси рӯимизӣ ва волейбол қувваозмоӣ намуданд. Дар рафти мусобиқаҳои варзишӣ бонувон чусту чолокӣ ва маҳорати баланд нишон доданд, ки ин натиҷаҳои машғулиятҳои пайвастаашон ба варзиш аст. Дар бозии шашка лаборанти калони кафедраи “Морфология ва физиологияи одам” Маҳмадавлатова М. С., дар бозии тенниси рӯи мизӣ бошад, омӯзгор аз кафедраи “Фармакология ” Сафарова Д.Ҳ. ва омӯзгори кафедраи забонҳо Набиева А.А. хеле хуб ҳунарнамоӣ намуданд.                  

    Ҳакамон ҳамаи холҳои ба даст овардаи ҳар ду гурӯҳро ҳисоб намуданд, ки дар натиҷа дастаи “Саманд” ғолиби мусобиқа дониста шуд.

Шӯрои занон ва духтарони ДДТХ 

ТУҲФАИ АРЗАНДАИ ОБИДА ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ

 Кумита кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар озмуни «Ҷавондухтари ҳунарманди сол»-ро эълон намуда буд. Ҳамчунин Низомномаи баргузории озмуни мазкур таҳия ва бо мактуби ҳамроҳ ба тамоми мактабҳои олии кишвар фиристода шуда буд. Дар асоси он то санаи 10-уми октябр дар байни донишҷӯдухтарони  донишгоҳ даври аввали озмун баргузор гардид, ки дар натиҷа донишҷӯи соли дуюми гурӯҳи 206-уми факултети педиатрӣ Азизмамадова Обида ғолиб дониста шуд ва ба даври ниҳоии ҷумҳуриявӣ пешниҳод гардид. Хушбахтона, дар арафаи Соли нави мелодӣ навиди тозае ворид гардид, ки рӯзи 25-уми декабри соли 2018 баъди дар мактаби миёнаи таҳсилоти умумии № 31 шаҳри Душанбе баргузор гардидани даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ маросими ба ғолибон супоридани ҷоизаҳо ва сипосномаи Кумита кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Донишҷӯдухтари донишгоҳи мо Азизмамадова Обида барои ишғол намудани ҷойи якум дар даври ниҳоии озмун бо туҳфа ва сипосномаи Кумита кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд.

+  Барои иштироки ин донишҷӯдухтари фаъол дар озмуни сатҳи ҷумҳириявӣ саҳми шуъбаи  кор бо ҷавонони донишгоҳ, шӯрои занон ва духтарон ва кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён хеле калон аст. Як чизи мусаллам аст, ки Обида на фақат духтари ҳунарманд аст, балки дар таҳсил низ муваффақ аст ва ҳамчун донишҷӯи фаъол шинохта шудааст. Дар  чеҳраи масъуми вай ҳамеша таббассуми зебое  нақш бастааст, ки нуру ҷилои хосае дорад. Албатта, барои ба чунин ғолибият муваффақ шуданаш саҳми ҳамсабақон ва роҳбари гурӯҳ назаррас аст, ки пайваста вайро руҳан дастгирӣ менамуданд.

        Аз номи раёсат, ташкилотҳои ҷамъиятии донишгоҳ барои чунин ғолибият ва туҳфаи арзандаи донишҷӯдухтари факултети педиатрӣ Азизмамадова Обидаро табрику таҳният гуфта, дар таҳсилу  зиндагии шахсияш комёбиҳои нав ба навро таманно менамоем. Боварӣ дорем, ки Обида барои дигар  толибилмони донишгоҳ ойинаи ибрат гардида, онҳоро ба дастовардҳои хуби таълимӣ раҳнамун хоҳад сохт.

Шуъбаи кор бо ҷавонон

Page 4 of 8

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид