Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Табрикот

    Устодони арҷманд, шогирдони бениҳоят азиз,  ҳозирини гиромӣ!

 

   Иди бонувон баробари оғози эҳёи табиат – фасли баҳор фаро мерасад, ки мардумро ба ибтидои пешомадҳои нав, нақшаву тадбирҳои тоза ва дар маҷмуъ ба ободониву созандагӣ ҳидоят менамояд.

       Аслан сиришти занону модарони рӯйи олам аз покиву зебоӣ, рисолати зиндагисозӣ ва эҳсоси гарму ҷонбахш офарида шудааст.

        Арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қиммат ва иззату эҳтироми модарону занон қарзи фарзандӣ ва вазифаи ифтихории  ҳар як инсони соҳибхирад аст. Ин рисолатро мо дар сурате адо карда метавонем, ки ба қадри шири поки модарон, меҳрубониву ғамхории самимии занон ва хоҳарону духтарони худ бирасем.     

        Зан-Модар дар фарҳанги ҳар миллат чойгоҳи хос дорад. Хурду бузург заҳмату фидокориҳои модарону бонувонро қадр мекунанд. Зеро модарони мо имрӯз бо нангу номуси ватандорӣ дар соҳаҳои гуногун баробари мардон фаъолият доранд.

 

        Саҳми бисёр арзишманди онҳо ва натиҷаи заҳмати софдилонаашон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мушоҳида мегардад.

        Боиси хурсандист, ки дар даврони соҳибистиқлолии  кишвари азизамон  занону  бонувони саодатманди ҷумҳурӣ бо нерӯю қувваи тозаи созандагӣ  сарбаландона барои пешрафту  ободиии мамлакат саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд. Зани тоҷик табиатан тарбиятгари тавоно ва бо хоксориву меҳрубониаш марҳами дили дардмандон аст. Ин аст, ки   модарону хоҳарони азизи мо  рисолати хешро дар ин ду соҳаи муҳими иҷтимоӣ маориф ва тандупустӣ ҳамеша  сарбаландона ба ҷо оварда, сазовори ҳурмату эҳтироми баланди аҳли ҷомеа гаштаанд.            

        Бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳукукбунёд ва дунявū маҳз бо шарофати ҳамовозию дастгирии фаъолонаи занони Тоҷикистон мавқеи устувору пойдори худро пайдо кард.  

 

          Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ба кулли занони ҷумхурӣ, алалхусус, ба занони фаъолу фидокор таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, чунин иброз доштаанд: «Модар гаҳвора ва оламро ба ҳам мепайвандад ва бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд». 

 

          Аҷдоди мо - мардони ориёӣ ҳанӯз се ҳазор сол пеш барои ба ҷо овардани эҳтироми занону модарони худ ҷашни хосае доштаанд.

 

          Чунон ки аз гуфтаҳои донишманди бузург Абӯрайҳони Берунӣ бармеояд, иди занон дар сарзамини аҷдодии мо дар моҳи сеюми зимистон, ки онро исфанд мегуфтанд ва ин моҳ имрӯз низ дар тақвими баъзе халқҳои ориёӣ вуҷуд дошта, ба охири моҳи феврал ва аввали март мутобиқат дорад, ҷашн гирифта мешуд.

  Ва дар замони гузашта ин моҳ ба василаи ин рӯз иди занон будааст. Ва ин расм ҳанӯз дар кишварҳои ҷаҳон боқи  мондааст. Ва онро ба форсӣ “муждагирон” мегӯянд”.

    Боиси тазаккур аст, ки баробарии ҳуқукҳои занон ва мардон аз моддаи 17–уми  Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон маншаъ мегирад.  Дар робита ба ин соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа»  ба имзо расидааст, ки барои ҷалб намудани занон ба корҳои ҷамъиятӣ ва вазифаҳои давлатӣ боз ҳам бештар мусоидат намуд.     

       Санади дигаре, ки кафолати баробарҳуқуқиро дар ҷомеа ба танзим медарорад  ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» мебошад, ки он  1 марти соли 2005,   ба тасвиб расидааст ва имрӯзҳо мавриди амал қарор дорад.

          Барои татбиқ намудани ҳадафхои сиёсати ҳукумат Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017 -2022» таҳия ва қабул гашт, ки он барои ҷалб намудани занон ва духтарони болаёқат дар вазифаҳои роҳбарии давлатию ҷамъиятӣ заминаи мусоид гузошт.

           Чи хеле ки ба ҳамагон маълум аст санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Аз ин лиҳоз,  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   дар байни  кишварҳои  Иттиҳоди Давлатҳои  Мустақил яке аз аввалинҳо шуда,  Конвенсияҳои байналхалқӣ  «Дар бораи зӯроварӣ нисбат ба занон» ва «Дар бораи  ҳуқуқҳои сиёсии занон»-ро ба имзо расонидааст.

         Соли 2010 бошад ҳукумати мамлакат «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2020» - ро  таҳия ва қабул намуд.  Соли 2015   Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила»-ро қабул намуд, ки он боз як зуҳуроти ғамхории Ҳукумати мамлакат дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон мебошад. 

        Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳукумат ба масъалаи тарбияи ҳамаҷонибаи ҷавонон ҳамчун самти муҳимтарини сиёсати давлат ва ҳалли мушкилоти вобаста ба оила ва занон диққати аввалиндараҷа дода, дар   солҳои оянда  низ  нақши занон дар ҷомеа боз ҳам баланд бардошта хоҳал шуд.

       Имрӯзҳо бонувони Точикистон дар корҳои давлатдорӣ ва сиёсат фаъол мебошанд ва вазифаҳои хело пурмасъулро ба ӯҳда доранд.  Занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд. Тибқи маълумотҳои оморӣ дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва идоракунии кормандони Ҳукумати мамлакат 19,2% -ро   занон ташкил додаанд.  Дар соҳаи маорифи кишвар ин нишондиҳанда ба 73%, дар соҳаи тандурустӣ бошад ба 68% баробар мебошад.  Дар маҷмуъ, хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занону бонувон  дар ҷумҳурӣ  23,4 %  - ро ташкил додааст.

        Қобили қайд аст, ки дар қатори ҳайати профессорону омӯзгорон  ва донишҷӯёни  Донишгоҳи тозабунёди мо занону духтарон низ ба кору фаъолият ва таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз шумораи умумии донишҷӯён 474 нафар ё худ 25,4% -ро дхтарон ташкил додаанд.  Аз 104 нафар устодоне, ки дар донишгоҳ кору фаъолият доранд 26 нафарашон ё худ 25%  занҳо мебошанд. Аз ин теъдод 5 нафар номзади илми тиб ва 5 нафар ҳамчун унвонҷӯй тадқиқоти имӣ мебаранд.   Илова бар ин, аз ин теъдод  1 нафар дорандаи  унвони давлатии Корманди Шоистаи Тоҷикистон фаъолият менамояд. Ҳамзамон 8 нафар дар мансабҳои  масъулиятноки  раёсати донишгоҳро  бонувон ба зимма доранд, ки то имрӯз аз ӯҳдаи вазифаву ваколатҳои худ бо сари баланд баромада  истодаанд.

 

Хозирини гиромӣ!

           Ҷоиз ба қайд аст, ки соли 2009  8-уми мартро Сарвари давлат «Рӯзи модарон» эълон намуданд ва иди Модар  тавъам бо фасли баҳор буда,  чеҳраи рангини замину замон, шукуфтани гулу лола,  резиши борони баҳорон, хандаҳои беғаши кӯдакон, табассумҳои ширини гулдухтарон гӯё ҳама пайку навид ва сари таъзим ба Модар аст ва армуғони шодӣ ба ин олиҳаи замон меоранд.

 

   Дар воқеъ, бар дӯши Модар рисолат ва масъулияти  муҳиме вогузор гардидааст: бузургтарин рисолати модари точик аз азал тарбияи фарзандони нобиғаву хирадманд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номус, далеру шуҷоъ, озодихоҳу адолатпарвар ва ҳунарманду созанда будааст.

 

    Оре, агар мо ҷомеаи солим бунёд кардани бошем, бояд фарзанди солиму бомаърифатро ба камол расонем. Пойдевори ояндаи давлати моро танҳо ҷавонони солим, дорои ахлоқу фарҳанги воло гузошта  метавонанд. Ин вазифаро пеш ва беш аз ҳама Модарон тавассути тарбияи комил ва насиҳатҳои муқбил метавонанд ба сомон расонанд.

Дар охир шуморо – модарону хоҳарон ва шогирдони азиз, бори дигар ба ифтихори ҷашни пуршукӯҳатон ва фарорасии иди бузурги суннатиамон – Наврӯзи Аҷам, ки пас аз чанде бо қудуми фархундаи худ диёри биҳиштосои моро боз ҳам мунаввар месозад, самимона табрику муборакбод намуда, ба ҳамаатон тансиҳатӣ, хушбахтиву саодатмандӣ ва рӯзгори хушу осударо орзу менамоям.

70 - СОЛАГӢ МУБОРАК!

     Имрӯз яке аз шахсони намоён, олими барҷаста, сиёсатмадор, доктори илмҳои тиб, профессор, Аламхон Аҳмадов ба синни мубораки 70 расиданд.

    Аҳмадов Аламхон 1 - уми феврали соли 1951 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

    Факултаи муолиҷавии ДДТТ - ро соли 1975 хатм кардааст.

    Ӯ доктори илмҳои тиб (2000), профессор (2001), Аълочии тандурустии ИҶШС (1988), Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999) ва Барандаи Ҷоизаи Суқрот (2012) мебошад.

   Табиб - интерни клиникии ДДТТ дар шуъбаи бемориҳои дарунии беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб (1975 - 76), табиби минтақавии бемориҳои дарунии дармонгоҳи шаҳри Кӯлоб, (1976 -77), мудири шуъба (1977 - 78), сартабиби Бунгоҳи ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Кӯлоб, сартабиби Беморхонаи раёсати 4 - уми Вазорати тандурустӣ дар шаҳри Кӯлоб, (1984 - 87), мудири шуъбаи тандурустии комиҷроияи шаҳри Кӯлоб ва ҷонишини мудири шуъбаи тандурустии комиҷроияи вилояти Хатлон (1987 - 90), Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1992 -2003), Ректор (2003 -15) ва профессори Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 2015).

  Аламхон Аҳмадов зиёда аз 200 таълифот дорад.

   Солҳои вазири тандурустӣ буданаш дар таъмин намудани кадрҳои баландихтисос дар муассисаҳои тиббӣ, баланд бардоштани савияи дониш, равнақи корҳои илмию тадқиқотӣ, ташкили муассисаҳои олии тиббӣ ва бо мутахассисон таъмин намудани онҳо, бартараф сохтани хатари таҳдиди бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла, лептоспироз, триходесматоксикоз (1992 - 94), вабо (1994 - 95), гулӯзиндонак (1995), домана (1996 - 97), вараҷа, сурхакон ва полиомиелит кӯшиши зиёд ба харҷ додааст.

   Муаллифи чандин барномаҳои миллӣ мебошад. Депутати Шӯрои Олии ҶТ (даъвати 12 - ум, солҳои 1990 -95). Узви вобаста (2000) ва ҷонишини раиси Кумитаи доимии қисмати Аврупоии Созмони байналмилалии тандурустӣ (2001 - 2002). Барои пурра нест намудани бемории фалаҷи кӯдакон дар кишвар бо Сертификати Созмони байналмилалии тандурустӣ (2002) қадрдонӣ гардидааст.

   Раёсат, ҳайати профессорон ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Аламхон Аҳмадовро ба муносибати ҷашни 70 - солагӣ  аз самими қалб табрик ва таҳният намуда, барояш рӯзгори хуш, дар тарбияи кадрҳои баландихтисос ва корҳои илмӣ комёбиҳои беназирро таманно мекунанд.

РАЁСАТИ ДДТХ

ПИРӮЗӢ МУБОРАК!

    17 декабри соли 2020 дар шаҳри Леваканд озмуни Стипендияи раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он донишҷӯён аз донишкада ва донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

Дар озмуни мазкур аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон донишҷӯёни курси панҷуми факултети тиббӣ Фозилов Н. ва Ҷойлобов М. иштирок карда буданд. 

Озмун аз се давр - худмуаррифӣ ва саволу ҷавоб ба забони англисӣ ва русӣ, навиштани иншо ва имтиҳони тестӣ иборат буд.

Фозилов Насим се даври озмунро сарбаландона гузашта, гирандаи Стипендияи раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

9 январи соли 2021 дар Кохи Сурӯши шаҳри Душанбе дар маросими тантанавӣ ба ѓолибони озмун шаҳодатнома ва туҳфаи пулӣ супорида шуд.

Раёсати ДДТХ, ҳайати омӯзгорон ва профессорон Фозилов Насимро барои шарафёб шудан ба Стипендияи раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, дар таҳсил ва корҳои ояндааш комёбиҳои беназир орзу менамоянд.

 ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

ҶАШНИ КАМОЛОТ МУБОРАК !

      Имрӯз яке аз олимони маъруфи соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонов Фозил  90 - сола мешаванд.

     Ҳамагон хуб медонанд, ки саҳми Абдураҳмонов Ф.  дар таълим, тарбия ва ба камол расонидани шогирдони сершумор бениҳоят бузург аст. ӯ дар тӯли умри пурбаракати хеш қуллаҳои нав ба нави илмро фатҳ намуда, то дараҷаи доктори илм, профессор  расидааст.

     Фаъолияти ин марди хирад дар соҳаи  таълим ва тарбияи кадрҳои ҷавони тиббӣ чашмрас аст, ки нафъи он ба рушду густариши тиб, илму маориф ва сиёсати иҷтимоиву фарҳангии ҷомеаи навини мо равона гардидааст.

    Унвонҳои илмию мукофотҳои давлатии устод шаҳодати заҳмати зиёди ӯ дар соҳаи рушду такомули илми тиб, тарбияи ворисони бузурги Сино шуда метавонанд. Номбурда анатом, доктори илми тиб (1968), проф. (1969), узви ҳақиқии Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии ФР (2004), Аълочии мактаби олии ИҶШС, Аълочии тандурустии ИҶШС, Ходими шоистаи илм ва техникаи ҶТ (1994) мебошанд.

   Абдураҳмонов Фозил 5 - уми декабри соли 1930 дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Давраи наврасиаш ба солҳои душвори Ҷанги Бузурги Ватанӣ рост омад. Ба сахтиҳои рӯзгор нигоҳ накарда, Абдураҳмонов Фозил соли 1952 факултаи муолиҷавии ДДТТ - ро хатм карда, солҳои 1952 - 55 дар кафедраи анатомияи эътидолии одами Донишкадаи тиббии 2 - юми Москва ба номи И.В. Сталин (ҳоло Донишгоҳи тиббии Москва ба номи Н.И. Пирогов) ҳамчун аспирант таҳсил намудааст. Солҳои 1955 – 57 муаллими калони факултаи тарбияи ҷисмонии ДДОД ва солҳои 1957 - 1962 вазифаи Директори Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе (ҳоло коллеҷ) ба уҳда доштааст. Муддати 6 сол ҳамчун декани факултаҳои педиатрӣ ва стоматологӣ (1963 - 67, 1968 - 69) ва солҳои 1968 - 94 ба ҳайси мудири кафедраи анатомияи эътидолии одами факултаҳои педиатрӣ ва фармакологӣ фаъолият доштааст. Солҳои 1994 – 2006 мудири кафедраи муттаҳидаи анатомияи одами ДДТТ таъин гардида, аз соли 2006 дар кафедраи мазкур ҳамчун  профессор ифои вазифа карда истодааст.

    Доир ба масоили таъмини хуни бахшҳои ҷудогонаи мағзи сар, ғадудҳои тарашӯҳи дохилӣ ва морфологияи рагҳои хурди хуну лимфагарди узви бофтаҳои одам дар ҳолати муътадил ва беморӣ (перитонит, илтиҳоби гурда, сиррози ҷигар, ғалаёни хун ва ғайра), ҳамчунин дар шароити таҷриба дар водиҳо ва баландкӯҳҳо (ағбаҳои Анзоб ва Мурғоб) тадқиқот бурдааст. Дар мавзӯи «Сохтори макро - ва микроскопии рагҳои хунгарди узвҳои ҷавфи шикам дар ҳолати муътадил, ноқисӣ ва таҷриба дар шароити водӣ ва баландкӯҳ» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Муаллифи зиёда аз 170 асару мақолаҳои илмӣ ва таълимию методӣ мебошанд. Китоби ин олими варзида - «Анатомияи одам» (ду ҷилд) дар Озмуни китобҳои дарсӣ сазовори мукофоти «Оли Сомон» (1995) гашта, соли 1998 китоби беҳтарини сол шуморида шуд.

    Таҳти роҳбарии ӯ 7 нафар рисолаи номзадӣ ва 2 нафар рисолаи докторӣ дифоъ намудаанд.

   Раиси Ассотсиатсияи морфологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷонишини раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии давлатҳои Осиёи Марказӣ, узви Шӯрои ҳамоҳангсозии Ассотсиатсияи морфологҳои ИДМ.

   Бо Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, 7 медал ва Ифтихорномаи Шӯрои Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

  Раёсат, ҳайати профессорону устодон ва кулли шогирдону кормандони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  соҳибҷашнро  ба ифтихори ин рӯзи фархунда,  самимона табрику таҳният менамоянд.

Ҷашни 90 - солагӣ муборак, устоди азиз!

Page 3 of 14

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид