Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Табрикот

Рӯзи табибон муборак ҳамкасбони азиз

Санаи 18 – уми августи соли равон  дар донишгоҳ ба муносибати рӯзи кормандони тиб ва зодрӯзи Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати раёсати донишгоҳ, профессорону омӯзгорон ва 150 нафар донишҷӯёни ҳамаи факултетҳо ширкат варзиданд. Ҷамъомадро  муовини ректор оид ба таълим, д.и.х. Ғафуров Б ифтитоҳ бахшида,  дар мавзуи «Табиб ва рисолати табибӣ. Саҳми кормандони тиб дар ҳифзи саломатии шаҳрвандон» сухан намуд. Дар охир  аз  номи Раёсати  ДДТХ   тамоми кормандони соҳаи тандурустии ҷумҳуриро ба иди фархундаи касбӣ – Рӯзи кормандони тиб сидқан табрик ва муборакбод намуда, саҳми  табибони мамлакатро дар роҳи барпо намудани ҷомиаи солим ва ҳифзи саломатии мардум, инчуин  барои  дастовардҳои назарраси соҳа  табрик намуд.  

        Пас аз нисфирӯзӣ бо мақсади  корҳои омодагӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи дониш ва иштирок дар чорабиниҳои сафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вохурии ректори донишгоҳ д.и.т., профессор   У. Қурбон  бо   ҳайати раёсат  ва бо донишҷӯён сурат гирифт. Зимни вохурӣ ректори донишгоҳ  ҳозиринро ба моҳияти паҳлӯҳои муҳим вобаста ба иштироки онҳо  дар маъракаҳо  шарҳ дода, ҳамзамон риояи тартибу низом ва таъмини донишҷӯёнро аз масъулин талаб намуд.                  

Деканати факултети тиббӣ            

Раёсат, ҳайати профессорону устодон ва кулли шогирдону кормандони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Шуморо ба ифтихори ҷашни 66-солагиатон самимонаву содиқона табрику таҳният гуфта, ба Шумо нахуст тандурустӣ, сарсабзӣ, иқболи баланд ва барору комёбиҳо таманно доранд. Мо дар таҷлили 66-солагии зодрӯзатон ба Шумо ҳамэҳсосу ҳамдилем.

Шумо ва аҳли хонадони Шуморо табрику таҳният мегӯем ва бароятон тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоем. Ҷашни 66-солагӣ муборак, Амонулло Азизуллоевичи азиз! 

 

Раёсати ДДТХКумитаи иттифоқи касабаи кормандон

Pizan sima mipan liquam lobo

Kitenlibero porttitor nisi aliquet vulputate vitae at velit. Aliquam eget arcu magna, vel congue dui. Nunc auctor mauris tempor leo aliquam vel porta ante sodales. Nulla facilisi. In accumsan mattis odio vel luctus.

Zase ruma mipan liquam lobo

Suspendisse at libero porttitor nisi aliquet vulputate vitae at velit. Aliquam eget arcu magna, vel congue dui. Nunc auctor mauris tempor leo aliquam vel porta ante sodales. Nulla facilisi. In accumsan mattis odio vel luctus.

Page 14 of 14

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид