Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Табрикот

Устодон ва шогирдони азиз,

Ҳозирини гиромиқадр!

                  Боиси  хушнудии ҳар яки мову шумост, ки ба диёри зебоманзарамон боз Наврӯзи хуҷастапай бо ҳама шукуҳу шаҳомат, назокату латофаташ  қадами фархундаи хешро гузошт.

                 Иди Наврӯз аз қадимулайём ҳамчун иди миллӣ ва бостонии халқи мардуми форсу тоҷик  маҳсуб дониста шуда, то имрӯз аҳамияти таърихии хешро гум накардааст.

                 Наврӯзи Аҷам ин худ як василаест, ки тоҷикон ва форсизабонони тамоми ҷаҳон дар оғози сол бо нияти зиндаву ҷовид нигоҳ доштани хусусиятҳои неки фарҳангӣ ва тамаддуни шарқии хеш якпорчагиву ваҳдати миллӣ, сулҳу дӯстӣ ва ободӣ онро ҷашн мегиранд.

                Бинобар ин бо фарорасидани Наврӯзи оламфрӯз ҳама ҷо шукуфон гаштаву табиат сабзу хурам мегардад ва зиндагӣ ранги дигар мегирад.

                 Унсурҳои фарҳангӣ, арзишҳои маънавӣ ва паёмҳои инсондӯстиву табиатдӯстонаи он аз сарчашма ва манбаъҳои қадимаву бостонӣ оғоз гашта, дар давоми таърихи башарият меҳру муҳаббат ва маҳбубияти худро дар назди қавму миллатҳои ҷаҳон аз даст надодаанд. Аз ин ҷост, ки Наврӯзи оламафрӯзро аз замонҳои куҳан то ба имрӯз тамоми мардуми фарҳангии дунё ба хушнудиву хуррамии том истиқбол ва тараннум намудаанд.

                 Мардуми мо аз қадим соли нави аҷдодии хешро бо ниятҳои нек, дили поку беолоиш, чеҳраи озодаву шукуфта, либосҳои тозаву идона ҷашн мегиранд, то ки рӯзгорашон то наврӯзи дигар аз ҳама падидаҳои номатлуб орӣ бошад.

                  Ҳозирини гиромӣ!

               Наврӯзи имсола дар шароите истиқбол гирифта мешавад, ки мардуми сарбаланди кишвари офтобиамонро як руҳияи баланди созандагию ободкорӣ фаро гирифта баҳри боз ҳам ободу зебо намудани кишвари азизи худ  дар тамоми соҳахои ҳаёт сарбаландона меҳнат намуда истодаанд.

 

             Бо ҳисси баланди қаноатмандӣ метавон гуфт, ки ин рӯҳияи созандагӣ дар Донишгоҳи тиббии мо низ ҳукмравоӣ дошта, устодону донишҷӯён ва кормандони таълимгоҳ баҳри бо нишондиҳандаҳои баланд ҷамъбаст намудани соли таҳсил аз тамоми воситаю имкониятҳои мавҷуда пурсамар истифода мебаранд. Агар ба давраи начандон дур, яъне аз Наврӯзи гузашта то наврӯзи имсола назар андозем, як қатор навгониҳое пеши назар меоянд, ки маҳз дар ҳамин муддати кӯтоҳ ба ҳаёти таълимию илмии донишгоҳ ворид гашта, ба имкониятҳои мавҷудаи кору таҳсил имкониятҳои нав зам намуданд.

   Ҳозирини гиромӣ!

            Дар воқеъ, Наврӯз ин ҷашни созандагӣ, бунёдкорӣ ва озодагист. Аз ин хотир имрӯз дар гӯшаю канорҳои гуногуни сарзамини офтобиамон мардум ба тозаю озода намудани маҳалли зист, бунёди боғҳо, шинондани гулу дарахтон, хулоса ободу зебо намудани диёри баҳороғӯши худ машғуланд, ки аз муҳаббати беандозаи мардуми мо ба сарзамини аҷдодии хеш ва ихлосу  эҳтироми онҳо ба дастовардҳои истиқлолият гувоҳӣ медиҳад.   

                Дар ин рӯзи хуҷаста бо ифтихори баланд гуфта метавонам, ки коллективи устодону донишҷӯёни мо сессияи зимистонаи имсоларо бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намуданд. Акнун бошад, дар назди ҳар як омӯзгор ва толибилми донишгоҳ вазифаҳои наву муҳиме меистад, ки ҳамаи он ба ҷамъбасти бомуваффаққияти соли таҳсили ҷорӣ нигаронида шудааст.

                 Аз фурсат истифода бурда,   ҳамаи шумо устодони гиромиқадр ва шогирдони азизро бо фарорасии наврӯзи  хуҷастапай аз самими қалб табрику муборакбод намуда, ба ҳамаи шумо рӯзгори хушу осуда, сарсабзиҳои ҳаёт ва дар фатҳи қулаҳои нави илм комёбиҳои беназир орзу менамоям.

Наврӯзи Хуҷастапай муборак,
ҳамкасбон ва шогирдони азиз!

   Устодони гиромӣ ва шогирдони арҷманд!
   Имрӯз мо ба ифтихори санаи фархунда, яъне 27-солагии таъсисёбии Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рукнҳои муҳимтарини давлату давлатдорӣ, кафили сулҳу осудагии ҳар хонадон ва сипари боэътимоди ватани маҳбубамон ҳисоб меёбад, ҷамъ омадаем.
Бояд хотиррасон намуд, ки Артиши Миллӣ ва Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурии мо ҳамагӣ баъди якуним соли ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, дар давраи ниҳоят ҳассос ва вазнин, ки бақои давлати мустақили тоҷикон зери хатари ҷиддӣ монда буд, таъсис ёфтаанд. Агар баъди пошхӯрии давлати абарқудрати шӯроҳо аксар ҷумҳуриҳои дигари Шӯравӣ ҳиссаи меросии худ - техникаву аслиҳаи ҳарбӣ ва иншооту дигар заминаҳои моддиву техникиро соҳиб гашта бошанд, мутаассифона Тоҷикистони соҳибистиқлол бар асари кашмакашҳои сиёсӣ ва бархӯрдҳои нолозими дохилии ҳарбӣ, ки оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид, аз ин ҳиссаи меросӣ бенасиб монд. Дар чунин шароит зарур омад, ки бе ягон таҳкурсии зарурӣ, пойгоҳҳои аввалия ва техникаву аслиҳаи оддитарин Артиши миллии Тоҷикистон таъсис дода шавад ва боиси ифтихору сарбаландист, ки Артиши миллӣ аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш ба мушкилиҳои зиёд нигоҳ накарда аз уҳдаи вазифаи таърихии худ ба хубӣ баромад ва дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ, мубориза ба муқобили дастаҳои муташаккили ҷинояткор, пахши ошӯбҳои хиёнаткорона, ҳифзи сарҳадоти давлатӣ саҳми бузурги хешро гузошт. Аз ҳама муҳимаш мардуми сарбаланди ҷумҳурӣ дар тӯли 27 сол борҳо дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ шоҳиди қаҳрамониву матонати сарбозони тоҷик гашта, ба неруву матонат ва имкониятҳои бузурги Артиши миллии худ боварию эътимоди қавӣ ҳосил намуданд.
   Зиёда аз ин, бо вуҷуди мушкилиҳои зиёд Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар тӯли давраи начандон дурударози таърихӣ, тадриҷан ба як нерӯи тавонои ҳарбӣ табдил ёфт.
Давлат ва Ҳукумати кишварамон аз рӯзҳои аввал ба ташкили воҳидҳои зарурии низомӣ, аз ҷумла қӯшунҳои хушкигард, зудамал, дохилӣ, қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ, Гвардияи миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва таъмини онҳо бо техникаву лавозимоти ҳарбӣ, инчунин кадрҳои соҳибихтисоси ҳарбӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода, сарфи назар аз мушкилоти таърихӣ ин масъалаи ниҳоят муҳими давлату давлатдориро тадриҷан ҳал намуданд.
    Соли 1997 вобаста ба зарурати мустаҳкам намудани ҳифзи сарҳадот Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатӣ таъсис ёфта, аз соли 2005 ҳамаи марзҳои кишварамон пурра ба ихтиёри он афтод. Имрӯз қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамчун як ҷузъи таркибии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар ҳимояи марзу буми Тоҷикистон, гирифтани сари роҳи қонуншиканиҳо дар сарҳад, пешгирӣ намудани қочоқи маводи мухаддир, таъмини сулҳу осоиши аҳолии кишвар саҳми калон дошта, аз уҳдаи вазифаи муқаддаси ба зимаашон буда, бо сарбаландӣ баромада истодаанд.
    Маълум аст ки солҳои аввали фаъолият ҳарбиёни мо аз сабаби мавҷуд набудани инфраструктураҳои гуногуни лозима ва таъминоти нокифояи моддӣ ба як қатор мушкилот рӯ ба рӯ гаштанд, вале давлат ва ҳукумати Тоҷикистон барои ба даст омадани суботи сиёсӣ бо дарки баланди вазъият ба беҳтаршавии шароити хизматии ҳарбиён, таъмини беҳтари қисмҳои ҳарбӣ бо техникаву лавозимоти зарурӣ, дастгирии моддии хизматчиёни харбӣ мусоидат намуда, дар ин масъалаи муҳим ба дастовардҳои зиёде ноил гаштанд. Бо мақсади ҳарчи бештар беҳбуд бахшидан ба вазъи зиндагиву фаъолияти ҳайати шахсии қувваҳои мусаллаҳи мамлакат нақшаи дурнамои сохтмони шаҳрчаҳои ҳарбӣ ва манзилиро барои онҳо дар давраи солҳои 2009-2020 таҳия намуда, баҳри амалӣ гаштани он аз тамоми воситаю захираҳо истифода бурдааст.
Махсусан, солҳои охир дар ҷумҳуриамон дар баробари рушду нумӯи соҳаҳои гуногуни илму маориф ба таълими мутахассисони варзидаи соҳаи ҳарбӣ диққату эътибори калон дода мешавад. Алҳол дар Тоҷикистон Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа, Омӯзишгоҳи олии сарҳадӣ, Мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилӣ бомуваффақият амал намуда, дар тарбияи кадрҳои ҷавони баландихтисоси соҳа саҳми бузург мегузоранд.
     Ба ғайр аз ин тавассути фароҳам овардани шароитҳои лозима ҳар сол сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ аз ҳисоби хатмкунандагони мактабҳои олии мамлакат пурра мегардад.
Соли дуюм аст, ки бо мақсади омода сохтани мутахассисони олии ҳарбии тиббӣ дар донишгоҳ кафедраи тибби ҳарбӣ ба фаъолият шурӯъ намудааст. Боварӣ аст, ки дар ояндаи наздик аввалин хатмкунандагони донишгоҳи мо дар гӯшаҳои гуногуни кишвар ҳамчун мутахассисони тибби ҳарбӣ бомуваффақият хизмати софдилонаи худро дар назди Ватану миллат адо хоҳанд намуд. Аз рӯзи ба фаъолият шурӯъ намудани кафедраи тибби ҳарбӣ кормандони он барои омода намудани кадрҳои баландихтисоси тибби ҳарбӣ кӯшишу заҳмати зиёде намуда истодаанд, ки боиси таҳсин мебошад.
    Ёдовар мешавем, ки хатмкунандагони мо дар баробари шаҳодатномаи тахассусӣ гирифтан, инчунин соҳиби шаҳодатномаи афсари тибби ҳарбӣ мегарданд. Барои ноил гардидан ба ин ниятҳои нек, роҳбарияти донишгоҳ ва кафедраро зарур аст, ки барои барои таъмини шароитҳои беҳтарини таҳсил чораандешӣ намоянд.
    Ҳозирини гиромӣ!
    Имрӯз мо аз ҳар минбару анҷуман аз хусуси соҳибистиқлолии давлати хеш бо ифтихори бузург ҳарф мезанем ва ин бесабаб нест. Баъди гузашти беш аз 1000 сол тоҷикон аз нав соҳиби давлати озоди хеш гашта, имрӯз аз рушду нумӯи он дар тамоми соҳаҳои ҳаёт ифтихор менамоянд. Вале набояд фаромӯш созем, ки ҳимояи ин музаффариятҳо барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд вазифаи муқаддас ҳисоб ёбад. Барои ба ин ҳадафи олӣ расидан мебояд, ки тарбияи ватандӯстӣ, ифтихор аз муқаддасоти олӣ, таҳкими ваҳдату ягонагӣ, таъмини волоияти қонун дар мадди аввал гузошта шаванд. Зеро дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки дар он хатарҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, табиӣ, техногенӣ ва иттилоотӣ рӯз то рӯз густариш меёбад, ҳифзи ватан ва таъмини амнияти давлату миллат аҳамияти торафт бештар пайдо мекунад. Аз ин хотир, хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ бояд қарзи фарзандии ҳар як ҷавони худогоҳу ватандӯст ва садоқату эътиқод ба халқи хеш вазифаи ифтихории ҳар як фарди ҷомеа ҳисоб ёбад.
Ман, бо боварии комил гуфта метавонам, ки беш аз 1500 донишҷӯ, ки имрӯз дар донишгоҳи мо ба фарогирии донишҳои тиббӣ машғуланд, дар оянда дар баробари мутахассиси хуби соҳа шудан, ҳамчун ватандӯстони ҳақиқӣ дар ҳифзи марзу буми диёри хеш масъулияти доимиро ҳис хоҳанд намуд.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар бораи ҳифзи Ватану ватандӯстӣ, шуҷоату далерӣ, ҷавонмардиву фурӯтанӣ ва нангу ору номус барин хислатҳои мардони тоҷик, хизматчиёни Артиши миллии Тоҷикистон соатҳо агар ҳарф занем, сухан боз нотамом мемонад. Аз ин хотир, ҳамаи Шумо – устодону донишҷӯёни азиз ва дар симои шумо тамоми мардони шуҷои тоҷикро ба муносибати рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистон аз номи раёсат, Шӯрои олимони ДДТХ муборакбод намуда, таманнои онро дорем, ки минбаъд низ сарбаланию пирӯзиҳо насибатон гардад. Ташаккури зиёд!

ҶАШНИ МАВЛУД МУБОРАК!

   Имрӯз яке аз олимони маъруфи соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонов Саид  70 - сола мешаванд.

Раёсат, ҳайати профессорону устодон ва кулли шогирдону кормандони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  соҳибҷашнро  ба ифтихори ин рӯзи фархунда,  самимона табрику таҳният менамоянд.

Ҳамагон хуб медонанд, ки саҳми Қурбонов С.  дар таълим, тарбия ва ба камол расонидани шогирдони сершумор бениҳоят бузург аст. ӯ дар тӯли умри пурбаракати хеш қуллаҳои нав ба нави илмро фатҳ намуда, то дараҷаи доктори илм, профессор  расидааст.

Хушбахтона, имрӯзҳо дар қаламрави мамлакат  фаъолияти ин марди хирад дар соҳаи  таълим ва тарбияи кадрҳои ҷавони тиббӣ чашмрас аст, ки нафъи он ба рушду густариши тиб, илму маориф ва сиёсати иҷтимоиву фарҳангии ҷомеаи навини мо равона гардидааст, Илова бар ин, дар таъсису ташаккулёбии дуюмин муассисаи таҳсилоти олии тиббии кишвар – Донишгохи давлатии тиббии Хатлон саҳми назаррас доранд. Ин ҳама боиси ифтихор ва шарафмандии мост.

Унвонҳои илмию мукофотҳои давлатии устод шаҳодати заҳмати зиёди ӯ дар соҳаи рушду такомули илми тиб, тарбияи ворисони бузурги Сино шуда метавонанд. Дар тӯли умри бобаракаташон вазифаҳои мудири кафедраи гистология, мудири кафедраи анатомияи одам, муовини ректор оид ба таълимро бар дӯш доштанд. Айни замон  профессори кафедраи анатомияи одами ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Синоро ба уҳда дорад. Ҳамзамон доктори илмҳои тиб, профессор, профессори фахрии Донишгоҳи давлатии тиббии Қарағандаи Ҷумҳурии  Қазоқистон, Ходими хизматнишондодаи илм ва техникаи Академияи иҷтимоии Федератсияи Руссия, Профессори фахрии Донишгоҳи давлатии тиббии Бухоро ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Узви вобастаи Академияи илмҳои табиатшиносии Федератсияи Руссия маҳсуб меёбад, ки ин бори дигар, дар пайраҳаи душворгузари илм  ба даст овардани комёбиҳои беназирро  собит месозад. Заҳмату меҳнати софдилонаи Қурбонов С. аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени «Шараф» дараҷаи II қадрдонӣ  карда шудааст.

  Устодро аз самими қалб ба ҷашни камолот табрику таҳният гуфта, бахту саодати оилавӣ ва муазаффариятҳои фаъолияти корӣ таманно менамоем. Бигузор ҳамеша чунин ширингуфтору абармард, масъулиятшиносу ҷойгузини қалби мо боқӣ монанд.

Ҷашни 70-солагӣ муборак, устоди азиз!

Раёсати ДДТХ

    Муҳтарам ҳайати профессорону омӯзгорон, донишҷӯён ва кулли алоқамандони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон!
     Лутфан ҳамаи Шуморо бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, рӯзгори пурфайз, хотири шод ва сарбаландиву хонаободиро барои ҳар яки шумо таманно дорам.
     Мо имрӯз бо ин соли хотирмону пурбаракат хайру хуш карда, бо умеду орзуҳои хуштарине чашми умеди худро ба соли 2020-ум дӯхта бо як ҷаҳон нишоту фараҳмандӣ онро истиқбол мегирем. Таманнои онро дорем, ки соли нав бо файзу баракати худ соли пур аз дастовардҳо ва комёбиҳои беназир хоҳад буд.
    Ба ҳамаи мо маълум аст, ки чанд рӯз пеш Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паёми навбатии солонаи худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки дар он сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон ба таври возеҳу равшан инъикос ёфт. Бояд қайд намоям, ки Пешвои миллат дар паёми худ аз вазъияти ноустувори сиёсии ҷаҳон сухан намуда, доир ба печида шудан ва хеле нозуку хатарнок гаштани равандҳои сиёсӣ сухан намуданд. Бо мақсади таъмини амнияти устувор ва ҷиҳати пешгирӣ аз ҳар гуна хатарҳои терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои даврони ҷаҳонишавии кишварҳо, Ҷаноби олӣ сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои васеъ бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва кишварҳои шарик, муайян намуданд. Ҳамзамон, дар баробари дигар соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ рушди соҳаи иҷтимоӣ (маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ғ.) ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи мардум ҳадафи афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон эълон карда шуд. Қайд гардид, ки Ҳукумати мамлакат барои ҳалли проблемаву мушкилоти соҳаҳои иҷтимоӣ эътибори ҷиддӣ медиҳад ва сарфи назар аз таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ маблағгузориро барои рушди бахшҳои маорифу тандурустӣ ва фарҳанг торафт зиёд мекунад. Дар ин замина, аз ҷониби Сарвари давлат махсус таъкид карда шуд, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва омӯзиши илмҳои дақиқ аз ҷониби сохторҳои марбутаи ҳукумат тадбирҳои иловагӣ андешида шуда, ҳамзамон доир ба худшиносии миллӣ, масъалаҳои ватандӯстию ифтихори ватандорӣ аз ҳамаи зинаҳои муассисаҳои таълимии кишвар даъват намуданд, ки корҳои тарбиявиро тақвият диҳанд.
    Бояд гуфт, ки сарвари давлат доир ба дурнамои масоили иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон то соли 2030 ибрози ақида намуда, оид ба давра ба давра ва боз ҳам суръат бахшидани иқтисодиёти миллӣ ва соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ, як қатор роҳбарони ташкилоту муассисаҳои давлатиро вазифадор намуданд.
    Ҳар соли сипаригашта аз худ нақше мегузорад ва ҳар соли нав бо худ умеду ормонҳои нав меорад. Соли 2019-ум бо бисёр руйдодҳои фараҳбахшу таърихии худ дар қалби мо нақши муассири худро гузошта, барои донишгоҳи ба тозагӣ таъсисёфтаи мо рӯйдодҳои зиёдеро рӯ ба рӯ гузошт. Ин албатта мояи ифтихори якояки мо мебошад.
   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон таъкид доштанд, ки: «…Мо бояд тақдири фарзандонамонро, ки ҳанӯз чун ниҳоли нозук ҳастанд, ба дасти устодони доно, бозаковат, ботаҷриба, бофазилату бофарҳанг супорем, то ки ҷавонон дар оянда мустақилона ва уҳдабароёна, бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ ва ватандорӣ давлати худро идора карда тавонанд». Ин нукта барои донишгоҳи мо ҳаргиз куҳнашавӣ надорад. Вазифаи аввалиндараҷаи донишгоҳ пеш аз ҳама беҳтару хубтар ба роҳ мондани сатҳу сифати таълиму тарбия мебошад, зеро рушду такомул ва комёбиҳои минбаъдаи донишгоҳ аз он сарчашма мегирад. Донишгоҳ дар ин самт саъю кӯшиши пайваста намуда, дар соли 2019-ум ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид.
    Далели ин гуфтаҳо беҳтар гаштани вазъи заминаи моддӣ-техникӣ, афзудани имкониятҳои молиявии донишгоҳ ва ҳамзамон баланд шудани сатҳи дарсазхуднамоии донишҷӯён шуда метавонад.
Ҳозирини гиромӣ!.
    Мутобиқи маълумотҳои оморӣ теъдоди донишҷӯён дар соли 2019 ба 1485 нафар, омӯзгорону кормандони ДДТХ ба 182 нафар расида, аз ин шумора 120 нафар ё худ 53,1%-ро ҳайати профессорону омӯзгорон ташкил додаанд. Фаъолияти кормандон дар соли 2019 дар 7 шуъба, 2 Шӯрои илмӣ, 2 марказ, 14 кафедра, 3 факултет, 1 китобхона, 4 ташкилоти ҷамъиятӣ ба роҳ монда шуда буд.
Дар партави амали гардондани барномаҳо ва нақшаҳои корӣ дар донишгоҳ, алалхусус дар самти таълиму тарбия ва корҳои муолиҷавию хоҷагидорӣ корҳои зиёде ба сомон расонида шуд. Дастовардҳои ноилшуда махсусан, дар соли 2019 хурсандибахшанд. Аз ҷумла, дар сессияи имтиҳонии зимистона 530 нафар ё худ 48,4%, дар сессияи тобистона бошад 402 нафар ё худ 36,7% донишҷӯён сессияро бо баҳои аъло ва хубу аъло ҷамъбаст карда, дараҷаи дарсазхудкунӣ ба 98% ва 99% расид. Ба таври дигар гӯем, сифати дарсазхудкунӣ дар донишгоҳ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан аз 3,6 то 6,4 % баланд гаштааст.
   Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ низ дар ин давра аз ҷониби кафедраҳои донишгоҳ таҳким ёфта, дар маҷмӯъ 191 таълифоти илмии устодони донишгоҳ ба қайд гирифта шудааст. Нахустин шумораи нашрияи расмии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон – маҷаллаи илмии тиббӣ бо номи «Симурғ» низ дастоварди сол мебошад.
    Таъмини шароитҳои мусоид ҷиҳати иштироки фаъолонаи олимони ҷавон ва донишҷӯёни фаъол имконият доданд, ки онҳо дар ин давра, дар озмунҳои илмию фаннӣ ва маърифатию варзишӣ фаъолона ширкат варзида, ба натиҷаҳои шоёни таҳсин ноил гарданд. Аз ҷумла, дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 нафар аз фанҳои химия ва физика ҷойҳои сеюм, 2 нафар аз фанҳои забони русӣ ва информатика ҷойҳои 4 –ум ва 1 нафар ҷойи ифтихориро соҳиб гардиданд. Моҳи ноябри соли равон аввалин маротиба дастаи донишҷӯёни ДДТХ дар Олимпиадаи 6 –уми умумиросиягӣ, ки дар Донишгоҳи давлати тиббии ба номи И.М. Сеченов баргузор шуд, аз фанни физиологияи нормалӣ ширкат варзид. Барои иштирок ва рақобати хуби зеҳнӣ ДДТХ дар қатори донишгоҳҳои тиббии бонуфузи Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Белорус соҳиби Диплом гардид.
   Дар давраи ҳисоботӣ 5 нафар донишҷӯёни болаёқат дар конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ ширкат варзида, аз рӯи натиҷаи маърӯзаҳои беҳтарин соҳиби Дипломҳо гардидаанд. Илова бар ин, дар ин давра 3 нафар дар озмунҳои сатҳӣ ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, ғолиби ҷойҳои аввали озмуни - “Ҷавондухтари ҳунарманди сол”, Чемпиони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи намуди “Карате – до” ва Чемпиони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи намуди “ТЕКВАНДО” гардидаанд.
    Саҳми устодони донишгоҳ дар баланд бардоштани самараи корҳои ташхисӣ-табобатӣ сол то сол беҳтару назаррас мегардад. Дар соли 2019 аз тарафи 14 нафар омӯзгорону профессорони донишгоҳ дар маҷмӯъ дар шароити беморхонаҳои ноҳияи Данғара ва ш. Душанбе ба 14 865 нафар беморону ниёзмандон кӯмакҳои ташхисиву табобатӣ ва машваратӣ расонида шудааст, ки аз ин миқдор 910 тоашро амалиётҳои ҷарроҳии гуногун ташкил медиҳанд.
Хурсандибахш аст, ки ҳамкориҳои илмию таълимии донишгоҳ бо муассисаҳои гуногуни илмии хориҷӣ торафт густариш ёфта, ҷиҳати ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқ намудани дараҷаи омодасозии мутахассисони ҷавони тиб шароиту имкониятҳои нав муҳайё мегарданд. Аз ҷониби раёсати Донишгоҳ имсол боз 3 шартномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
    Бо назардошти муваффақиятҳои устодон ва фаъолияти босамари онҳо дар соли 2019, 3 нафар устодони донишгоҳ бо нишони “Аълочии маорифи Тоҷикистон”, 1 нафар бо нишони “Аълочии тандурустии Тоҷикистон” 2 нафар бо Ифтихорномаҳои Мақомоти ҳокимияти иҷроияи вилояти Хатлон ва 3 нафар бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гаштаанд.
Умуман дастовардҳои донишгоҳро дар соли сипаришуда дар тамоми самтҳои фаъолият метавон назаррас ва шоиста арзёбӣ намуд. Ҳоло, ки дар арафаи вуруди Соли нави милодӣ қарор дорем, ҳамаи Шумо-устодону донишҷӯён ва кормандони донишгоҳро бори дигар бо фарорасии Соли нави 2020 табрику муборакбод намуда, ба ҳамаи Шумо рӯзгори хушу осуда ва комёбиҳои минбаъдаи кору фаъолиятро таманно менамоям.
     Боварӣ дорам, ки соли 2020 барои мардуми соҳибтамаддуни кишвари мо оғози марҳилаи нави корҳои бунёдкорию созандагӣ гашта, устодону донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ ҳам дар самти омӯзиш ва беҳтар кардани сифати омодасозии мутахассисони ҷавони тиб ба дастовардҳои боз ҳам назаррас ноил мегарданд.
Соли нав муборак, донишҷӯёни азиз ва ҳамкасбони арҷманд!

Page 5 of 14

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид