Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Табрикот

НИШОНИ АЪЛОЧӢ МУБОРАК !

    Моҳи октябри соли равон омӯзгори ҷавони кафедраи химия ва биологияи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Султонмамади Гулмамад барои хизматҳои бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

   Бояд қайд намуд, ки номбурда яке аз омӯзгороне мебошад, ки аз аввали ташкилёбии ДДТХ дар он фаъолият намуда  истодааст.

  Султонмамади Гулмамад аспиранти соли чоруми шуъбаи ғоибонаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буда, дар мавзӯи “Омӯзиши динамикаи пайвастагиҳои антиоксидантӣ дар сичи калон (Эремурус мощный) ва сичи ҳисорӣ (Эремурус гиссарский) дар минтақаҳои экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон” тадқиқоти илмӣ бурда истодааст.

   Раёсати донишгоҳ, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён Султонмамади Гулмамадро барои сарфароз гардидан бо нишони аълочӣ  самимона табрик намуда, дар корҳои ояндааш комёбиҳои беназирро таманно менамоянд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

Устодон ва шогирдони арҷманд!

       Хушоянд аст, ки имрӯз мо ду иди бароямон муқаддас - Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатиро ҷашн гирифта истодаем. Ин ду ид бо ҳамдигар ниҳоят тавъам буда, яке дигареро ташаккул ва рушду нумӯ мебахшад. Ба ин муносибат тамоми ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳро бо Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор сидқан ва самимона табрику шодбош намуда, таманнои онро дорам, ки ҳамеша дар фазои сулҳу ваҳдати  кишвари азизамон хушрӯзу саодатманд бошед.

       Дар ҳама давру замонҳо забон яке аз сарчашмаҳои асосии истиқлолияти миллӣ маҳсуб ёфта, он ҳамчун яке аз рукнҳои давлатдорӣ дар пойдорӣ ва таҳкими давлати миллӣ нақши муҳимро бозидааст.  Аз қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имрӯз  31 сол сипарӣ мешавад. Мову Шумо шоҳидем, ки дар ин давра чӣ қадар муваффақиятҳо ба даст овардаем. Акнун забони мо дигар он забони заифу махлутшуда бо вожаҳои ғайр, сухани мо иборат аз лафзҳои дағалу  гӯшхарош нест. Ҷойи хушӣ ва ҳатто ифтихор аст, ки ин сарвати бебаҳо, муқаддас ва ноёби миллатро на танҳо ҳифз карда тавонистем, балки ҷароҳатҳои марговари онро шифо бахшида, то ҳадде  тавонмандаш сохтем.

       Боиси хушиҳост, ки аз минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ мисли Созмони Милали Муттаҳид Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳои бошукуҳи байналмилалӣ бо ин забони ширин  суханрониҳо намуда, аз вуҷуди ин миллати қадимабунёд мужда расониданд.  Дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеаи мо имрӯз забони тоҷикӣ рушду нумӯ ва равнақ ёфтаву мақоми сазоворро касб намудааст. Коргузорӣ,  мукотиботу муоширати сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ,  байни вазорату идораҳо ва муассисаҳо бо забони давлатӣ сурат мегирад. Дар гуфтору навишти мардум низ падидаҳои накӯ ба назар мерасанд. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки дӯстдории забон самимӣ буда, боварӣ ба нерӯву тавони он бештар шудааст. 

      Имрӯз масъалаи тавонбахшии забони модарӣ барои ҳар як фарди ватанхоҳу ватанпараст ҳам фарз асту ҳам суннат, зеро миллате, ки забон надорад, миллати комил нест ва ҳуқуқи маънавии соҳибистиқлол буданро надорад.

      Бояд ёдовар шуд, ки маҳз бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷдиди назар ва   такмил дода шуд. 

      Ҳамин буд, ки рӯзи 3 октябри соли 2009 бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ ва ҷонибдорӣ карда шуд. Дар Қонуни нав татбиқи забони давлатӣ хеле ҷиддӣ ва дар ҳама ҷанбаҳои зиндагии ҷомеа пешбинӣ шудааст ва баҳри амалӣ намудани  ин мақсад Ҳукумати мамлакат корҳои зиёдеро ба субут расонидааст.

        Бешак, тоҷикон дар миёни халқияти сершумори олам аз ҷумлаи миллатҳои соҳибтамаддунест, ки забони адабии қадимиашро маҳфуз дошта, имрӯз низ осори садҳо шоирону адибони гузаштаашро бе душворӣ мефаҳманд ва дар гуфтугӯи ҳаррӯзаашон истифода менамоянд. Дар марҳилаи дигаргунсозиҳо ва таҳаввули забонҳои гуногуни олам кам забонеро дучор омадан мумкин аст, ки мисли забони тоҷикӣ баъди гузаштани даҳ аср ба насли имрӯз фаҳмо бошад.

    Ин нукта гувоҳи он аст, ки забони тоҷикӣ бо шевотарин маъниҳо, ширинтарин таркиботу ибораҳо, истилоҳоти гуногуни илмӣ, бахусус ширинӣ ва рангу таровати миллӣ дар таърихи тамаддуни тоҷикон мақоми муносиб ёфтааст.                             

    Миллати тоҷик бо вуҷуди беадолатиҳои таърих рисолати инсондӯстию фарҳангпарварии  худро нигоҳ дошта, барои ҳифзи истиқлолияти фарҳангӣ ва забони шевои модарии худ ҷаҳду талошҳо намудааст. Ҳанӯз соли 1926 дар даврае, ки забони тоҷикӣ ҳамчун рукни ифодакунандаи номи миллат ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон пазируфта мешуд, устод Садриддин Айнӣ бо навиштани «Намунаи адабиёти тоҷик» собит намуд, ки забони адабии тоҷик дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзанда дорад. Дар замони соҳибистиқлолӣ бошад, рисолати забони тоҷикӣ боло рафта, манзалати он ба ҳадди забони давлатӣ расид, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мо буда, месазад, ки барои ҳимоя аз арзишҳо ва манофеи фарҳангии он ҳамарӯза ҷаҳду талош намоем.  

Маълум менамоям, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар роҳи татбиқ намудани Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии ҶТ» аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ ҷиҳати татбиқи  қарори мазкур ҷидду ҷаҳд мекунад, то дар ин самт кори назаррасеро анҷом диҳад.

Ҳозирини гиромӣ!

 Дар воқеъ, омӯзгор дар ҳама давраҳо машъалафрӯзи ҷомеа ба ҳисоб рафта, ба зиммаи ӯ масъулияти басо бузург ва пуршараф - таълиму тарбияи насли наврас вогузор карда шудааст. Маҳз фаъолияти пурсамари омӯзгор метавонад ояндаи дурахшони мардуми ҳар сарзаминро дар ҳар давру замон таъмин намояд. Бузургиву шаҳомати омӯзгор ва то чӣ андоза муҳим будани рисолати ӯро сардафтари адабиёти классики форсу тоҷик, устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ашъори худ хеле моҳирона ба қалам додааст, ки:

Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,

Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

     Албатта, омӯзгор чароғи маърифат, нуру эҳёи миллат ба ҳисоб рафта, тамоми пешравӣ ва шукуфоии миллату давлат аз маърифату дониши ҳар як омӯзгор сарчашма мегирад.

Саломат бошед!

Устодон ва шогирдони азиз, ҳамкасбони гиромиқадр!

     Мардум аз замонҳои қадим ба табибон ниёз дошта, ҳангоми падид омадани нуқсон дар ҷисми хеш ба онҳо муроҷиат мекарданд. Масалан, саромадони тиб мисли Абӯалӣ ибни Сино, Абӯбакр Закариёи Розӣ ва дигар табибони олам бо хизмати беғаразонаи хеш ҷони ҳазорон одамонро аз марг наҷот додаанд. Дар тӯли таърихи инсоният табибон новобаста аз қавму қабилаҳо, сарфи назар аз дину мазҳаб ва ирқу нажод барои башарият дасти мадад дароз кардаанд.
    Хизмати фарзандони фарзонаи халқи тоҷик низ дар ин ҷода беназир аст. Ҳакими бузург Абӯалӣ ибни Сино барои шифо ёфтан аз бемориҳои гуногун, аз ҷумла, бемориҳои сироятӣ бисёр маслиҳатҳои муфид додааст ва ҳазорон нафар одамонро аз вабоҳои шадид халос намудааст. Дар баробари табобати мардум, донишманди мазкур осори гаронбаҳое аз худ боқӣ гузоштааст, ки то ба имрӯз аҳамияти худро гум накарда, барои башарият ҳамчун раҳнамои тиббӣ хизмат менамояд.
    Охири моҳи апрели соли ҷорӣ бемории COVID - 19 дар Тоҷикистон расман ба қайд гирифта шуд. Пас аз ин, табибон ё худ бо ибораи мардум «фариштагони ҷомасафед» бо саъю кӯшиши хастанопазир ва ғайрати дучанд даст ба кор заданд. Чӣ тавре ки ҳамагон шоҳиданд, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корнамоиҳои табибон шиддати сахти ин беморӣ дар кишвар паст гардида, ҳазорон нафар бемор шифо ёфтанд.          Мутаассифона, бояд қайд намуд, ки дар ин набард чанд нафар аз табибони ҳозиқ ҷони худро низ аз даст дода, қаҳрамонона ҳалок гардиданд.         Бале, онҳо қаҳрамонанд. Қахрамонанд, ки барои зиндагии осудаи ояндаи мардуми хеш, наҳаросида, бо марг дастбагиребон шуданд. Имрӯз ва минбаъд халқ номи онҳоро ба некӣ ёд хоҳад кард.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш, дар мулоқот бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ оид ба меҳнати софдилона ва заҳмати шабонарӯзии онҳо чунин иброз мекунанд:
«Имрӯзҳо ҳазорон нафар табибон ва ҳамшираҳои шафқат дар беморхонаҳо дар хизмати халқи тоҷик қарор дошта, ҳатто ҳаёти худро ба хатар гузошта, ба муқобили ин беморӣ шабонарӯзӣ ва фидокорона мубориза бурда истодаанд ва ба хотири наҷоти шаҳрвандони мамлакат тамоми донишу қувват ва малакаву маҳорати касбии худро сафарбар намудаанд».
      Имрӯз чун дар арафаи иди касбии кормандони соҳаи тиб қарор дорем, аз фурсати муносиб истифода бурда, тамоми кормандони соҳаи тиб ва донишҷӯёни азизи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро ба рӯзи иди касбиашон самимона табрик намуда, барояшон рӯзгори хуш ва хонаободӣ таманно менамоям!

Идатон муборак, ҳамкасбони азиз ва шогирдони гиромиқадр!

РӮЗИ ҶАВОНОН ФАРХУНДА БОД !

  Ҳамасола дар қаламрави Тоҷикистон рӯзи 23 май ҳамчун рӯзи ҷавонон ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз ҷавонон ҳар гуна ҳамоишҳо ташкил мекунанд, роҳпаймоиҳо доир мешавад, барномаҳои хуби консертӣ ва намоишҳои фарҳангӣ баргузор мегарданд.

    Мо, ҷавонон аз он ифтихорманд ва сарфароз ҳастем, ки аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қишри ҷавони ҷомеа диққати махсус ва аввалиндараҷа медиҳад. Бо мақсади ҳавасманд гардонидани ҷавонон, саҳмгузор будан дар рушди ҳаматарфаи давлат, дӯст доштани марзу буми хеш, рӯ овардани ҷавонон ба созандагию бунёдкорӣ  23 - юми май ҳамчун «Рӯзи ҷавонон» эълон карда шуд ва ҳамасола дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Маҳз ин дастгириҳо ва сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат буд, ки имрӯзҳо ҷавонон ба як қатор муваффақияту комёбиҳои беназир ноил гардидаанд ва дар рушду нумӯи кишвари маҳбубамон - Тоҷикистони азиз саҳми арзанда гузошта истодаанд. Ҷавобан ба ин ѓамхориҳои Сарвари давлат мо ҷавонон талош бар он дорем, ки тамоми неруи худро баҳри гулгулшукуфоии кишвар равона созем ва заррае ҳам бошад, саҳми худро дар пешрафти кишварамон гузорем.

   Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон низ рӯзи Ҷавонон ҳамасола  бо шукӯҳу шаҳомати махсус таҷлил мегардид. Ректори донишгоҳ муҳтарам Убайдулло Қурбон ҷавонони фаъоли донишгоҳро бо туҳфаҳо ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ мекарданд.

   Аммо имсол бо сабабҳои маълум, яъне пешгирии паҳншавии бемории коронавирус на танҳо дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, балки дар миқёси ҷумҳурӣ рӯзи Ҷавонон қайд карда нашуд.

   Тамоми ҷавонони Тоҷикистонро бо «Рӯзи ҷавонон» сидқан табрику таҳният гуфта, барояшон зиндагии орому осуда дар фазои сулҳу ваҳдат таманно дорам. Умедворам ҳар яки мо дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ба ояндаи аз ин ҳам дурахшонтари Тоҷикистони маҳбубамон кӯшиш хоҳем намуд.

     Рӯзи ҷавонон муборак, саодатманду хушрӯзгор бошед!!!

Холмаҳмад РАҲИМОВ,

мудири шуъбаи кор бо ҷавонони

Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

Page 4 of 14

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид