Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Чорабиниҳо (122)

Чорабиниҳо

Маълумот доир ба чорабиниҳои ДДТХ

Якуми апрели соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо ибтикори кафедраи ҷомеашиносӣ ва маъмурияти китобхона бахшида ба мавлуди шоири бузурги форсу тоҷик Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ маҳфили «Ҳофизхонӣ» дар толори китобхона баргузор гардид. Маҳфилро номзади илмҳои химия, муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг Умеда Хуршедовна ифтитоҳ намуд. Номбурда таъкид кард, ки ташкили чунин маҳфилҳои дилнишин ва маърифатӣ дар тарбияи ахлоқии донишҷӯён низ ниҳоят таъсиргузор аст.

       Дар маҳфили «Ҳофизхонӣ» мудири шуъбаи таълим С. Қурбонмамадов, мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Гулов А.А., мудири кафедраи фармакология ва микробиология Исоева Н., декани факултет Боронов Ҳ.А., муовинони декан Омонов Э., Камолов А.С. ва Асоев, омӯзгорон аз кафедраҳои гуногун ва донишҷӯён иштирок намуданд. Бояд қайд намуд, ки дар ташкил намудани чорабинии мазкур саҳми номзади илми фалсафа, омӯзгори кафедраи ҷомеашиносӣ ва ҳамзамон мудири китобхона Саидова М. хеле назаррас аст.

   

  Омӯзгори кафедраи ҷомеашиносӣ Ошурмаҳмади С. дар мавзӯи «Риндӣ ва озодандешӣ дар ашъори Хоҷа Ҳофиз» ва омӯзгори кафедраи мазкур Илёсов И. оид ба мавзӯи «Тасвири дӯстӣ дар эҷодиёти шоир» баромади пурмуҳтаво намуданд.
    Донишҷӯи курси 3-юми факултаи педиатрӣ Раҷабов Н. пас аз хондани маърӯза диққати иштирокчиёнро бо қироати шеър ба худ ҷалб кард. Донишҷӯдухтарони донишгоҳи мазкур ғазалҳои беҳтаринро аз ашъори Хоҷа Ҳофизи Шероз барои ҳозирин қироат намуданд. Дар маҳфил оид ба тарҷумаи ҳол ва ашъори шоир дар байни донишҷӯён саволу ҷавоб баргузор гардид.
   Илова бар ин, донишҷӯён саҳначаеро ба намоиш гузоштанд, ки сирф ҷанбаи тарбиявӣ дошт. Дар маҳфил мудири шуъбаи таълим н.и.ф. Қурбонмамадов С. суханронӣ намуда, барои баргузории чорабинии мазкур баҳои баланд дод. Номбурда қайд кард, ки ғазалҳои Хоҷа Ҳофизро бояд на танҳо аз ёд кард ва қироат намуд, балки дуруст тафсир намудан лозим аст.
Дар поёни барнома донишҷӯи курси сеюм Раҷабов Н дили ҳозиринро бо суруди дилнишинаш шод намуд.
    Муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг Умеда Хуршедовна маҳфилро ҷамъбаст намуда, барои иштирокчиён дар ташкили чунин чорабинии муҳими илмию фарҳангӣ ва тарбиявӣ изҳори сипос намуд.

Кафедра ҷомеашиносӣ ва маъмурияти китобхона

Аҳли донишҷӯён ва ҳайъати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон имсол чун анъана Наврӯзи Аҷам - соли нави миллии тоҷиконро, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ гирифтааст, санаи 18 март бо омодагии ҳамаҷониба ва бо ба ҷо овардани ҳамаи суннатҳои некаш пуршукӯҳ пешвоз гирифтанд. 

    Чӣ хеле ки маълум аст, аз қадимулайём мардуми ориёитабор Наврӯзро дар канори рӯду чашмасорон, талу теппаҳои сарсабз ва шамоли форам истиқбол мегирифтанд. Аҳли устодону донишҷӯёни донишгоҳ ҳамчун давомдиҳандагони анъанаҳои миллӣ Наврӯзро дар майдони сабзу хуррами донишгоҳ ҷашн гирифтанд.

 

     Барномаи идонаро ректори ДДТХ, узви вобастаи АИТ ВТ ва ҲИА ҶТ, доктори илмҳои тиб, профессор муҳтарам Убайдулло Қурбон бо суханони табрикотӣ ифтитоҳ бахшида, моҳияти Наврӯз, суннатҳои Наврӯзӣ ва шукӯҳу таҷаллии тоза пайдо кардани Наврӯзро дар давраи истиқлолияти давлатӣ қайд намуданд.

    Сипас, ғолибони озмунҳои донишгоҳии “Маликаи Наврӯз - 2019” -  донишҷӯи гурӯҳи 204, факултети тиббӣ Давлатова Нилуфар, “Омӯзгори сол -2019” - дотсенти кафедраи забонҳо Должикова Валентина Андреевна ва “Мураббии сол - 2019” - ассистенти кафедраи муолиҷавӣ, куратори гурӯҳи 305, факултети тиббӣ Омонов Эсанбой Омонович аз ҷониби ректори донишгоҳ бо ифтихорномаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва тӯҳфаҳои арзанда сарфароз гардонида шуданд. Инчунин, устодон ва донишҷӯёне, ки дар арафаи Наврӯзи хуҷастапай - 18.03.2019 зодрӯз доштанд, табрик карда шуданд.

      

    Аз ҷониби донишҷӯён сурудҳои Наврӯзӣ, рақсҳои ҷолиб, саҳначаҳои ҳаҷвӣ, саҳнаҳои варзишӣ намоиш дода шуда, қалби ҳамагон шод ва вуҷудашон бо руҳияи идона саршор гардонида шуд.

 

Дар охир барномаи идонаро ректори донишгоҳ, муҳтарам Убайдулло Қурбон ҷамъбаст намуда, бори дигар аҳли донишҷӯёну устодони донишгоҳро бо Наврӯзи омадаистода табрик намуданд.

 

Муовинати тарбия ва фарҳанги ДДТХ    

  Дар санаи 13.03. соли 2019 дар ДДТХ озмуни “Маликаи Наврӯз” баргузор гардид, ки дар он 5 нафар донишҷӯдухтар довталаб буданд. Духтарон аз рӯи шартҳои зерин: намуди зоҳирӣ,  муаррифӣ намудани худ, табрикоти наврӯзӣ, намоиши ҳунари худ ва доштани дониш оиб ба идҳои баҳорӣ санҷида шуданд.

     Дар натиҷа Давлатова Нилуфар донишҷўи гурӯҳи 204-и  факултети  тиббӣ бо соҳиб гардидани 228  хол ҷои якумро ишғол намуд ва ҳамчун “Маликаи Наврӯз-2019” дар ДДТХ интихоб гардид.

 

ШӮРОИ ЗАНОН ВА ДУХТАРОН

Ҳунар беҳ аз симу зар

    Бо мақсади ҷалб намудани диққати донишҷӯдухтарон ба ҳунаромӯзӣ дар доираи донишҷӯёни хобгоҳи ДДТХ машғулиятҳои омӯзишӣ ташкил карда шуданд. Дар байни 140 донишҷӯдухтароне, ки дар хобгоҳ истиқомат мекунанд 40 дастаи ҳунармандӣ бо номи “Чил ҳунар аз чил духтар” ташкил карда шуданд. Донишҷӯдухтарон бо ҳунарҳои ҳамдигар шинос мешаванду ҳамзамон  ҳунарҳои мардумии минтақаҳои дигарро низ меомӯзанд. Санаи 06.03. соли 2019 донишҷӯдухтарони зираки ДДТХ аллаккай  аз ҳунарҳои ҳамдигарашон бархурдор шуда, натиҷаи омӯзишашонро бо   як барномае бо номи  “ Намоиши  ҳунарҳои дастии миллии донишҷӯдухтарон”, ки хеле ҷолиби диққат  буд, ба аҳли донишгоҳ ва комиссияи тадорукот оид ба баргузории   идҳои баҳорӣ дар ДДТХ  пешкаш намуданд.

 

                                                                                                                    Шӯрои занон вадухтарон

ТАҶЛИЛИ «РӮЗИ МОДАР» ДАР ДДТХ

   Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба “Рӯзи Модар” чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Барномаро ректори ДДТХ, доктори илмҳои тиб, профессор муҳтарам Убайдулло Қурбон ифтитоҳ намуда, аҳли бонувону духтарони донишгоҳ ва модарони тоҷикро бо омадани баҳори хуҷастапай ва “Рӯзи Модар” табрик намуда, ба онҳо рӯзгори тинҷу осуда, саломатӣ ва тамоми хушиҳои оламро таманно намуданд.

 

  Ректори донишгоҳ, муҳтарам, Убайдулло Қурбон аз ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон нисбати модарон ва духтарони тоҷик ёдовар шуда, зикр намуданд, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо санадҳои ҳуқуқие, ки барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа мусоидат менамоянд, имрӯзҳо мавриди амал қарор доранд.

   

  Муҳтарам Убайдулло Қурбон нақши занонро дар соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ баён намуда, қайд намуданд, ки зани тоҷик рисолати хешро ҳамеша сарбаландона ба ҷо оварда, сазовори эҳтироми аҳли ҷомеа гаштаанд.       

   Чорабинии фарҳангиро дастаи ҳунарии “Дурахшон”-и ДДТХ бо шеъру суруд, рақс ва саҳначаҳои тарбиявӣ ҳусни зебо бахшиданд.

    Суруди “Аллаи Модар”, дар иҷрои гурӯҳи донишҷӯён қалби аҳли нишастро бо меҳри бузурги модар саршор намуд.

   




   Чорабинии идонаро ректори ДДТХ, доктори илмҳои тиб, профессор, муҳтарам, Убайдулло Қурбон ҷамъбаст ва бори дигар тамоми модаронро бо ин иди саид табрик намуда, ба ҳунармандони барномаи имрӯза ва масъулини чорабинӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

 

           Сад ҷону дил фидои як муддаои Модар,

           Фатҳу кушоиш орад дасти дуои Модар.

           Бишнид гар садоям дунёи сахтгушон,

           Ангезаест шояд аз аллаҳои Модар. (Лоиқ Шералӣ)

 

Муовинати тарбия ва фарҳанги ДДТХ

   Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи он кишварҳоест, ки дар як давраи начандон тӯлонӣ пас аз ба даст овардани истиқлолияти комил дар арсаи байналмиллалӣ обрӯву эътибори хоса пайдо карда, мавқеи худро дар арсаи байналхалқӣ  устувор ва муайян намудааст. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Артиш такягоҳи давлат ва сипари миллат аст. Вазифаи асосии он таъмини амнияти Ватан, сулҳу субот дар кишвар ва тамомияти арзии он мебошад. Эътимоди халқ бояд комил бошад, ки Артиши Миллӣ  ба ҳифзи истиқлолият ва амнияти мамлакатамон пурра  қодир аст».

      Санаи 18-уми декабри соли 1992 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул намуд ва ба зинаҳои ҳуқуқии таъсиси Артиши Миллӣ замина гузошт.  Мусаллам аст, ки аз 23-уми феврали соли 1993 ин рӯз ҳамчун санаи таърихӣ  дар саросари кишвар чун рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ботантана  таҷлил карда мешавад.

     Президенти кишвар аз рӯзҳои нахустин рӯ ба халқу ватан оварда таъкид менамуд ҷавонони миллати тоҷик муттаҳиду ягона бошанд.  Ин нукта дар гуфтаҳои зерини Сарвари давлат боз ҳам равшантар таҷассум ёфтаанд: «Имрӯз мардуми кишвар ба худшиносӣ ва барқарор кардани хотираи таърихии хеш беш аз пеш ниёз доранд. Мо бояд аз таърихи гузашта сабақ бигирем ва барои ваҳдати комили миллӣ корҳои бузургеро ба анҷом бирасонем».

       Таъсисёбии Артиши Миллӣ масъулияти ҷавононро дар назди мардуми кишвар дучанд гардонд ва дар навбати худ Ватан ба насли ҷавон эътимод дошт ва дорад, ки ҷавонон бо баҳои ҷон ҳомиии ин марзу бум шуда метавонанд.

     

     Ҳайати устодон ва кулли донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон низ Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ботантана ҷашн гирифтанд.               

     Чорабиниро муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг н.и.х.Усмонова У.Х. ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳамаи устодон ва донишҷӯёнро бо Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан табрику таҳният гуфтанд.

     Баъдан, мудири кафедраи ҷомеашиносӣ дотсент Гулов А.А. дар мавзӯи “Таърихи пайдоиши артиши миллӣ” маърӯза намуданд.                                         

    Ба чорабинии идона донишҷӯён бо қироати шеърҳо ва рақсу суруд ҳусни тоза бахшиданд.   

    Чорабинии фарҳангиро ректори ДДТХ, доктори илмҳои тиб, профессор муҳтарам Убайдулло Қурбон ҷамъбаст ва бори дигар Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамагон шодбош намуда, барои баргузории барномаи ҷашнӣ ба дастаи ҳунарии «Дурахшон»-и донишгоҳ ва дигар масъулини чорабинӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Муовинати тарбия ва фарҳанги ДДТХ

    Рӯзи 21-уми феврали соли 2019 дар кафедраи забонҳо маҳфили илмию адабӣ бахшида ба Рӯзи байналмиллаии забонҳо баргузор гардид. Дар он муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг Усмонова У.Х., муовини ректор оид ба корҳои хоҷагӣ Аҳадов Ш.Ф., сардори шуъбаи таълим Қурбонмамдов С.Х., ёвари ректори донишгоҳ Каримов М., сармутахассис оид ба назорати сифати таълим Одинаев С.П., раиси Шӯрои занону духтарони донишгоҳ Шарипова Ҳ., раиси иттифоқҳои касабаи кормандону донишҷӯён Камолов Д., мудири кафедраи морфология ва физиологияи одам Зарипов И.А., мудири кафедраи химия ва биологияи тиббӣ Чориев С.А.,  муовини декани факултетҳо Камолов А.С.,  омӯзгорони кафедраҳо Султонмамади Г., Худойбердиев  А.Қ. устодони кафедраи забонҳо Должикова В.А., Мамадалиева С.А., Қурбонов Х., Асоев Ҷ., Ошурмамади С., гурӯҳи донишҷӯёни соли аввал, дуюм ва сеюм ширкат намуданд.

      Маҳфилро бо сухани муқаддимавӣ барандаи он саромӯзгори кафедраи забонҳо Одинаев С.П. оғоз намуда, дар бораи таърихи ҷашнгирии ин рӯз ва аз тарафи ЮНЕСКО эълон карда шудани 21 – феврал ҳамчун Рӯзи байнадмилалии бузургдошти забонҳо  маълумот доданд. Сардори шуъбаи таълим  Қурбонмамдов С.Х. аз номи раёсати донишгоҳ ҳозиринро бо ҷашни гиромидошти забонҳо табрику таҳният намуда, оид ба мақоми забон дар рушду нумӯи ҳар як миллат ибрози назар намуданд.

       Устодони кафедраи забонҳо Должикова В.А. оид ба аҳамияти омӯзиши забонҳо, махсусан забони русӣ,  Мамадалиева С.А. оид ба мақоми забони англисӣ ақидаҳои хешро баён намуданд. Сипас донишҷӯён Қудратова Б., Калонова З., Давлатова Н. , Ҳошимзода С., Аминова Ш., Камолова А.,  Ҳабибова Зуҳал, Лайлои Неъматулло бо қироати шеърҳо бо забонҳои  тоҷикӣ, руси ва англисӣ ба маҳфил ҳусни дигар бахшиданд.  Донишҷӯи соли сеюм Ҳамроев М. перомуни  «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  ба забони англисӣ маълумот доданд. Донишҷӯёни соли дуюм Ҷомиева С.  ва Абдуллоев Б. презентатсияи   худро оид ба мақому манзалати забони англисӣ ва тарҷумаи он ба забони русӣ хеле дилнишину хотирмон муаррифӣ намуданд. Донишҷӯи соли якум Ғаниева Ш., ки худ аз Ҷумҳурии ӯзбекистон мебошад, оид ба забони модарии ӯзбекиашон ва рушди муносибатҳои сиёсию фарҳангии ду ҷумҳурии бародар – Тоҷикистону ӯзбекистон бо муҳаббату самимияти зиёде ҳарф заданд.

              Пас аз баромаду маърӯзаҳо ва қироати шеърҳо, викторина оид ба забонҳо гузаронида шуд, ки донишҷӯи соли дуюм Давлатова Нилуфар ба аксари саволҳои он посухи дуруст дода, ғолиб дониста шуд.

     Дар охир сардори шуъбаи таълим н.и.ф. Қурбонмамадов С.Х. аз номи раёсати донишгоҳ маҳфилро  ҷамъбаст намуда, ба омӯзгорони кафедраи забон ва донишҷӯён барои чунин маҳфили хотирмон арзи миннатдорӣ иброз намуданд.

     Кафедраи забонҳо дар оянда низ кушиш хоҳадкард, ки чунин маҳфилу чорабиниҳоро бештар баргузор намуда, барои худшиносиву худогоҳии миллӣ, баланд бардоштани сатҳи забономӯзии донишҷӯён нақши муассири худро гузорад.  Ҳамзамон таъкид гардид, ки донишҷӯён дар баробари забони модарӣ бояд ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан, забони русӣ ва англисӣ диққати ҷиддӣ диҳанд. Зеро ин забонҳо василаи муҳими расидан ба фатҳи қуллаҳои нави илму дониш мебошанд.

Шуъбаи таълим

Кафедраи забонҳо

    Санаи 29.12.с.2018 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба Соли нави мелодӣ чорабинии фарҳангию фароғатӣ баргузор гардид.

    Чорабиниро бо суханони табрикотӣ ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон узви вобастаи АИТ ВТ ва ҲИА ҶТ, д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ифтитоҳ бахшиданд. Убайдулло Қурбон дастовардҳои донишгоҳ ва кишвари азизамонро дар соли 2018 қайд намуда, иброз доштанд, ки дар Соли нави омадаистода аҳли Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо саъю кӯшиши дучанд фаъолият намуда, дар гул-гулшукуфии донишгоҳи маҳбубамон ҳиссаи худро мегузоранд. 

  

   Сипас, аз ҷониби донишҷӯёни донишгоҳ баҳри болидахотирии аҳли нишаст рақсу суруд, саҳначаҳои ҳаҷвӣ, бозиҳои солинавӣ пешкаш карда шуд. Донишҷӯёни фаъоли ин чорабинӣ бо тӯҳфаҳои Бобои барфӣ ва Барфак қадрдонӣ карда шуданд.

    Дар охир, Ректори донишгоҳ муҳтарам Убайдулло Қурбон чорабиниро ҷамъбаст намуда, ба ҳунари донишҷӯёни иштирокчӣ баҳои баланд доданд.

Муовинати тарбия ва фарҳанги ДДТХ 

Page 6 of 11

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид