Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Санаи 5-уми октябри соли 2024 Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар вазъияти тантанавӣ ҷамъбаст гардид. Шоҳҷоизаи озмунро ба маблағи 50 000 cомонӣ панҷ нафар иштирокчии фаъоли озмун — дар номинатсияи оҳангсозӣ-бастакорӣ Фурқат Тоиров, дар номинатсияи сарояндагӣ Фархунда Ғайбуллоева, номинатсияи навозандагӣ Ҷалолиддин Абдулоев, номинатсияи санъати тасвирӣ Муҳаммадшариф Низомзода ва дар номинатсияи дизайн Нармин Мирзоева соҳиб гардиданд.

Аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон донишҷӯи курси дуюми факултети тиббӣ – Алиева Меҳринигор дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур ширкат варзида, аз рӯи номинатсияи «Санъати тасвирӣ» сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид. Номбурда бо «Диплом»-и озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2024 ва мукофоти пулӣ қардонӣ карда шуд.

Хабарнигори сомона.

Санаи 25-уми сентябри соли 2024 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ифтитоҳи озмуни «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» намоянадгони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор ва ғолибони даврҳои аввали озмун иштирок намуданд.

Озмуни «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат, таҳкими ваҳдати миллӣ, эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ ва ба ин васила дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, тақвияти қобилияти кордониву роҳбарӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи Мактаби давлатдории Пешвои миллат дар байни насли ҷавони аҳолии ҷумҳурӣ, бахусус донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар мамлакат роҳандозӣ гардид.

Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро дар ин озмун донишҷӯёни курси чоруми факултети тиббӣ – Зоирова Гуландом Хуршедовна ва Рустамқулова Гулнора Шуҳратҷоновна бо роҳбарии муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ дотсент Аҳмадиён Ш.Р. намояндагӣ намуданд.

Донишҷӯёни донишгоҳ қаблан дар моҳи май, дар даври донишгоҳии озмуни мазкур холҳои аз ҳама баландро соҳиб гардиданд ва чун ғолибони озмуни донишгоҳӣ ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд.

Натиҷаи озмуни даври ҷумҳуряивӣ пас аз иштирок ва баромади тамоми донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман эълон хоҳад гардид.

Хабарнигори сомона.

Санаи 20-уми сентябри соли 2024  ҷиҳати иҷрои Нақшаи кории китобхонаи донишгоҳ барои соли таҳсили 2024-2025 ва бахшида ба  «Рузи китоб»  бо мақсади  шинос намудани донишҷӯён бо фонди китобхона бо фарогирии тамоми донишҷӯёни курси якуми ҳамаи факултетҳо чорабинии “Рӯзи дарҳои кушод дар Китобхона” баргузор карда шуд.

Дар чорабинии мазкур донишҷӯёни курси аввал, омӯзгорони кафедраҳо, муовинони деканҳои факултет ва кормандони китобхона ширкат варзиданд.

Нахуст мудири Китобхона Ҳалимов М.А. оид ба шароити  китобхона,  фонди умумии китобхона, адабиёти таълимию илмӣ ва бадеӣ, адабиёти таълимӣ барои курсҳои аввал, қоидаи истифодабарии китоб, толорҳои хониш, китобхонаи электронӣ ва муҳиммияти мутолиаи китоб сухан намуд.

Ҳамзамон, вобаста ба мавзуъҳои зикршуда аз ҷониби маъмурияти китобхона ба саволҳои донишҷӯён посухҳои мушаххас дода шуданд. Инчунин, дар охири чорабинӣ барои донишҷӯён “Намоиши адабиёти таълимӣ” ташкил ва баргузор карда шуд.

Китобхонаи донишгоҳ.

 

Рўзи якуми октябри соли 2024 дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври ниҳоии 1-умин Озмуни ҷумҳуриявии донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Забон донӣ –ҷаҳон донӣ” барои дарёфти “Ҷоми Ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода” бахшида ба Рўзи забони давлатӣ баргузор гардид. Аз Донишгоҳи давлатии Хатлон се нафар донишҷўён –донишҷўйи курси якум Ҳасанов Муҳаммадҷон аз рўйи равияи забони тоҷикӣ, донишҷўи курси чорум Камолова Мунира аз рўйи равияи забони русӣ ва донишҷўи курси шашум Султонов Султон ширкат варзиданд. Ду нафар донишҷўёни донишгоҳ - Ҳасанов Муҳаммадҷон аз рўйи равияи забони тоҷикӣ сазовори ҷойи сеюм ва Камолова Мунира аз рўйи равияи забони русӣ сазовори ҷойи ифтихорӣ гардида, бо сипосномаву ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Кафедраи забонҳо

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид