Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ САЛОҲИЯТНОКИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО УСТОДОН ВА ДОНИШҶӮЁН

05 December 2019 Муаллиф :  

    3-юми декабри соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон тибқи «Нақша-чорабинии ҳамкорӣ, суҳбату вохӯриҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва аҳолии шаҳру ноҳияҳо» бо намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид.

     Вохӯрии мазкурро мушовири ректор оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Азизуллоев А.А. ҳусни оғоз бахшид.

    Сараввал, коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раҳмон Д. дар мавзӯи «Интихобот ҳамчун падидаи ҷомеаи демократӣ» суханронӣ намуд. Номбурда, аз ҷумла, изҳор намуд, ки яке аз падидаҳои муҳими ҷомеаи демократӣ- ин фаъолона ва озодона иштирок намудани мардуми кишвар дар интихобот мебошад.

  Салимзода С.- сардори Раёсати адлияи вилояти Хатлон дар мавзӯи «Маърифати ҳуқуқӣ ва нақши он дар ташаккули шахсияти ҷавонон» маърӯза кард. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва умуман шаҳрвандон, барои ташаккули шахсият, зиракии сиёсӣ ва боз ҳам боло рафтани ҳисси  ифтихори ватандории шаҳрвандон мусоидат хоҳад кард,-изҳор дошт мавсуф.

      Директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи А.Ҷомии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон-Саломиён М.  дар мавзӯи «Илму маърифат асоси муқовимат бо терроризму экстремизм ва ифротгароӣ» баромад кард. Қайд гардид, ки зуҳуроти аз ҳама ташвишовар ва нанговари замон терроризм ва экстремизм ба шумор меравад. Ин зуҳурот мутаассифона, тамоми ҷомеаро фаро гирифта, яке аз мушкилоти ҷомеаи муосир мебошад ва ба муқобили башарият равона карда шудааст.

    Мутахассиси пешбари Раёсати кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон-Бобоев Б.  дар мавзӯи «Худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандории ҷавонон омили таҳкими субот дар ҷомеа» суханронӣ кард.

   Бояд қайд кард, ки ҳадафи асосии баргузории вохӯрии мазкур боз ҳам баланд бардоштани рӯҳияи худогоҳию хештаншиносӣ ва маърифати ҳуқуқӣ, фаъолона ширкат варзидан дар маъракаҳои интихоботӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, террористӣ ва экстремистӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, фаъолгардонии ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар давраи интихобот ба ҳисоб меравад.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

0 Шарҳ 218 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Our partners 
 
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид