Соли чорум аст, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҳамкориҳои судманд ва ҳамаҷонибаро ба роҳ мондааст. Боиси зикр аст, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино донишгоҳи тиббии навтаъсиси Хатлонро пайваста дастгирӣ намуда, дар таҳкимбахшӣ ва рушди он саҳми сазовор дорад.
Тибқи нақшаи чорабиниҳо Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон барои суҳбат ва хондани лексия профессорони пуртаҷрибаро аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино даъват намуд.
Рӯзи 7 ноябри соли равон д.и.т., профессори кафедраи анатомияи одам – Қурбонов С.С., д.и.т., профессор, мудири кафедраи ТАБД – Саидов Ё.У., д.и.ф., профессор, мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ-Саидов А.С., н.и.т., дотсенти кафедраи ҷарроҳии умумии №1- Саидов А.С., ва н.и.т., дотсенти кафедраи гистология – Соҳибова З.Н., барои хондани лексия ба Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ташриф оварданд.
Докторони илмҳои тиб, профессорон – Қурбонов С.С., ва Умаров Ё.У., аз фанҳои анатомияи одам ва бемориҳои дарунӣ, доктори илмҳои фалсафа, профессор – Саидов А.С., дар мавзӯи «Алоқамандии илми тиб бо фанҳои гуманитарӣ», номзади илмҳои тиб, дотсент – Саидов А.С., дар мавзӯи «Маълумот оид ба гурӯҳҳои хун» ва номзади илмҳои тиб, дотсент – Соҳибова З.Н., оид ба «Системаи марказии асаб ва силсилаи эндокринии марказӣ ва канорӣ» лексияҳои пурмуҳтаво хонданд.
Бояд қайд кард, ки аҳамияти ташкил намудани чунин чорабинӣ дар он мебошад, ки ҷаҳонбинии донишҷӯён боз ҳам васеъ гардида, донишҷӯён оид ба таърих, фалсафа, ҷомеашиносӣ ва ихтисосашон маълумоти иловагӣ мегиранд ва шавқи илмомӯзиашон боз ҳам бештар мегардад.
Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ба ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино д.и.т., профессор Гулзода М., барои ҳамкории ҳамаҷониба ва дастгириҳои пайвастаашон миннатдории самимии худро изҳор менамояд.
АТИ ДДТХ