Сол аз сол дар фонди китобхонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон шумораи китобҳои гоногун афзуда истодааст. Роҳбари донишгоҳ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон пайваста талош меварзанд, ки донишҷӯён аз адабиёти таълимӣ танқисӣ накашанд.
Ин навбат, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми октябри соли равон 11 номгӯйи адабиёти таълимӣ бо теъдоди 301 нусха бо забони тоҷикӣ ба китобхонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ворид гардид.
Мавриди зикр аст, ки сифати китобҳо хуб буда, ба барномаҳои таълимӣ мувофиқат мекунанд.
МАЪМУРИЯТИ КИТОБХОНА