Санаи 19-уми ноябри соли 2017 соати 10:00 дар толори Маҷмуаи варзишии н.Рӯдакӣ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба Ҷиу-Ҷитсу бахшида ба “Соли ҷавонон” ва 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро донишҷӯи курси 2, гуруҳи 3-юми факултети стоматологӣ Камолов Муҳаммадҷон намояндагӣ карда, дар вазни 75 кг сазовори ҷойи аввал гашта, ғолибиятро ба даст овард. Донишҷӯи мазкурро барои иштироки намунавӣ ва сазовор ба ҷойи аввал гаштан бо дипломи Федератсияи миллии Ҷиу – Ҷитсиуи Ҷумхурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Федератсия муҳтарам Давлатов А.А., қадрдонӣ намудаанд.
Боиси ифтихор аст, ки донишҷӯ Камолов Муҳаммадҷон дар давоми ду соли донишҷӯияш дар мусобиқаҳои варзишӣ чандин мартоба ғолибият ба даст оварда, обрӯ ва нуфузи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро дар ҷумҳурӣ баланд бардоштааст.
Раёсати донишгоҳ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштироки донишҷӯёнро дар маҳфилу озмӯнҳо дастгирӣ намуда, ҳамзамон бо ғолияташон ифтихор менамояд.
Кумитаи иттифоқи касабаи ва кормандон
Шуъбаи кор бо ҷавонон