Бо мақсади эхё ва рушди бозиҳои миллии варзишӣ ва тарбияи насли наврас дар руҳияи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таъриху анъанаҳои миллии аҷдодӣ, таҳкими тарзи хаёти солим, ҳисси худшиносиву худогоҳи ва пешгирии омилҳои номатлуб дар байни насли наврас бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон 20 июни соли равон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон маросими ифтитоҳи марҳилаи дуюми "Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ" бахшида ба 20 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар "Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ" муовини раиси вилоят Хидирзода М., Сардори Раёсати кор бо чавонон Абдуллозода Ф., муовини раиси нохия, мурабиёни таҷрибадор, варзишгарони ҷавон ва мудирони бахши кор бо чавонон ва варзиши шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.
Дар доираи Фестивал бозиҳои милли мусобиқаи гуштини миллӣ байни ҷавонон аз рӯи вазнҳои 60, 80 ва 100 кг доир гардид.
Дар чорабинии мазкур зиёда аз 150 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон низ ҳузур доштанд ва аз баргузории ин чорабинӣ баҳраманд гардиданд.
Шуъбаи кор бо ҷавонон