Даври хотимавии олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони англисӣ, забони русӣ, технологияи информатсионӣ, таърихи халқи тоҷик, математика, физика, химия, биология-экология 21-22 апрели соли 2017 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ баргузор гардид. Аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон муовини ректор оид ба таълим Ғафуров Б. А., мудири кафедраи фанҳои ҷомеъашиносӣ н.и.ф.,дотсент Гулов А.А., мудири кафедраи забонҳо д.и.ф.,дотсент Тағоймуродов Р.Ҳ, мудири кафедраи химия ва биологияи тиббӣ н.и.б.,дотсент Чориев С.А, мудири кафедраи физикаи тиббӣ ва информатика н.и.ф-м.,дотсент Ситамов С, омӯзгори фанни забони русӣ дотсент Должикова В.А., Омӯзгори фанни забони англисӣ Мамадалиева С.А ва донишҷӯён Комилова Бибисоро аз фанни забон ва адабиёти тоҷик, Тоҷибоева Наима аз фанни забони русӣ, Ҳамроев Муҳаммадзамон аз фанни забони англисӣ, Тоатов Шаҳром аз фанни таърихи халқи тоҷик, Абдуллоев Муҳибулло аз фанни биология ва экология, Абдуқаюмов Отаҷон аз фанни химия, Ҷобири Қурбоналӣ аз фанни физика,Ҳомидов Хайём аз фанни математика, Сафаров Ҳусейн аз фанни технологияи информатсионӣ барои шитрок дар олимпиада сафарбар карда шуданд. Қайд кардан зарур аст, ки дар олимпиадаи мазкур донишҷӯёни зиёда аз 30 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Санҷиши натиҷаи дониши донишҷӯён ба тариқи тестӣ аз фанҳои химия, биология ва экология, физика, математика, таърихи халқи тоҷик, назарияи иҷқтисодӣ, технологияи информатсионӣ ва эссе аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик,забони англисӣ ва забони русӣ гузаронида шуд. Баъди санҷиши натиҷаи онҳо ва ҷамъбасти озмун ғолибони зерин аз донишгоҳи мо муқаррар гардиданд:
- Комилова Бибисоро – ҷойи дуюм аз фанни забону адабиёти тоҷик.
- Абдуллоев Муҳибулло - ҷойи чорум аз фанни биология
- Ҷобири Қурбоналӣ - ҷойи чорум аз фанни физика
Дар ҷаласаи ҷамъбастии олимпиада Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид иштирок намуда, ғолибонро табрик намуда, ҳамзамон ҳадафу дурнамои баргузории олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд. Дар охир ба ғолибони озмунҳо туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Шуъбаи таълим