Дар асоси дастуру супоришҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ба роҳ мондан ва тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, инкишоф ва рушди инфрасохтор ва дастгирии сайёҳии дохилӣ барои ҷавонон ва донишҷӯён «Клуби сайёхӣ» дар Донишгоҳи давлати тиббии Хатлон дар мувофиқа бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ таъсис дода шудааст, ки бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ Низомномаи он тасдиқ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки зарурати таъсис додани «Клуби сайёҳӣ» - ДДТХ пеш аз ҳама дар он аст, ки солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавзеҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии он дар маркази таваҷҷуҳи тамоми ҷаҳониён қарор гирифтааст. Вобаста ба ин, ДДТХ, ки дар қисмати ҷанубии Тоҷикистон ҷойгир мебошад, аз лиҳози ҷойҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳӣ бой аст, метавонад дар байни ҷавонони мамлакат ва муассисаҳои олии дигар кишварҳо бо мақсади тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи маърифати экологӣ, шиносоӣ бо мавзеҳои таърихию фарҳагиро ташаккул дода ва бо ин роҳ ба рушди сайёҳии мамлакат мусоидат намояд.
Рӯзи 15-уми апрели соли 2017 сафари аввалини аъзои «Клуби сайёҳӣ»-и Донишгоҳи давлати тиббии Хатлон ба Неругоҳи обии барқии Норак оғоз гардид. Мақсади он шинос намудани донишҷӯён бо ин неругоҳи азими таъминоти неруи барқи Тоҷикистон мебошад.
Сарбанди НОБ-и Норак
Пеш аз ба сафар баромадани сайёҳон ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон бо кормандону донишҷӯёни шомили ин сафар суҳбат намуда, онҳоро ба мақсаду муҳтавои он шинос намуда, зимнан қайд намуданд, ки аз чунин неругоҳи азим оғоз намудани сафари нахустини сайёҳӣ фоли нек аст ва минбаъд ҳам тибқи нақша ба минтақаҳои гуногуни таърихию фарҳангии вилояти Хатлон сафарҳо ташкил карда мешаванд, то ин ки ҳам донишҷӯёну ҳам кормандон бо таърихи кишварамон бештар шиносоӣ пайдо намуда, рисолати меҳанпарастию худшиносии хешро таҳким бахшанд.
Лозим ба қайд аст, ки банақшадарории лоиҳаи неругоҳи мазкур солҳои 50-уми садаи гузашта шурӯъ гардида, соли 1961 ба анҷом расид. Ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ дар заводи ба номи Кирови шаҳри Харков таҳия карда шуданд.
Сохтмони ин неругоҳи азим соли 1961 оғоз гардида, он Сохтмони умумиитифоқии зарбдори комсомолӣ эълон карда шуда буд. Неругоҳ соли 1971 ба истифода дода шуда, агрегати охирини он соли 1979 ба кор дароварда шудаст, ки иқтидори он 3 015 МВт (нуҳ агрегати иқтидори ҳар кадомашон 335 МВт) мебошад. Баландии сарбанди неругоҳ 300 метр (то соли 2013 сарбанди аз ҳамаи калонтарини ҷаҳон ба шумор мерафт), майдонаи равзанаи обанбор 98 км², ҳаҷмаш— 10,5 км3, дарозиаш — қариб 70 км мебошад.
Оби обанбор на фақат ба мақсади тавлиди неруи барқ истифода мешавад, балки тавассути нақби махсус барои обёрии заминҳои кишоварзӣ равона карда мешавад.
Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа