- Санаи 05 – уми апрели соли равон ректори ДДТХ, профессор Убайдулло Қурбон ва ҳайати намояндагии ДДТХ –ро Узви Комитети ҳизбии Донишгоҳи тиббии Синзян, котиби комитети ҳизбии Клиникаи якуми донишгоҳи мазкур, профессор Яо Хуа ба ҳузур пазируфт.
Дар оғози мулоқот ба намояндагони мо профессор Яо Хуа доир ба таърихи таъсисёбии беморхонаи клиникии донишгоҳ, ки он соли 1956 сохта ва ба истифода дода шудааст, маълумоти муффасал дод. Аз ҷумла, қайд гардид, ки дар беморхонаи мазкур айни замон 5273 нафар корманд фаъолият менамоянд, ки аз ин теъдод 1485 нафарашонро табибон, 311 нафарашро профессорону дотсентон ва 225 нафарашро роҳбарони илмии аспирантону унвонҷӯён ташкил медиҳад. Ҳамзмон маълумот дода шуд, ки кормандони илмӣ ва табибони беморхона дар ин давом соҳиби зиёда аз 60 номгуӣ ҷоизаҳои давлатию байналмилалӣ гардидаанд.
Зимни мулоқот ректори донишгоҳи тиббӣ, профессор Убайдулло Қурбон барои қабул ва муҳтавои мулоқот изҳори сипос намуд. Баъдан аз мақсади сафари хидматӣ сухан намуда, барои шиносоии бештар аз фаъолияти пурмаҳсули имрӯзаи Беморхонаи клникии Донишгоҳи тиббии Синзян изҳори ақида намуд. Ҳамзамон қайд намуд, ки гуруҳи кории ДДТХ барои омӯхтани фаъолияти корӣ ва ошно гаштан аз шароити муосири технологияи беморхона ҳадафи сафари кории худ қарор доданд, то ки дар баробари сохта ва ба истифода дода шудани Бино ва ишоотҳои таълимию клиникии ДДТХ, ин дастовардҳо ҳамчун намуна баҳрабардорӣ карда шавад.
Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо бо мақсади таҳким ва рушди ҳамкориҳои минбаъда, оид ба масъалаҳои бозомӯзии касбии кормандони ДДТХ ва ҳамзамон дар таҷрибаомӯзии мутахассисон ибрози ақида намуданд. Аз ҷониби роҳбарияти Беморхонаи клиникии ДТС илова карда шуд, ки дар доираи фаъолияти хеш кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳамкориҳо боз ҳам ривоҷ ёфта, сатҳу сифати ин ҳамкориҳо боз ҳам баланд бардошта шаванд.
Сипас, бо роҳбарии профессор Яо Хуа ва намояндагони дигари Беморхонаи клиникии лонишгоҳ як қатор сохторҳо, шуъбаи бемориҳо, марказҳои озмоишию ташхисӣ аз қабилӣ:
- Маркази озмоишии тибби исботшуда
- Маркази озмоишии маводи доруворӣ
- Маркази тадқиқотии этикӣ / кумитаи этика
- Шуъбаи мониторинги маводҳои доруворӣ – табобатӣ
- Шуъбаи тадқиқотии фармасевтӣ
- Маркази тадқиқотии трансплантатсияи узвҳо
- Маркази клиникӣ-тадқиқотии беҳисгардонӣ
- Маркази клиникӣ-тадқиқотии ултрасадо
- Маркази тадқиқотии гематологӣ
- Маркази тадқиқотии ташхиси шуоӣ
- Маркази тадқиқотии дилу рагҳо
- Озмоишгоҳи пойгоҳии инкубатсионӣ
- Шуъбаи илмӣ-тадқиқотӣ
- Маркази тадқиқотии нефрологӣ
- Озмоишгоҳи калидӣ доир ба эхинококкоз
- Озмоишгоҳи калидӣ доир ба бемориҳои дилу рагҳо ва инчунин Маркази тибби фосилавии (телемедицина) беморхонаи мазкур, ки аз лиҳози технологӣ бо муосиртарин асбобҳо таҷҳизонида шудааст, ба гурӯҳи корӣ шинос карда шуданд.
Дар хотима барои муносибатҳои минбаъдаи дӯстона лаҳзаи тақдими туҳфаҳои хотиравӣ ва аксбардории якҷоя, сурат гирифт.
Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа