Дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Данғара вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа бо ҳамроҳи раиси ноҳияи Данғара Сайдализода Маҳмадулло бо рафти сохтмони бинои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон шинос шуда, сипас аз биноҳои таълимии он воқеъ дар кӯчаи Исмат Шариф-3 дидан намуданд. Вазир ва дигар ҳамроҳонро ректори донишгоҳ. д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон, муовини ректор оид ба таълим Ғафуров Б.А., муовини ректор оид ба хоҷагӣ Аҳадов Ш.Ф., сардори Шуъбаи таҳлилу назорат ва робита бо ҷомеа Аҳмадов Ш.Р., декани факултетҳо Саидов И.З., сардори Шуъбаи таълим Қузибоева Н.К. ва дигар аъзои раёсати донишгоҳ ҳамроҳӣ намуда, бо синфхонаҳои таълимӣ, китобхона, шуъбаву кафедраҳо, ошхона ва дигар сохторҳои донишгоҳ шинос намудан.
Олимзода Насим Хоҷа аз корҳои ташкилию фаъолияти ин донишгоҳи ба тозагӣ ташкилшудаи тиббии вилоят изҳорӣ қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон аз мушкилоту дурнамои донишгоҳ пурсон шуданд. Албатта, донишгоҳи навтаъсис мушкилотҳои зиёди худро дошта метавонад, аммо ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ибрози назар намуданд, ки бо дастгирию кӯмаки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ин мушкилотҳо бо мурури замон ҳалли худро меёбанд ва дар ояндаи наздик ин таълимгоҳ ба яке аз муассисаҳои таълимии омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустии мамлакат табдил хоҳад ёфт.
Шуъбаи таҳлил ва назорат