30 –уми июли соли равон дар ҷаласаи ғайринавбатии Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон тибқи фармоиши ректори донишгоҳ бинобар сабаби ба синни нафақа расидан, сардори шуъбаи кадрҳои ДДТХ - Хидирова А.М. аз вазифаи ишғол кардааш озод карда шуд. Ҳамзамон ба вазифаи сардори шуъбаи кадрҳои ДДТХ – Шоев Ҳ.Г. таъйин гардид.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Хидирова А.М. зиёда аз 10 сол сарвари шуъбаи кадрҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва баъдан ин вазифаро аз моҳи марти соли 2016 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, ки он соли равон таъсис ёфт, ба уҳда дошт. Раёсати донишгоҳ фаъолияти пурмаҳсул ва кӯшишу заҳматҳои шабонарӯзии Алфира Мадаминовнаро ба инобат гирифта, бо Ифтихорномаи ДДТХ ва туҳфаи хотиравӣ қадршиносӣ карда шуд.
Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа