Омодагиҳо барои шуруъ гаштани соли нави таҳсил дар донишгоҳ торафт авҷ мегиранд. Субҳи барвақт, рӯзи 4 – уми июли соли равон шумораи зиёди донишҷӯёни ба тозагӣ қабулшуда ба донишгоҳ ва кормандони раёсат ба ҳашари умумидонишгоҳӣ, ки бо мақсади ба тамиз овардани саҳни ҳавлӣ, гирду атрофи донишгоҳ ълон гардида буд, ҳозир гаштанд. Дар давоми зиёда аз 4 соат донишҷӯёну кормандон, қитъаи бештар аз 3 га заминро ба тамиз дароварда, онро аз сангу шағал ва гиёҳу растниҳои бегона тоза намуданд. Гулу гулбуттаҳо, дарахтони сояафкану мевадиҳанда ва чаманзорҳо, ки рӯзҳои охир аз беобӣ ҳоли ногувор доштанд бо об таъмин карда шуданд. Ҳамзамон қайд карда мешавад, ки корҳои таъмирии хобгоҳ аз ҷониби бригадаи сохтмончиён бо маром пеш рафта истодааст.
Раёсати донишгоҳ ният дорад, ки то оғози соли нави таҳсил гирду атроф ва саҳни биноҳоро тавассути чунин шанбегиҳо зебою назаррабо гардонад.