Имрӯз барои ишғоли вазифаҳои холӣ барои омӯзгорон дар ДДТХ озмӯн баргузор гардид.
Чуноне ки ба ҳамагон маълум аст Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2016, дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таъсис ёфта, ки мақсад аз ташкил ёфтани ин муассисаи олӣ қонеъ намудани талаботи кишвар бо назардошти афзоиши аҳолии мамлакат ба мутахассисони соҳаи тиб мебошад.
Лозим ба қайд аст, ки ба озмӯн беш аз 50 нафар устодону омӯзгорони варзида аз муассисаҳои олии кишвар ҳуҷҷат пешниҳод намуданд, ки 11 нафари онҳо дорои дараҷаи илмӣ мебошанд. Ёдовар мешавем, ки барои соли якуми таҳсил дар донишгоҳи тозабунёд 5 кафедра таъсис дода шудааст ва тибқи нақшаҳо ва сарбории таълимӣ аз 35 воҳиди корӣ иборат мебошад
Зимнан, Донишгоҳи тиббӣ моҳи майи соли равон дар асоси имтиҳоноти қабул 350 нафар довталабони лаёқатмандро ба курси аввал қабул намудааст.
Раёсати донишгоҳ барои амалӣ сохтани ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат оид ба омодасозии мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯ тамоми воситаҳоро ба кор бурда, барои беҳтар намудани шароиту имкониятҳои таълимӣ ба таври самарабахш кӯшиш хоҳад намуд.