Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Ҳамкориҳо ва корҳои муолиҷавии ДДТХ бо БҶК дар ноҳияи Данғара вусъат меёбанд.

30 May 2016 Муаллиф :  

      Дар Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳукумати мамлакат дар сиёсати иҷтимоии худ навсозиҳои соҳаи тандурустиро идома дода, маблағгузории соҳаро дар соли 2015 нисбат ба соли гузашта даҳ фоиз зиёд пешбинӣ намудааст. Соли 2014 шароити инфрасохтори соҳаи тандурустӣ хеле беҳтар гардида, кумакҳои аввалияи тиббию санитарӣ тавсеа ёфтанд. Дар ин давра як қатор муассисаҳои соҳаи тандурустӣ бунёд ва таъмиру азнавсозӣ гардиданд. Ҳамчунин барои пешгирӣ ва паст намудани шиддати бемориҳои сироятӣ, таъмини шаҳрвандон бо маводи босифати доруворӣ, ҳифзи саломатии модару кӯдак ва омода намудани мутахассисон як қатор тадбирҳои муассир амалӣ карда шуданд. Дар даврони истиқлолият барои рушди соҳаи тандурустӣ илова ба маблағҳои аз буҷет ҷудошуда 107 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии қариб се миллиард сомонӣ татбиқ гардидааст. Ҳоло дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар илова ба маблағҳои буҷетӣ татбиқи 38 лоиҳа ба маблағи 570 миллион сомонӣ идома дорад».

          Оре,  ҳамагон шоҳид ҳастанд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат бахши тандурустӣ бемайлон рушд ёфта, сол то сол дар заминаи таваҷҷуҳу дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бахши муҳим пешравиҳои назаррас рӯи кор омада истодааст. Давоми 25 соли соҳибистиқлолии кишварамон дар ҳудуди мамлакат теъдоди зиёди беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ бунёд ва таъмиру таҷдид гашта, аксари муассисаҳои тандурустии мамлакат бо таҷҳизоти замонавӣ, ки замони давлати абарқудрати шӯравӣ дастрас буданд, имрӯз таъминанд.  

             Ин омил замина фароҳам овард, ки дар муассисаҳои тиббии мамлакат як қатор амалиётҳои муосири ҷарроҳӣ   ба роҳ монда шаванд.  

   Дар робита ба ин дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми октябри соли 2012 дар ноҳияи Данғара Беморхонаи ҷумҳуриявии клиниӣ  таъсис ёфтааст, ки беморхонаи мазкур 22 марти соли 2014 бо иштироки  Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   дар маросими тантанавӣ ифтиттоҳ ёфтааст.   Сохтумон ва таҷҳизотҳои ин муассиса бо мақсади таъмини хизматрасонии босифату муосири тиббӣ ҷавобгӯйи меъёр ва стандартҳои байналмилалӣ буда,  дорои имкониятҳои маҷмӯии ташхису табобат мебошад ва дар як вақт ба 150 нафар эҳтиёҷманд хизмати тиббӣ расонида метавонад. Дар ин муассиса имконияти хуби ташхису табобат ва гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ мавҷуд буда, ҳамзамон барои  табобати гиёҳдармонӣ ва тавонбахшиву машқҳои варзишӣ низ тамоми  шароитҳои лозима муҳайё карда шудааст.  Беморхона  аз шуъбаю бахшҳои мухталифи соҳавӣ  иборат буда, имрӯзҳо ба мардуми ниёзманд  аз ҷониби табибони варзида бо сифати баланд кӯмаку хизматҳои тиббӣ, расонида мешавад.   

Беморхона то ба имрӯз бо як қатор  муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ ва хориҷ аз  кишвар,  аз ҷумла, бо муассисаҳои тандурустии Федератсияи Россия, Белорус, Шветсария, Олмон ва дигар давлатҳо ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. 

Ёдовар мешавем, ки дар баробари таъсис ёфтани Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои густурда байни беморхона ва донишгох ва ҳамзамон  ба  роҳ мондани амалиётҳои гуногуни ҷарроҳӣ дар ин беморхона, мутобиқи    супориши шифоҳии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,   зери роҳбарии профессор Убайдулло Қурбон – ректори ДДТХ гуруҳи сайёр аз ҳисоби табибони ботаҷрибаи Шуъбаи микроҷарроҳии реконструктивӣ ва пластикии Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳои Беморхони клникии щаҳрии №5  аз 14 – ум феврали соли ҷорӣ  ташкил шуда,  барои иҷрои амалиётҳои ҷарроҳии реконструктивӣ ва барқарорсозӣ  дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара, бо муваффақият фаъолият намуда истодаанд.

Бояд қайд намуд, ки то имрӯз  дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара ҷарроҳиҳои реконструктивӣ ва барқарорсозӣ дар сатҳи баланд анҷом дода шуда, дар ин давом 68 амалиёти ҷарроҳӣ  бомуваффақият гузаронида шудааст. Чунончӣ, аз теъдоди умумии беморон  47 нафар бо нишондодҳои тиббӣ, 9 нафар бо нишондодҳои эстетикӣ ва 8 нафар бо нишондодҳои омехта бо ташхисҳои зерин амалиёти  ҷарроҳӣ шудаанд; 35 нафар  бо деформатсияҳои постравматикии бинӣ ва миёндевор,   5 нафар бо  деформатсияҳои модарзодии бинӣ, 2 нафар бо  бинии бузург (гигантоназия), 1 нафар деформатсияи пас аз ҷарроҳии скарии лаби боло,  7 нафар бо контрактураҳои пас аз сӯхтагии андомҳо,  1нафар  бо     скари кашандаи постравматикии ҷоғи поён аз тарафи рост  ва  бо дигар намудҳои ҷарроҳӣ. 

    Тибқи маълумоти табибони мазкур, қайд карда мешавад, ки  дар марҳилаи пас аз ҷарроҳӣ дар тамоми ҳолатҳо оризаҳои хосу ғайрихоса ҷой надоштанд.  Пас аз анҷоми ҷарроҳиҳои мазкур ҳамарӯза  то ба 10 нафар эҳтиёҷмандон, ки минбаъд табобат ва ё ҷарроҳӣ мегарданд, аз тарафи аъзои гуруҳ маслиҳатҳои муфид дода мешавад.

    Роҳбарияти донишгоҳ ба маъмурияти Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии Данғара, ба хусус сардухтури он номзади илмҳои тиб, Шамсзода Х,  ҷиҳати фароҳам овардани шароити муносиб ба гуруҳи табибони микроҷарроҳ, ки онҳо дар навбати худ бо маҳорати касбиашон ба аҳолии ноҳияи Данғара ва дигар истиқоматкунандагони вилоят кӯмакҳои  ройгон мерасонанд,  изҳори миннаторӣ ва қаноатмандии хоса изҳор менамояд.

     Дар   воқеъ,  ин тарзи ҳамкорӣ боиси дастгирӣ буда, кормандони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар минбаъда низ доранд чунин таҷрибаҳои ҳамкориро бо беморхонаҳои вилояти Хатлон  идома диҳанд.

Шуъбаи таҳлил, назорат
ва робита бо ҷомеаи ДДТХ

89733 comments 107411 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Шарҳ

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид