Санаи 2 – юми майи соли равон даври аввали имтиҳоноти қабули довталабон ба Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар мактаби Президентӣ, воқеъ дар ноҳияи Данғара баргузор гардид, ки дар он 1540 дар сади довталабон дар имтиҳон иштирок намуданд. Қайд карда мешавад, ки фаъолияти Комиссияи қабули ДДТХ аз 1 – уми апрел оғоз гардида, то 30-юми апрели соли ҷорӣ идома ёфт. Дар муддат довталабон аз 60 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба донишгоҳ ҳуҷҷат супоридаанд.
Тибқи маълумотҳо аз аввали мавсим то 30 – уми апрели соли равон дар маҷмуъ, 1633 нафар ҳуҷҷат супоридааст, ки нисбат ба нақшаи қабул 4,5 маротиба зиёд мебошад. Аз ин шумора 1117 нафар (62,3%), ба факултети тиббӣ 417 нафар (25, 5%) ба факултети педиатрӣ ва 199 нафар (12, 2%) ба факултети стоматологӣ ҳуҷҷат супоридааст.
Аз теъдоди умумии довталабон 1097 нафар (67, 2% ) тариқи буҷавӣ ва 536 нафар ( 32, 8%) тариқи таҳсили шартномавиро интихоб намудаанд.
Аз рафти имтиҳонот вазири маориф ва илми ҶТ, Н.Саид, сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фармасевтӣ, сиёсати кадрӣ ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ С. Юсуфӣ, раиси ноҳияи Данғара М. Сайдализода дидан намуда, аз корҳои омодагию ташкилии Комиссияи қабули донишгоҳ изҳори қаноатмандӣ намуданд. Лозим ба қайд аст, як гуруҳ устодони варзида аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино низ барои гузаронидани имтиҳон даъват гардида буданд, ки бо кӯмаку дастгирии онҳо сатҳи баланди имтиҳон таъмин гардид.
Ёдовар мешавем, ки мутобиқи қоидаҳои қабул довталабоне, ки холҳои гузаришро аз имтиҳони тестӣ комёб мегарданд ба даври дуюми имтиҳон роҳхат меёбанд.