Пас аз ҷамъбасти имтиҳони тестӣ, барои дида баромадани арзу шикоятҳои довталабон тибқи Қоидаҳои қабул комиссияи апеллятсионӣ, ки аз ҳисоби омӯзгорони тахассусии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Комиссияи қабули ДДТХ, қаблан бо фармони ректори донишгоҳ профессор У.Қурбон таъсис дода шуда буд, имрӯз санаи 04 – уми майи соли равон, мутобиқи эълонҳои қаблӣ апеллятсияи натиҷаи имтиҳони тестӣ дар мактаби Президентии ноҳияи Данғара баргузор гардид. Маълум карда мешавад, ки ба Комиссияи аппелятсионӣ наздики 50 нафар довталаб бо ариза муроҷиат намуданд, ки аризаҳои онҳо дар ҳузури довталабон ва волидайни онҳо баррасӣ карда шуд, Дар натиҷа аз ҷониби комиссия хатогиҳо аз баҳогузории имтиҳон ошкор нашуда, балки сабабу омилҳо ва хатогии худи довталабон маълум карда шуд. Дар маҷмуъ холҳои бадастовардаи довталбони муроҷиат намуда аз имтиҳони тестӣ, бетаъғир боқӣ монд.
Комиссияи қабул