Ба таваҷҷуҳи довталабони ДДТХ расонида мешавад, ки даври якуми имтиҳоноти қабул, ки ба таври тестӣ гузаронида мешавад, соати 07:00 – субҳи 02 – юми майи соли 2016 дар Муассисаи таълимии давлатии мактаби Президентӣ, воқеъ дар ҷамоати Корези н. Данғара баргузор мегардад.
Хотиррасон карда мешавад, ки довталаб бояд бо худ шиноснома ва дастхат (дастхат ба довталабоне дода шудааст, ки ў ба комиссияи қабули донишгоҳ ҳуҷҷат супоридааст) дошта бошад.
Маълумот дар бораи имтиҳони тестӣ
Имтиҳон аз ду қисм – тестӣ ва хаттӣ иборат буда, аз 3 блоки фанҳои таълимӣ; химия, биология ва физика – математика таркиб ёфтааст:
• блоки I – иборат аз 40 савол аз фанни химия, ки 30-тои он ба шакли саволҳои тестии пўшида ва 10-тои он ба шакли саволҳои тестии кушода (беҷавоб) мебошад ва ба ҳар як саволи дурусти саволҳои тестии пўшида мутаносибан 2,0 хол ва ба ҳар як саволи тестии кушода 3,0 хол муқаррар шудааст;
• блоки II – иборат аз 40 савол аз фанни биология, ки 30-тои он ба шакли саволҳои тестии пўшида ва 10-тои он ба шакли саволҳои тестии кушода (беҷавоб) мебошад ва ба ҳар як саволи дурусти саволҳои тестии пўшида ва кушода мутаносибан 2,0 холӣ муқаррар шудааст;
• блоки III – иборат аз 20 савол аз фанни физика ва математика, ки 10-тои он (аз фанни физика) ба шакли саволҳои тестии пўшида ва 10-тои он ба шакли саволҳои тестии кушода (5 савол аз физика ва 5 савол аз математика) мебошад ва ба ҳар як саволи дурусти саволҳои тестии пўшида ва кушода мутаносибан 2,0 холӣ муқаррар шудааст;
Дар маҷмўъ довталаб метавонад аз имтиҳони тестӣ то 210 холро ба даст орад.
Санҷиши тестӣ вобаста ба интихоби довталаб (ҳангоми супоридани ҳуҷҷатҳояш ба комиссияи қабули донишгоҳ) бо забонҳои давлатӣ ва русӣ баргузор мегардад.
Дар сурати аз як блоки тестӣ нагирифтани ягон хол (0) баҳои тестӣ дар маҷмўъ ғайриқаноатбахш ҳисобида мешавад.
Довталабоне, ки ба имтиҳони қабул ҳозир нашудаанд, баҳои ғайриқаноатбахш гирифташуда ҳисобида мешаванд.
Довталабоне, ки ба раванди қабули имтиҳонҳо халал мерасонанд, тартиботи дохилиро вайрон мекунанд ва аз воситаҳои мухталифи дар имтиҳон манъгардида истифода мекунанд, аз имтиҳон хориҷ карда мешаванд.