Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, ки бо қабули 350 нафар донишҷӯ соли ҷорӣ ба фаъолият шуруъ менамояд, бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Тавре ки Сарвари давлат дар Паёми имсола таъкид намуданд, «…то ҳанӯз нарасидани мутахассисони соҳаи тиб дар як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба мушоҳида мерасад. Вазъи таъминот бо кадрҳои тиббӣ, хусусан, дар вилояти Хатлон нигаронкунанда аст. Дар ин вилоят, ки аҳолиаш беш аз 3 миллион нафарро ташкил медиҳад, ба 10 ҳазор нафар аҳолӣ 11,3 нафар табиб рост меояд, ки дар муқоиса бо дигар вилояту шаҳрҳои кишварамон нишондиҳандаи хеле паст мебошад.»
Ҳамин тавр, бо назардошти афзоиши аҳолии мамлакат ва қонеъ намудани талаботи кишвар ба мутахассисони соҳаи тиб, боз як муассисаи таҳсилоти олии касбии тиббӣ дар вилояти Хатлон таъсис дода шуд.
Дигар аз ҳадафҳои ҳукумати кишвар истифодаи дуруст ва фаровони технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи тиб мебошад. Агарчӣ солҳои охир дар муассисаҳои тиббии кишвар таҷҳизоти замонавӣ васеъ ворид гардида, сатҳи ташхису табобати беморон низ беҳтар шудааст, аммо ихтисосмандони болаёқат, ки технологияҳои муосири тиббиро пурраву самаранок истифода бурда тавонанд, хеле каманд. Бинобар ин, Донишгоҳи навтаъсис дар баробари таълим, кӯшиш менамояд ихтисосмандони тавоноро дар ин самт омода намояд. Баҳои баланди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳрии Тоҷикистон ба мутахассисони соҳаи тибби кишвар, ки зинаи аввали омӯзишро дар Донишгоҳи тиббӣ гузаштаанд, боиси ифтихори мо мебошад, ки гуфтаанд: «Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки имрӯз мутахассисони соҳаи тибби мо бо истифода аз имкониятҳои муҳайёкардаи Ҳукумат корро дар баъзе самтҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ ба роҳ мондаанд. Дар натиҷа имрӯз барои ташхис ва табобат ба кишварҳои хориҷӣ рафтани шаҳрвандони мо хеле кам шудааст.»
Ин боварии сарвари давлатро Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон низ бомасъулият ба уҳда гирифта,бо истифода аз таҷрибаи васеи кормандон, барои омода намудани мутахассисони сатҳи олии соҳаи тибби кишвар, талош меварзад.
Шӯъбаи таҳлил назорат ва робита бо ҷомеа