Дар он сардори шуъбаи таълим н.и.х. Усмонова У.Х., мудири кафедраи забонҳо н.и.ф. Қурбонмамадов С.Х., мудири кафедраи ҷомеашиносӣ н.и.ҷ. Гулов А.А., омӯзгорони кафедраи забонҳо Отахонов Р.Х., Қурбонов Х.Ш., омӯзгорони кафедраи биологияи тиббӣ ва химия Султонмамади Г., Иброҳимов Р., Шарипова Ҳ., сармутахассис оид ба назорати сифати таълим Одинаев С.П. ширкат намуданд. Мавзӯи дарс «Ҷумлаи мураккаби тобеъ дар забони русӣ» буд Дар рафти дарс порчаҳои шеърӣ аз эҷодиёти А.С.Пушкин, Ю.Лермонтов ва ғайра қироат карда шуданд. Барои таҳкими дарс порчаи матн аз романи Ю.Герман «Дело которому ты служишь» баррасӣ карда шуд, ки аз ҳаёт ва корнамоиҳои табибон ҳикоят мекунад.
Дар ҷамъбасти дарс сармутахассис оид ба назорати сифати таълим Одинаев С.П. баромад карда, бори дигар зарурияти омӯзиши забони русиро таъкид намуда, қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳтироми забони модарӣ ва зарурияти омӯзиши забонҳои русию англисиро, махсусан, барои ҷавонон пайваста таъкид менамояд. Ах ин рӯ, омӯзиши ин забонҳоро боз ҳам амиқтаро фаро гирифтани донишҷӯён зарурият ва тақозои замон аст.
Шуъбаи таълимКафедраи забонҳо