Раёсати донишгоҳ ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои амалӣ андешида, бахшида ба ин сана корҳои назаррасеро ба иҷро расонид. Тибқи нақшаи дарсҳои тарбиявӣ дар ҳамаи гурӯҳҳои академӣ аз ҷониби кураторон мавзуъҳои “23-юми феврал-рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Артиш-пояи устувори давлат”, “Аз таърихи Артиши миллӣ” бо донишҷӯён гузаронида шуданд.
Дар кафедраи тибби ҳарбӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Ҳомиёни Ватан” доир гардид, ки дар он ҳайати кафедра ва донишҷӯёни курсҳои сеюм ва чоруми факултети тиббӣ, педитарӣ ва стоматологӣ иштирок намуданд. Ҳамзамон, ҳайати кафедра бо ҳамроҳии донишҷӯён дар чорабинии тантанавии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара, ки санаи 21-уми феврал дар Қасри фарҳанги ноҳия баргузор гардид, ширкат варзиданд.
Дар монитори калони дар саҳни донишгоҳ насбгардида шиору наворҳои дорои мазмуни ифтихор аз Ватану миллат, сулҳу амонӣ, имконияту шароитҳои қисмҳои ҳарбӣ, ҳимояи марзу бум ва амсоли инҳо намоиш дода шуданд. Дар дастгоҳи электронии даврзананда шиорҳои “23-юми феврал-Рӯзи Артиши миллӣ”, “Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак”, “Мо - ҳомиёни Ватан” насб ва фаъол карда шуданд. Ҳамзамон, дар саҳни донишгоҳ Парчамҳои хурду бузург насб гардиданд. Аз ҷониби бахши хоҷагидорӣ гирду атрофи донишгоҳ бо ташкили ҳашарҳо тозаву озода карда шуд.
Санаи 21-уми феврал дар толори фарҳангии донишгоҳ бо иштироки зиёда аз ҳазор нафар ҳайтаи профессорону омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандони донишгоҳ маҷлиси тантанавӣ ва барномаи фарҳангии аҳли адабу ҳунари донишгоҳ доир гардид.
Дар ҷаласаи тантанавӣ сухани табрикотии Ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон, маърузаи омӯзгори кафедраи тибби ҳарбӣ, прапоршики калон Анварзода С. дар мавзуи “Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон-рукни давлатдории миллӣ” ва маъруза-презентатсияи донишҷӯи курси дуюми факултети педиатрӣ Тиллоева Ш. дар мавзуи «Аз таърихи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” шунида шуд.
Қисмати фарҳангии чорабинии донишгоҳ бо композитсияи адабӣ-мусиқии дастаи ҳунарии “Дурахшон”-и донишгоҳ таҳти унвони “Нома ба марзбонон” шуруъ гардид. Дар идомаи чорабинӣ суруду тарона ва оҳангҳои ватандӯстонаи аҳли ҳунар, ки тараннумгару инъикоскунандаи сулҳу амонӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ, ҳифзи марзу бум, шуҷоату матонати афсарону сарбозон буданд, пешкаши ҳозирин гардонида шуданд. Рақсҳои мавзуну дилкаши аҳли ҳунари донишгоҳ ба чорабини ҳусни дигар зам намуд.
Хабарнигори сомона.