Санаи 20-уми феврали соли 2025 дар боғи фарҳангӣ-фароғатии “Хуррамшаҳр”-и ноҳияи Данғара Фестивали “Садранги чакан” ва озмуни “Кадбонуи беҳтарин” баргузор гардид, ки намояндагони донишгоҳ низ дар он фаъолона ширкат варзиданд.
Донишҷӯдухтарон бо ба бар кардани намудҳои гуногуни либоси чакан, ки муаррифгари фарҳанги миллати тоҷик ба шумор меравад, дар намоиши либосҳои аз чакандухташуда иштирок намуданд ва ба ин васила дар тарғибу ташвиқи либоси миллӣ саҳмгузор гардиданд.
Ҳамзамон, дар ин рӯз озмуни “Кадбонуи беҳтарин” низ доир карда шуд. Озмун дар асоси шартҳои қаблан таҳиякардашуда баргузор ва натиҷагирӣ карда шуд. Донишҷӯёни донишгоҳ бо роҳбарии сардори шуъбаи тарбия ва фарҳанг ва Раиси шурои занон ва духтарон таомҳои гуногуни миллии қадима ва имрӯз, тарзи тайёр намудан ва муаррифии як намуд хуроки миллӣ, маҳсулоти нонӣ ба монанди кулча, чаппотӣ, фатир, гирдача ва ширинию кулчақандҳои гуногунро пешкаши ҳакамон ва иштирокчиён намуданд.
Барои иштироки фаъолона дар Фестивали “Садранги чакан” ва озмуни “Кадбонуи беҳтарин” Раёсати ДДТХ бо “Сипоснома”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара қадрдонӣ гардид.
Хабарнигори сомона