Санаи 14 феврали соли 2025 дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон вохӯрии номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Данғара №36 - Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ бо интихобкунандагон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ раиси Комиссияи ҳавзаи интихоботии якмандатаи Данғара №36 - Абдуллозода Қурбоншо, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара - Сайдализода Садриддин Достӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, раиси Комиссияи ҳавзаи интихоботии якмандатаи Данғара №36 – Абдуллозода Қ. вобаста ба мақсади баргузории вохӯрӣ бо ҳайати профессорону омӯзгорони ДДТХ, Коллеҷи тиббии ДДТХ дар ноҳияи Данғара ва кормандону донишҷӯён сухан намуд. Сипас шахси боэътимоди номзади пешбаришуда – Холзода Ш.И. оид ба ҳаёт ва фаъолият, ҳадафу мақсад дар самти татбиқи сиёсати давлатӣ, ки дар Барномаи пешазинтихоботии номзад инъикос ёфтааст, баромад кард.
Дар навбати худ, номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Данғара №36 - Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ дар бораи Барномаи пешазинтихоботии худ бо интихобкунандагон суҳбат намуд.
Аз номи Раёсати донишгоҳ муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг дотсент Қурбонмамадов С.Х. дигарбора меҳмононро ба ин боргоҳи маърифат хайра мақдам гуфт ва иштироки фаъолонаи ҲПО ва донишҷӯён дар ин маъракаи муҳимми сиёсиро таъкид намуд.
Дар маҷмуъ, баромадкунандагон зимни суханрониҳои худ перомуни муҳиммияти маъракаи интихобот ва нақши он дар ташаккули давлатдории миллӣ, дастоварду пешравиҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ таҳти сарварӣ ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, фазои сулҳу ороми кишвар, таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ, ҳимояи манфиатҳои давлату миллат, ҳифзи марзу буми кишвар, таъмини амнияти шаҳрвандон, дастовардҳои соҳаи тандурустӣ ва маорифи мамлакат, таваҷҷуҳи хосаи Роҳбари давлат ба қишри ҷавони ҷомеа, шароиту имкониятҳои фароҳамовардашудаи Ҳукумати мамлакат барои таҳсил ва илмомӯзӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ибрози назар намуданд.
Дар ҷамъбасти вохӯрӣ аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки санаи 2-юми марти соли 2025 дар интихоботи навбатии Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ фаъолона ширкат варзида, бо додани раъйи худ ба номзадҳои арзанда дар рушду пешрафти минбаъдаи кишвари азизамон-Тоҷикистон саҳми сазовори худро гузоранд.
Хабарнигори сомона.