Санаи 5-уми феврали соли 2025 дар толори Шурои олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо доираи васеи хабарнигорон нишасти хабарӣ баргузор гардид.
Нахуст Ректори ДДТХ, д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ҳайати хабарнигоронро ба донишгоҳ хайра мақдам гуфтанд ва аз фаъолияти донишгоҳ дар 6 моҳи охир маълумотро пешниҳод намуданд.
Аз ҷумла қайд намуд, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2016, таҳти №79 бо назардошти афзоиши аҳолии мамлакат ва қонеъ намудани талаботи кишвар ба мутахассисони соҳаи тиб, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, соли нуҳум аст, ки фаъолият менамояд.
Айни ҳол донишгоҳ дар тавозуни худ биноҳои таълимию маишӣ ва маъмуриро доро мебошад. Иншооти донишгоҳ аз 3 бинои таълимӣ, 3 бинои хобгоҳ (донишҷӯён ва омӯзгорон), биноҳои ёрирасон ва майдони варзишӣ иборат мебошад. Таълиму тадриси донишҷӯён дар бинои таълимӣ ва дар 5 пойгоҳҳо: Беморхонаи марказӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара, Беморхонаи вилоятии бемориҳои сироятӣ, Маркази санитарию эпидемиологии ноҳияи Данғара ва Маркази тиббии бисёрсоҳавии ноҳияи Данғара ба роҳ монда шудааст. Дар маҷмуъ, дар соли 2024 масоҳати умумии биноҳои таълимии донишгоҳ ба 39 550 м2 расида, аз ин миқдор 24 952 м2 –и онро масоҳати муфиди таълимӣ ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои меъёрӣ (1:9м2) 2м2 зиёд мебошад. Дар биноҳои таълимии донишгоҳ 168 синфхона, 4 синфхонаи компютерӣ, 2 толори хониш, 5 толори маҷлисӣ, 20 толори лексионӣ, 1 толори фарҳангӣ, 24 озмоишгоҳи кафедравӣ, 1 китобхонаи электронӣ бо лавозимоти таълимӣ - озмоишӣ мавриди истифода қарор дода шуда буд. Дар маҷмуъ дар донишгоҳ барои 7500 ҷой шароит муҳаё гардидааст.
Корҳои сохтмонии 2 бинои таълимӣ ва 1 бинои хобгоҳ барои донишҷӯён бо маром идома дошта, тибқи нақша дар соли таҳсили 2025 -2026 мавриди истифода қарор дода хоҳанд шуд.
Дар соли 2024, аз рӯи маълумотҳои оморӣ, шумораи умумии омӯзгорону кормандони ДДТХ аз 402 нафар иборат буд. Аз шумораи умумии кормандон 199 нафар ё худ 49,5% -ро ҳайати профессорону омӯзгорон ташкил дода, аз ин шумора 146 (73,3%) нафарашро ҳайати профессорону омӯзгорони асосӣ ташкил медод.
Теъдоди умумии донишҷӯён аз 2604 нафар иборат буд. Аз ин шумора, донишҷӯёни факултети тиббӣ 1227 (47,1%) нафар, факултети педиатрӣ 861 (33,1%) нафар, факултети стоматологӣ 417 (16%), факултети тиббӣ-профилактикӣ 49 (1,8%) нафар ва факултети фармасевтӣ 50 (1,9%)- ро ташкил додааст. Аз шумораи умумии донишҷӯён 811 (31,1%) нафар тариқи буҷавӣ ва 1793 (68,9%) нафар дар гурӯҳи шартномавӣ таҳсил менамуданд. Теъдоди духтарон 757 (29,1%) нафар ва писарон аз 1847 (70,9 %) нафар иборат буд. Донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ 121 (4,6%) нафарро ташкил медод. Дар байни донишҷӯён 15 (0,57%) нафар ятими кулл ва 18 (0,7%) нафар маъюби гурӯҳи 2 таҳсил менамуданд. Миқдори гурӯҳҳои академӣ аз 127 адад иборат буда, аз ин миқдор 42 (33%) гурӯҳ бо забони тоҷикӣ ва 85 (67%) гурӯҳ бо забони русӣ таҳсил менамоянд.
Дар зинаи таҳсилоти баъдаздипломӣ дар донишгоҳ теъдоди аспирантҳо аз 1 нафар, унвонҷӯён аз 16 нафар, доктарантҳо аз 2 нафар, интернаҳои клиникӣ аз 31 нафар ва ординаторони клиникӣ аз 71 нафар иборат буд.
Зикр карда шуд, ки дар соли 2024 аз ҷониби раёсати донишгоҳ дар самти корҳои таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ, муолиҷавӣ ва хоҷагидорию байналмилалӣ корҳои назаррас ба сомон расонида шуданд. Ректори донишгоҳ дастовардҳои дар ин самт бадастовардаи донишҷӯёну кормандон ва ҳайати профессорону омӯзгоронро бо мақому арзиш ва сифату арзёбиашон ба самъи хабарнигорон расонид.
Дар навбати худ хабарнигорон вобаста ба фаъолияти донишгоҳ, сатҳу сифати таълим, дараҷаи илмии омӯзгорон, фаъолияти илмӣ, тарбиявӣ, муолиҷавӣ ва хоҷагидории донишгоҳ, равобити байналмилалӣ, нақшаи қабули донишҷӯен, таъсири шароитҳои фароҳамовардашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сатҳу сифати таълим, дурнамои донишгоҳ ва дигар масъалаҳо саволҳо пешниҳод намуданд ва аз ҷониби Ректори донишгоҳ посухи мушаххас гирифтанд.
Хабарнигори сомона.