Санаи 27-уми январи соли 2025 ҷаласаи навбатии Шурои кураторон баргузор гардид. Ҷаласаро Раиси Шурои кураторон, муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг, н.и.ф., дотсент Қурбонмамадов С.Х. оғоз бахшид ва дар баробари масъалаҳои дигари дар рӯзнома дарҷгардида, ҳамзамон, оид ба масъалаи “Баррасӣ ва омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ “ сухан намуд.
Раиси Шурои кураторон зимни баррасии Паём иброз дошт, ки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар бо тамоми паҳлуҳо ва нозукиҳояш бо факту далелҳои раднашванда аз ҷониби Пешвои муаззами миллат таҳлилу натиҷагирӣ гардид ва дар баробари ин, барои ояндаи неку дурахшони Тоҷикистони азизамон дастуру супоришҳо ба масъулин дода шуд.
Боиси ифтихор аст, ки Президенти мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва тандурустӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд ва рушду нумуъ бахшидани соҳаҳои мазкурро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат ва роҳбарони сохторҳои соҳа мешуморад. Пешвои муаззами миллат иброз доштанд, ки: “Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд... Соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард. Ҳоло шумораи ин муассисаҳо ба 48 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст...”.
Албатта, чунин дастгириву чораандешиҳои пайвастаи соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароиту имкониятҳои муосир барои донишадӯзиву тарбияи насли нав шоистаи таҳсин аст ва тамоми ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳамонро зарур аст, ки бо дарназардошти чунин оморҳои дақиқу шароитҳои хуби корӣ, таълиму тарбияи донишҷӯёнро боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ монем.
Дар баробари зикри дигар омор ва далелҳои дар Паём садода, инчунин, Раиси Шурои кураторон аз дастгирӣ ва диққати ҷиддӣ додани давлат ва ҳукумат ба соҳаи тандурустии кишвар андешаронӣ намуд ва аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём иқтибос овард, ки: “...Дар соли 2025-ум барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 840 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Тайи чанд соли охир мо бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро, ки кормандони он дар шароити бисёр номусоид фаъолият мекарданд, инчунин, биноҳои ду муассисаи бузурги таҳсилоти олии тиббӣ – Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббӣ дар вилояти Хатлонро бо беҳтарин шароит бунёд карда, ба истифода додем...”.
Ќайд гардид, ки бо дарназардошти чунин таъкидҳои Пешвои миллат, моро зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани савияи дониш, маҳорату малака, таҷрибаву кордонӣ ва ба талаботи замон ҷавобгӯ будани табибони оянда аз роҳу усулҳои беҳтарин истифода барем ва дар пешрафти рӯзафзуни соҳаи тандурустии кишвар бо ба воя расонидани мутахассисони ояндаи тиб саҳмгузорӣ намоем.
Дар ҷамъбасти масъалаи мазкур, ба деканҳои факултетҳо, мудирони кафедраҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ ва тамоми кураторони гуруҳҳои академӣ супориш дода шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соатҳои тарбиявӣ ва ҷаласаҳои сохторї мавриди омӯзиш қарор дода шавад.
Хабарнигори сомона.