Санаи 25-уми январи соли 2025 ҷаласаи навбатии Шурои олимон доир карда шуд. Раиси Шурои олимон д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон, бо кушодани ҷаласа, аъзои Шуроро бо масъалаҳои баррасишавандаи рӯзнома шинос намуд.
Қабл аз баррасии масъалаҳои рӯзнома Раиси Шурои олимон мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ, н.и.ф. Гулов А.А. ва муовини сардори мудофиаи шаҳрвандӣ дар ДДТХ Насруллоев Д.-ро бо ҷашни зодрӯз аз номи аъзои Шурои олимон табрику таҳният намуд.
Сипас, тибқи рӯзнома масъалаҳо баррасӣ гардиданд. Вобаста ба масъалаи якуми рӯзнома “Ҳисобот оид ба фаъолияти муовинати муолиҷавии ДДТХ дар соли 2024” муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ, н.и.т. Шокирӣ У.Ғ. баромад намуда, аз дастовардҳою муваффақият ва дурнамои фаъолияташон маълумоти муфассал манзур намуд. Дар навбати худ, Раиси Комиссияи санҷишӣ н.и.ф. Қурбонмамадов С.Х., ки тибқи фармоиши Ректори донишгоҳ барои санҷиши фаъолияти муовинат комиссия таъсис дода шуда буд, оид ба фаъолияти назарраси муовинат, дастовардҳою комёбиҳо, инчунин, камбудиву норасогии муовинат маълумотро пешниҳоди ҳозирин гардонид. Пас аз таҳлилу баррасии ҳисоботи муовинат фаъолияти муовинати муолиҷавӣ дар соли 2024 қаноатбахш арзёбӣ гардид.
Дар масъалаи дуюм сармуҳосиби донишгоҳ Шарипов Ғ. оид ба иҷрои сметаи даромад ва хароҷотии маблағҳои буҷетӣ ва хусусии ДДТХ дар соли 2024 маълумоти таҳлилшуда ва асоснок пешниҳод намуд.
Масъалаи сеюми рӯзномаро “Маълумот оид ба тайёрии шуъбаи таълим, деканатҳо ва кафедраҳои ДДТХ ба нимсолаи дуюми соли таҳсили 2024-2025” ташкил дод, ки ваколатдори шуъбаи таълим Эргашев Х.Ю. маълумотномаро манзури аъзои шуро гардонид. Қайд гардид, ки барои оғози нимсолаи дуюми соли таҳсил тамоми чораҳои амалӣ андешида шуданд, ҷадвали дарсӣ ба пуррагӣ омода шудааст, кафедраҳои донишгоҳ вобаста ба бастҳои кориашон ягон мушкилӣ надоранд, синфхонаҳои таълимӣ бо мизу курсӣ, таҳҷизоти техникӣ таъмин аст, деканатҳои факултет низ тамоми корҳои вобаста ба оғози нимсолаи дуюми соли таҳсилро ба анҷом расонидаанд.
Дар масъалаи сеюми рӯзнома директори Китобхонаи донишгоҳ Ҳалимов М.А. “Дар бораи фаъолияти китобхона дар соли таҳсили 2024-2025” маълумоти пурраро пешниҳод намуд. Қайд гардид, ки миқдори китобҳои чопӣ ва электронӣ бо дастгирии Раёсати донишгоҳ ва вазоратҳои дахлдор сол ба сол зиёд шуда истодааст. Шумораи ҷойи нишаст ва миқдори адабиёт дар китобхона ба меъёрҳо мутобиқат менамояд. Барои истифода аз махзан ва пойгоҳҳои электронӣ масъулони китобхона тамоми чораҳои амалиро андешидаанд.
Вобаста ба масъалаҳои баррасигардида Раиси Шурои олимон нуқтаву назари худро пешниҳод намуд ва ба роҳбарони сохторҳо барои иҷрои вазифаҳо ва уҳдадориҳояшон як қатор супоришҳо доданд.
Дар масъалаи ҷорӣ, фармоиши ректор оид ба таъин намудани н.и.п. Шарипов Алишер Файзуллоевич ба вазифаи иҷрокунандаи мудири кафедраи забонҳо қироат гардид. Барои боз ҳам баланд бардоштани фаъолияти кафедраи мазкур Раиси шуро ба Шарипов А.Ф. дастурҳои мушаххас доданд.
Ҳамзамон, дар масъалаи ҷорӣ лоиҳаи Қарори Шурои олимон “Дар бораи тасдиқ намудани сохторҳои МДТ “Донишгоҳи давлатиии тиббии Хатлон”” (дар таҳрири нав) ва “Дар бораи тасдиқи Нақшаи кории Комиссияи доимамалкунандаи донишгоҳӣ оид ба танзими ҷашну маросимҳо барои соли 2025” пешниҳод ва тасдиқ карда шуданд.
Хабарнигори сомона.