Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
Monday, 25 November 2024 00:00

СЕМИНАРИ ИЛМЇ-АМАЛИИ БАЙНИДОНИШГОҲҲО «КИТОБХОНАИ МУОСИР: НАМУД ВА ТАҶРИБАҲОИ НАВ ДАР ХИЗМАТРАСОНӢ БА ХОНАНДАГОН»

                                                       

19 ноябри соли 2024 дар китобхонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон семинари илмӣ-амалии байнидонишгоҳҳо таҳти унвони «Китобхонаи муосир: намуд  ва таҷрибаҳои нав дар хизматрасонӣ ба хонандагон» гузаронида шуд. Дар семинар роҳбарони китобхонаҳои макотиби олӣ ва роҳбарони китобхонаҳои коллеҷҳои тиббӣ даъват гардида буданд.

Сараввал муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанги ДДТХ дотсент Ќурбонмамадов С.Х. ба семинар ҳусни ифтитоҳ бахшида, баргузории чунин семинари илмӣ-амалиро иқдоми бузурге дар рушди фаъолияти китобдорӣ дар ҷумҳурӣ арзёбӣ намуд.

Дар рафти семинар маърузаи н.и.п., профессор, ходими калони илмии Пажуҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Комилзода Ш. дар мавзуи «Шахсияти худро гум накардан  ё китобхонаи муосир бояд чӣ гуна бошад. Фаъолияти китобхонаҳо дар шароити нав: имкониятҳо ва татбиқи онҳо», маърӯзаи дотсенти кафедраи  китобхонашиносӣ ва библиографияшиносии  МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон  ба номи М.Турсунзода» Маҳмудов Г. дар мавзуи «Мутахассиси китобхона, ӯ имрӯз чӣ гуна аст: портрети китобдори муосир», маърӯзаи  декани факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон  ба номи М.Турсунзода» Зафари Шариф дар мавзуи «Сиёсати китобдории даврони Истиқлолият: Натиҷаҳо ва самтҳои афзалиятнок», маърӯзаи мутахассиси пешбари китобхонаи  ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино Миралиева Зуҳро, маърӯзаи  мудири китобхонаи МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон” Ҳалимов М.А., маърузаи оператори барномаҳои ситемавии компютерии  ДДТХ Қурбоналиев А.А.  пешкаши ҳозирин гардонда шуданд.

                                                      

 

 

Мутахассисони сохаи китобдорӣ ба фаъолияти китобхонаи МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон” ва гузаронидани пурсишномаҳо вобаста ба фаъолияти китобхонаи худ баҳои баланд дода, қайд намуданд, ки фаъолияти китобхонаи ДДТХ бо китобхонаи ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино ҳампаҳлӯ буда, барои донишомӯзии донишҷуён корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд.

Дар ҷамъбасти кори семинар иштирокчиён аз сатҳи баланди баргузории семинар ва шароиту имкониятҳои китобхонаи донишгоҳ изҳори қаноматмандӣ намуданд. Ҳамзамон, пешниҳод намуданд, ки чунин семинар дар дигар китобхонаҳои донишгоҳҳо низ роҳандозӣ гардад ва дар оянда ҳам тариқи  of-line  ва ҳам on-linе ин гуна семинар ба роҳ монда шавад.

Китобхонаи донишгоҳ.

Хондан 117 times Last modified on Monday, 25 November 2024 03:10

1 comment

Leave a comment

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид