Санаи 16-уми ноябри соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии тибии Хатлон чорабинии тантанавӣ ва фарҳангӣ-бадеӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ баргузор гардид.
Чорабинии тантанавиро Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон ҳусни оғоз бахшида, нахуст иштирокчиён ва дар шахсияти онҳо тамоми мардуми шарафманди миллати тоҷикро бо ин ду санаи муҳими таърихӣ табрику таҳният намуд. Дар идомаи суханронӣ аз хизматҳои шоён ва нотакрори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдор нигоҳ доштан ва рушди ҳамаҷонибаи давлату миллат ёдоварӣ намуд. Иброз дошта шуд, ки “...Таърих барои миллати тоҷик абармардеро бар сари қудрат овард, ки рукнҳои давлатдориро аз тамоми манфиатҳои шахсӣ волотар гузошт, зимоми давлатдориро ба дасти касе супурд, ки худ сарсупурдаи миллат буд. Ин рисолати басо бузургро маҳз дар он айёми бесарусомонӣ фарзанди фарзонаи миллат –муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист бар дӯш гирад ва содиқона ба иҷро расонад. Оре, бо шарофати Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон ва хизматҳои беқиёс ва камназири Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизамон сулҳу ваҳдати комил пойдор гардид”.
Дар идома муовини Раиси ноҳияи Данғара Ҳакимзода Зуҳро ба сухан баромада, перомуни таърихи давлатдории тоҷикон, бурду бохти миллати тоҷик дар шебу фарозони ҳаёт, расидан ба Истиқлолияту сулҳу ваҳдат, қаҳрамонӣ ва ҷоннисориҳои Пешвои муззами миллат дар сохтани давлат, дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудани Тоҷикистон чун як давлати соҳибистиқлол ва дигар паҳлуҳои хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо далелҳои муътамад ибрози андеша намуд.
Профессори фахрии донишгоҳ Должикова Валентина Андреевна дар мавзуи “О беспримерном подвиге ради страны и народа» маъруза намуда, дар бораи ҷоннисориҳои Пешвои миллатро дар баҳамоварии хилқи тоҷки ва пайдо намудани маҳбубият миёни ҷомеа ва берун аз он суханронӣ намуд.
Пас аз суханҳои табрикотӣ ва маърузаҳои пурмуътаво барномаи адабии дастаи ҳунарии “Дурахшон”-и донишгоҳ дар ҳамоҳангии кафедраи Анатомияи патологӣ, кафедраи фанҳои ҷарроҳии №1 ва кафедраи фанҳои ҷарроҳии №2 манзури тамошобинон гардонида шуд.
Барномаи фарҳангӣ бо композитсияи адабӣ-мусиқии “Президенти кишвар-маҳбуби ҳамагон” шуруъ гардида, сурудҳои ватандӯстона, таронаҳои инъикоскунандаи хизматҳои Пешвои миллат, суханҳои пурифтихор аз ватану миллат, рақсҳои мавзуну дилкаш идомабахши барномаи фарҳангӣ буданд.
Дар фарҷом, Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон ба аҳли ҳунару санъати донишгоҳ барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ изҳори сипос намуда, бори дигар таъкид намуданд, ки аз таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат нисбати соҳаи маориф ва тандурустӣ, аз чунин ватани ободу зебо, аз чунин Роҳбари хирадманду дурандеш, аз фазои тинҷу ободи кишвар ҳар лаҳзаву ҳар замон бояд шукрона намоем.
Хабарнигори сомона.