Ҳамкории байналмилалӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ба шумор рафта, баҳри баланд бардоштани сифати корҳои таълимӣ ва илмӣ вобаста ба равишҳои инноватсионӣ, фаъолияти донишгоҳро дар сатҳи байналмилалӣ дастгирӣ ва муаррифӣ менамояд. Инчунин, барои баланд бардоштани сатҳи омода намудани мутахассисон дар доираи корҳои илмию педагогӣ ва ҳифзи нигањдории тандурустии аҳолӣ мусоидат менамояд ва вобаста ба самти фаъолияти худ ба такмили хизматрасонии тиббӣ самаранок таъсир мерасонад.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи “BERNICA” аз моҳи феврали соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон амалӣ гардида истодааст ва дар доираи лоиҳаи мазкур якчанд сафарҳои омӯзишӣ анҷом дода шуд.
Ҳамзамон зикр кардан ба маврид аст, ки дар доираи лоиҳаи “Ташаккули иқтидори таълимӣ ва тадқиқотӣ дар соҳаи ғизо ва парҳез дар Осиёи Марказӣ”/БЕРНИКА, тағиротҳои мусбӣ ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани муносибатҳои минбаъда байни донишгоҳҳои аъзо идома ёфта истодааст.
Вохӯрии навбатии аъзоёни лоиҳа мувофиқи панҷумин маҷмӯи кории созишномаи умумӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон санаҳои 4-5-уми ноябр баргузор гардид, ки дар он профессор Гюлгюн Эрсой аз Донишгоҳи Медиполи Истанбул, профессор Бауржан Омаркулов аз Донишгоҳи тиббии Карагандаи Ҷумҳурии Қазоқистон, профессор Рабига Хожамкул аз Донишгоҳи миллии тиббии Қазоқистон, профессор Низом Эрматов аз Академияи тиббии Тошкант, н.и.т. Фирӯз Умаров ва Саддридин Пулатов аз Донишкадаи тиббии Бухоро иштирок намуданд.
Вохӯрии мазкур тибқи нақшаи генералии лоиҳа “Рӯзҳои байналмилалӣ” ном гирифтааст ва ҳар як иштирокчӣ дар мавзуъҳои марбут ба ғизои солим ва ғизо барои бемориҳои гуногун маъруза намуданд.
Равобити байналмилаии донишгоҳ.