Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
Thursday, 07 November 2024 00:00

ҲАМОИШИ ИЛМӢ ВА ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 30 СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДДТХ

             Санаи 5-уми ноябри соли 2024, дар толори калони донишгоҳ бо иштироки васеи аъзои Раёсат, ҳайати профессорону омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандон бахшида ба 30 солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ ва барномаи фарҳангӣ баргузор гардид.

Нахуст муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ дотсент Аҳмадиён Ш.Р. ҳамоиши илмиро ҳусни оғоз бахшид. Сипас барои қироати нутқи табрикотии Ректори ДДТХ, д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон бахшида ба 30 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханро ба муовини ректор оид ба илм ва нашрия дотсент Боронов Ҳ.А. дода шуд.

               







             








           

Дар идома, тибқи сенария ҳамоиши илмӣ давом ёфта, маърузаҳои  мутахассисон шунида шуданд. Мушовири ректор оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, профессори фахрии донишгоҳ Азизуллоев А.А. дар мавзуи «Конститутсия-ифодагари маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, мудири кафедраи ҷомешиносӣ н.и.ф. Гулов А.А. дар мавзуи «Конститутсия-ҳамчун рукни худшиносии миллӣ», ассистентони кафедраи ҷомеашиносӣ Муродова Т. ва Мардонова Н., донишҷӯйи соли аввали факултети педиатрӣ Асламова О. дар мавзуъҳои «Мафҳум ва моҳияти Конститутсия», «Конститутсия-бахтномаи миллат», «Конститутсия-эътимодномаи ҳуқуқу озодӣ» маърузаҳоро пешниҳоди ҳозирин намуданд.

Дар ҷамъбасти ҳамоиши илмӣ тибқи фармоиши Ректори донишгоҳ ғолибони озмуни донишгоҳии «Ҳуқуқдони беҳтарин», ки бахшида ба эълон гардидани «Соли 2024-соли маърифати ҳуқуқӣ» байни омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор карда шуд, бо мукофоти пулӣ, «Диплом»-и дараҷаи I, II, III ва Ифтихорномаи Ректори донишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд.

Пас аз ҷамъбасти ҳамоиши илмӣ барномаи фарҳангии аҳли ҳунари донишгоҳ ва дастаи ҳунарии «Дурахшон»-и донишгоҳ бахшида ба 30 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон манзури иштирокчиён гардонда шуд. Барномаи фарҳангӣ бо композитсияи адабӣ таҳти унвони «Конститутсия-шиносномаи миллат» оғоз гардида, таронаҳои мавзуни ватандӯстона, сурудҳои ифтихор аз ватану ватандорӣ, рақсҳои зебою дилнишин идомабахши чорабинии фарҳангӣ гардиданд.

Хабарнигори сомона.

Хондан 47 times Last modified on Tuesday, 12 November 2024 06:15

1 comment

Leave a comment

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид