Аз санаи 30-уми октябр то 2-юми ноябри соли 2024 муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг дотсент Қурбонмамадов С.Х. ва сардори шуъбаи равобити байналмилалӣ Назаров Р.И. дар “Конфронси солонаи Чин ва намоишгоҳи таҳсилоти байналмилалӣ дар соли 2024 (CACIE) иштирок намуданд. Чорабинӣ бо даъвати Ассотсиатсияи Чин оид ба мубодилаи байналмилалӣ дар соҳаи маориф (CACIE) ва дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии мардумии Чин ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар доираи конфронси мазкур намояндагони донишгоҳ, ҳамзамон, дар Форуми байналмилалии “Густариши ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти тибби Чин ва Осиёи Марказӣ” ширкат варзида, дотсент Қурбонмамадов С.Х. бо маърузаи “Ҳамкориҳои дуҷонибаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон (Тоҷикистон) ва Донишгоҳи тиббии Шинҷон (Чин) баромад намуд. Зимни баромад иброз дошта шуд, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аввали солҳои соҳибистиқлолӣ ба роҳ монда шуд ва дар татбиқи Стратегияи миллии рушд ва афзалиятҳои асосии он имруз Ҷумҳурии мардумии Чин нақши назаррас дорад. Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бошад, аз аввали таъсисёбии худ ҳамкориҳои судмандро бо Донишгоҳи тиббии Шинҷон (Чин) ба роҳ мондааст.
Чунин ҳамкорищои судманд дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи маориф ва нигаҳдории тандурустӣ ва рушди таҳсилоти рақамии тиббӣ як такони нав мебахшанд.
Шуъбаи робита байналмилалӣ.