Санаи 26-уми октябри соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷаласаи Шурои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳайати меҳмонон нахуст намоиши дастовардҳои устодону донишҷӯёни донишгоҳро тамошо намуда, ҳамзамон, аз синфхонаҳои намунавии “Анатомияи нормалӣ”, Физиологиия нормалӣ” ва “Гистология”, китобхонаи донишгоҳ, китобхонаи электронӣ ва Маркази омӯзиши симулятсионӣ дидан намуданд. Дар синфхонаи таълимии МОС донишҷӯёни фаъол ва аъзои маҳфилҳои илмӣ корҳои амалиро муаррифӣ ва пешниҳоди меҳмонон намуданд.
Сипас дар толори Шурои олимони донишгоҳ таҳти раёсати муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода ва Раиси Шурои ректорон Маҳмадшоҳ Гулзода ҷаласаи навбатии Шурои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, дар он аъзои Шуро - ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Оид ба масъалаи якуми рӯзнома “Вазъи табодули академии омӯзгорону донишҷӯён Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар” директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ҷалилзода Абдурашид Абдукамол баромад намуд.
Масъалаи дуюм ба “Нақши Маркази омӯзиши симулятсионӣ дар баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисони соҳаи тиб дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон” бахшида шуда, оид ба масъалаи мазкур ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Қурбон Убайдулло Абудлло маълумотро пешниҳод намуд.
Дар масъалаҳои ҷорӣ 5 масъалаи асосӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Муҳаммадтоир Саид вобаста ба “Вазъи амалишавии барномаҳои таҳсилотӣ дар доираи иҷозатнома ҷиҳати фаъолияти таълимӣ” ибрози андеша намуд.
Дар идома масъала ҳои “Тартиби омода намудани дипломҳои намунаи давлатӣ бо назардошти талаботи ҳуҷҷатгузории муосир”, “Амалисозии низоми таҳсилоти дуалӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ”, “Дипломи аъло дар низоми таҳсилоти кредитӣ” ва “Сатҳи омода намудани омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва қаноатмандии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” аз ҷониби Раиси Шурои ректорон Маҳмадшоҳ Гулзода мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Хабарнигори сомона.