Вохӯриро муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг н.и.ф., дотсент Қурбонмамадов С.Х. ифтитоҳ намуда, бо оғози соли нави таҳсили 2024-2025, ҳамзамон, фарорасии 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бузургтарин ва нодиртарин дастоварди миллати тоҷик ба шумор меравад, ҳозиринро табрику шодбошӣ намуд.
Сипас мақсади баргузории чунин суҳбату вохӯриҳо ба донишҷӯён фаҳмонида шуд.
Декани факултет, н.и.т. Холзода Ш.И. зимни баромади худ ба масъалаҳои таълиму тарбия, масъулиятшиносӣ ва саҳмгузорӣ дар рушду нумуи кишвар, ахлоқи ҳамида ва дониши ба талаботи замон ҷавобгӯ, риояи низомнома ва уҳдадориҳои донишҷӯӣ, иштироки фаъол ба дарсҳо ва аз худ намудани нозукиҳои илми тиб, риояи либоси тавсиявӣ ва одоби муошират, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳаракатҳои номатлуб ва гуруҳҳои террористиву экстремистӣ сухан намуд. Қайд карда шуд, ки чунин имконияту шароитҳои мусоиди таълиму тарбияро мақсаднок истифода намуда, дар оянда табибони ҳозиқу дармонбахши воқеии дарди маризон ба камол бирасед.
Дар идома муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг н.и.ф., дотсент Қурбонмамадов С.Х. вобаста ба масъалаҳои баррасигардида ибрози андеша намуда, қайд намуд, ки ҳар яки шумо донишҷӯён бояд талабот ва низомномаи донишгоҳро ба пуррагӣ риоя намоед ва барои баланд бардоштани сифати азхудкунии фанҳо ва тарбияи маънавӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва ҳисси ватанпарастии худ саъю талоши беш аз пеш намоед.
Хабарнигори сомона.