Санаи 5-уми сентябри соли 2024 дар толори фарҳангии донишгоҳ ҷаласаи курсӣ бо донишҷӯёни курси чор, панҷ ва шашуми факултети тиббӣ, педитарӣ ва курси чору панҷуми факултети стоматологӣ баргузор гардид, ки зиёда аз 1100 нафар донишҷӯёнро ташкил медод.
Мақсад аз баргузории ҷаласаи курсӣ тақвият бахшидани кори таълиму тарбия, беш аз пеш аз худ намудани донишҳои тиббӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, бо дарки масъулият ҳозир шудан ба машғулиятҳо, риояи низомнома ва қоидаҳои дохилидонишгоҳӣ, пешгирӣ аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуб ва шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, дурӣ ҷустан аз гуруҳҳои терроризтиву экстремистӣ, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, риояи сару либоси тавсиявӣ ва худдорӣ аз бегонапарастӣ, тақвият бахшидани худогоҳиву худшиносии миллӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба таълиму тарбияи донишҷӯён мебошад.
Декани факултетҳо, н.и.т. Холзода Ш.И. дар сухани ифтитоҳӣ бо оғози соли нави таҳсил донишҷӯёнро таҳният гуфта, вобаста ба масъалаҳои зикршуда бо донишҷӯён суҳбати озод намуд. Масъулиятнок будани табибро аз муҳимтарин хислатҳои ҳамида ҳисобида, чун ворисони ҳақиқии Абуалӣ ибни Сино ба камол расидани донишҷӯёнро таъкид намуд.
Дар навбати худ донишҷӯён ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифта, риояи пурраи талаботу низомномаи донишгоҳ, иҷрои уҳдадорӣ ва вазифаи донишҷӯиро қайд намуданд.
Хабарнигори сомона.