Аз санаи 16-ум то 23-юми майи соли 2024 тибқи фармоиши Директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода М.С. санҷиши сатҳи сифати таҳсилот дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон” баргузор гардид.
Ҳайати комиссияи санҷишӣ бо роҳбарии Раиси комиссия Олимзода Шоҳин – сардори шуъбаи баҳодиҳӣ ва мониторинги сифати таҳсилот дар ин муддат фаъолияти донишгоҳ, сатҳу сифати таҳсилотро мавриди санҷиш қарор доданд.
Санаи 21-уми июни соли 2024 натиҷаи санҷиши сатҳи сифати таҳсилот дар донишгоҳ аз ҷониби Раиси комиссия Олимзода Ш. – сардори шуъбаи баҳодиҳӣ ва мониторинги сифати таҳсилот, бо иштироки аъзои Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорон баррасӣ карда шуд.
Раиси комиссия Олимзода Ш. муваффақият ва дастовардҳои донишгоҳ, таъминнокии кадрҳо, иштирок дар олимпиадаю конфронсҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, нақша ва барномаҳои таълимӣ, технологияи ҳозиразамони таълимӣ, сифати таълим дар давоми ду соли охир, давомоти донишҷӯён ба дарсҳо ва дигар паҳлуҳои фаъолияти донишгоҳро баррасӣ намуда, ҳамзамон, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷузъӣ, ки дар рафти санҷиш ба мушоҳида расида будаанд, тавсияҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Раёсати донишгоҳ пешниҳод намуд.
Дар маҷмуъ, сатҳи сифати таҳсилот дар донишгоҳ аз ҷониби комиссияи санҷишӣ қаноатбахш арзёбӣ карда шуд.
Муовинати таълим.