Санаи 22-юми июни соли 2024 сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷеш Уике ва котиби якуми сафорат ҷаноби Ниши Кишор Синҳа ба Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ташриф оварданд. Роҳбарият ва аъзои Раёсати донишгоҳ меҳмононро пазироӣ намуда, нахуст бо имкониятҳои мавҷудаи донишгоҳ, шароитҳои муосири таълим, таҷҳизотҳои замонавии тиббӣ барои омӯзиш ва азхудкунии нозукиҳои илми тиб, ҳамзамон, толору синфхонаҳои барҳаво ва бо маркази омӯзиши стимулятсионӣ меҳмононро шинос намуданд.
Сипас, Ректори ДДТХ, доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷеш Уике ва котиби якуми сафорат ҷаноби Ниши Кишор Синҳаро ба ҳузур пазируфта, аз ташрифи меҳмонон ба донишгоҳ изҳори хушнудӣ намуд.
Дар навбати худ сафири тозаинтихоби Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон ҷаноби Раҷеш Уике барои пазироии гарму истиқболи самимӣ ба роҳбарияти донишгоҳ изҳори сипос намуд. Инчунин, дар идомаи суҳбат аз ҳамкориҳои тарафайн, муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Ҳиндустон, аз донишгоҳҳоии тиббии Ҳиндустон, табодули таҷриба ва такмили ихтисоси ҲПО, ҷалб намудани донишҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла аз Ҷумҳурии Ҳиндустон ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ бо донишгоҳҳо ва ташкилотҳои пешқадами Ҷумҳурии Ҳиндустон дар самти илм, маориф ва тандурустӣ сухан намуд.
Дар фарҷоми суҳбат сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷеш Уике таклифу пешниҳодҳо ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи илму маориф ва тандурустиро саривақтӣ ҳисобида, омода будани Ҷумҳурии Ҳиндустон барои ҳамкориҳои судманд, бахусус, дар соҳаи тандурустиро изҳор намуд.
Шуъбаи равобити байналмилалӣ.